3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор
3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор
Заминаи асосии усули миқдории қабули қарор бо роҳи илмӣ-таҷрибавӣ вобаста мебошад, ки интихоби қабули қарори муносибро тавассути коркарди иттилооти барзиёд (бо кӯмаки компютерҳои электронӣ) пешбинӣ менамояд.
Дар мувофиқа бо намудҳои вазифаҳои математикӣ чунин заминаҳои усули миқдориро аз ҳам ҷудо менамоянд:
- моделсозии хаттӣ – хаттҳои вобастагӣ истифода мегарданд.
Ин истилоҳ дар охири солҳои 30-юми асри ХХ, ҳангоме, ки барномаҳои таъминотии кимпютерӣ ба чунин сатҳ тараққӣ наёфта буданд, пайдо гардидааст. Зери мафҳуми барномасозии хаттӣ, банақшагирии хаттӣ фаҳмида мешавад, яъне ба даст овардани нақша-қарори муносиб дар вазифаи сохтори хаттӣ мебошад. Оддатан онро мутахассисони ситоди зерсохторҳо барои бартараф намудани мушкилотҳои истеҳсолӣ истифода менамоянд. Мисолҳои намунавии истифодаи модели барномасозии хаттӣ чунинанд:
- нақшаи истеҳсолоти калонҳаҷм (сохтани графики истеҳсолот, ки хароҷоти умумиро бо дарназардошти тағийри меъёри фоиз кам мекунад);
- банақшагирии гуногунрангӣ (ассортимент)-и маҳсулот (муайянкунии сохтори муносиби истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрока барои шахс);
- ба низом даровардани истеҳсолоти маҳсулот (муайянкунии масири мувофиқи технологии истеҳсолот маҳсулот);
- танзими захираҳо (муайянкунии амалишавии лоиҳаҳои муносиб дар анбор);
- банақшагирии тақвимии истеҳсолот (сохтани нақшаи тақвимӣ, ки хороҷотҳоро бо дарназардошти нигоҳдории захираҳо, пардохти маблағи кори изофагӣ ва фармоишҳои гирифташуда кам менамояд);
- банақшагирии тақсимбандии маҳсулот ва ғайраҳо.
- барномасозии динамикӣ – имконияти дохил намудани тағийротҳои иловагиро ба ҷараёни қабули қарор фароҳам месозад.
Бар асоси усули мазкур ақидаи дида баромадани вазифа, ҳамчун намояндаи вазифаҳои як оила гузошта шудааст. Барномасозии динамикӣ бо ҷараёни қабули қарори бисёрқадама (бисёрдаврагӣ) алоқаманд мебошад. Илова бар ин, зери мафҳуми ҷараёни қабули қарори бисёрқадама, қарорҳои баъдина, ки ба самти ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳо равона гардидааст, фаҳмида мешавад.
- моделҳои эҳтимолӣ ва оморӣ – дар усули назарияи хизматрасониҳои бисёрҳаҷм амалӣ мегардад;
Пойгоҳи асосӣ, модели эҳтимолии воқеияти пайдоиш ва ҷараён мебошад, яъне модели метаматикӣ, ки фарқиятҳои объективӣ дар истилоҳҳои назарияи эҳтимолият инъикос гардидаанд. Эҳтимолиятҳо пеш аз ҳама барои тавсифи номуайянӣ истифода мегарданд, ки ҳангоми қабули қарорҳои мушаххас ба ҳисоб гирифтани онҳо зарур мебошад. Инҷо аслан имкониятҳои некхоҳона (таввакал) ва ҷалбкунанда (ҳолатҳои хушбахтӣ) дар назар дошта мешавад. Баъзан тасодуфи ба ҳолат мувофиқ ба вуқуъ мепайвандад. Мисол, ҳангоми қуръапартоӣ, тасодуфан интихоби воҳидӣ барои назорат, гузаронидани лоторея ва раъйпурсии истеъмолкунандагон. Назарияи эҳтимолият имконият медиҳад, ки эҳтимолан дигар нишондиҳандаҳо, ки диққати таҳқиқотчиро ҷалб намудааст, ба ҳисоб гирифта шавад.
- назарияи бозӣ – моделсозии чунин ҳолатҳо қабули қарорҳоро, ки бояд номувофиқатии манфиатҳои гуногуни сохторҳоро ба назар гирад, дар назар дорад.
Назарияи бозӣ, назарияи математикии ҳолати муноқишаҳо мебошад, ки бо кӯмаки онҳо метавон тавсияҳои самарабахшро оид ба фаъолияти муноқишаҳои иштирокчиён коркард намуд. Барои он, ки таҳлили математикии ҳолат бе ҳисоби омилҳои дуюмдараҷа имкон дошта бошад, модели ҳолати тасҳил ва тарҳкардашуда, ки ба худ номи бозиро гирифтааст, бунёд мегардад. Бозӣ аз рӯи қоидаҳо, ки низоми шароитҳо ва имкониятҳои варианти тартиби фаъолияти бозингаронро муайян менамояд, гузаронида мешавад, яъне андозаи ахбороти ҳар кадоми тарафҳо дар бораи рафтори дигарон - натиҷаи бозӣ, ки маҷмӯи роҳҳоро фаро мегирад, ба он оварда мерасонад.
Натиҷаи бозӣ (бурд ва бохт) умуман на ҳама вақт инъикоскунандаи миқдорӣ мебошад, аммо лоақал шартан мафҳуми миқдории онро баён кардан мумкин аст.
- модели тақлидӣ – имконияти тафтиши амалишавии қарорҳои таҷрибавӣ ва муайянсозии талабот ба онҳо мебошад.
Модели тақлидӣ - усули дастгоҳии моделсозӣ бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ мебошад, ки ба пайдоиши чунин намуди моделсозии компютери оварда расонид. Дар муайянкунии ин категория инчунин таваҷҷуҳи зиёд ба таҷрибагузаронии тақлидии табиӣ ва истифодаи усули таҳқиқотии тақлидӣ (таҷрибагузаронӣ бо модел амалӣ мегардад) дода мешавад. Дар модели тақлидӣ нақши калидиро на танҳо гузаронидани таҷриба, балки банақшагирии таҷриба нисбат ба модел мебозад.