3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор

Усули SWOT – таҳлил.

Намудҳои махсуси усули гуногуни коршиносон, ки бештар дар фаъолияти банақшагирии стратегии корхонаҳо шуҳратёфта ба ҳисоб меравад, усули SWOT – таҳлил мебошад. Ҳанӯз соли 1963 мафҳуми SWOT аввалин маротиба дар ҷомеа аз тарафи профессор Кеннет Эндрюс дар конфронси донишгоҳи Гарвард бахшида ба масъалаи бизнес-сиёсат қайд гардидааст. SWOT – таҳлил барои ҷараёни банақшагирии стратегии фаъолияти корхонаҳо истифода мегардад. SWOT – таҳлил воситаи беҳамто мебошад, ки таҳлилгарони тамоми чаҳонӣ барои фаъолияти кори зеҳнӣ истифода менамоянд. Нишондиҳандаҳои гуногуни далелҳо, танқидҳо, фаҳмиш дар бораи фаъолияти ширкатҳо, маҳсулоти онҳо, харидорон ва фурӯшандагони онҳо SWOT – таҳлил созиши мантиқиро ба таҳлилгарон дар асоси чор омилҳои асосӣ пешниҳод менамояд: қудратнокӣ, заифӣ (дохилӣ, ки зери таъсири ширкат қарор доранд), имкониятҳо ва таҳдидҳо (беруна, ки аз муҳит вобастагӣ доранд).

Калимаи мухтасаршудаи SWOT аз ҳарфҳои аввали калимаҳои англисӣ гирифта шуда, чор категорияи фаҳмиширо маънидод менамояд:

1) Strengths (ҷанбаҳои қудратнокӣ) – бартарияти ташкилот;

2) Weaknesses (ҷанбаҳои заифӣ) – норасоии ташкилот;

3) Opportunities (имкониятҳо) – омилҳои муҳити беруна, ки ба ташкилот бартарият медиҳанд;

4) Threats (таҳдидҳо) – омилҳое, ки иқтидоран мавқеи ширкатро дар бозор карда метавонанд.

Ҳамин тавр, калимаҳои S ва W ин ҳолати ташкилот ва мувофиқан O ва T муҳити берунаи ташкилот маънидод мегарданд. Дар натиҷаи SWOT – таҳлил метавон таҳлил намуд, ки оё ташкилот дорои қувваи дохилӣ ва захираҳои мавҷудбуда бо имконияти амалишавии он ҳаст, то чӣ андоза ташкилот ба таҳдидҳои беруна истодагарӣ карда метавонад. Маҳз, ин намуди таҳлил имконияти муайян намудани норасогии дохилӣ ва бартараф кардани онҳоро медиҳад.


SWOT – таҳлил дар се ҳолат гузаронида мешавад:

1) Ҳамчун ҷузъи стратегияи дилхоҳ ташкилот. Дар чунин ҳолат SWOT – таҳлил барои таҳлили бозори маҳсулот ва хизматрасонӣ истифода мегардад, ки аз тарафи ташкилот дар доираи банақшагирии дарозмӯҳлат ба роҳ монда шудааст;

2) Ҳамчун қисми дилхоҳ бизнес-нақшаи рушди дилхоҳ ташкилот. Дар ин ҷода бештар рушди хизматрасониҳои мушаххас барои самаранокӣ истифода мегардад;

3) Дар доираи таҳқиқоти маркетингӣ, муайян намудани мавқеи ташкилот дар бозор.