Кейсҳо
Шумо роҳбари иҷрокунандаи ширкати бузург бо хайати зиёди кормандони бандбуда ҳастед. Нохост (яъне дар асл ҳолати форс-мажор рӯх медиҳад, ки шумо онро пешгӯӣ карда наметавонистед) Шумо ахборот мегиред, ки эҳтимолан 3 тағйирот ба фаъолити кории кормандонатон баъд аз 3 моҳ ворид карда мешавад:
- андозаи корӣ то ба се қисм кам карда мешавад;
- андозаи корӣ чун пештара мемонад;
- андозаи корӣ то ба 1,5 маротиба бештар мегардад.
Дигаргуншавии шумораи кормандон ба калавишҳои мувофиқи буҷети корхона оварда мерасонад ва мувофиқан ба миқдорӣ кормандон низ таъсир мерасонад. Бозори меҳнат барои кормандони чунин соҳа ба таври кифоягӣ пур шудааст ва корхонаҳои ба ин монанд, инчунин миқдори кормандонашонро кам карда истодаанд.
Савол: Оё Шумо кормандонатонро бо ин ахбор омода месозед ва бо кадом роҳ анҷом медиҳед?
Таҳлил: Мебоист, ки ба кормандон ин ахборро гап занед? Инҷо Шумо ҳалл менамоед. Аммо дақиқан бояд донист, ки ин ахборот паҳн мегардад.
Холат аз ҳаёт. Менеҷерони ҳайати гурӯҳро директори корхона ҷамъ мекунад ва мегӯяд: «Ҳамкорон ширкат дар нақша дорад, ки 10% кормандонро дар моҳи сентябр кам намояд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар ин бора ба кормандон ҳарф назанед». Баъди ним соат яке аз менеҷерон ба ошхона медарояд ва он ҷо кормандон истодаанд. Якум саволе, ки ба он аз тарафи кормандон дода мешавад ин аст: «Оё дуруст аст, ки дар моҳи сентябр 10%-и кормандони ширкатро кам мекунанд»?
Ҳолатҳое мешаванд, ки дар ширкатҳо ахбороти хусусияти махфидоштаро ба кормандон хабар мерасонанд. Ахборот паҳн карда мешавад. Касе бо касе дар як гуруҳ хондааст, касе бо касе умуман муносибати дустӣ доранд ё бо дигар сабабҳо бо ҳам наздиканд ва ба ин ҳолат бояд омода бошем. Бояд донист, ки чӣ ва ба кӣ чизеро шумо расонед.
Ба кормандон чӣ гуфтан лозим аст? Биёед якбора дар бораи ба кӣ ва дар бораи чӣ гуфтан лозим аст, ҳарф мезанем. Дар ҷаласаи умумӣ Шумо метавонед дар бораи ҳолат омада рост, озод ва шаффоф ҳарф занед. Ба саволҳо ҷавоб диҳед. Баъди он ҳатман бояд кори инфиродӣ шурӯъ гардад, яъне бо ҳар кадом дар алоҳидагӣ вохӯрдан лозим аст.
Чӣ гуна мақсадҳо доред?
Аз эҳтимолияти рушд ёфтани ҳолати бад кормандони хуб метавонанд, аз кор раванд. Новобаста аз ҳолати кейс, дар бозори меҳнат барои ин мутахассисон дар шаҳр кор пайдо мегардад, яъне мутахассисони хуб доимо кор меёбанд. Аз ин рӯ, мақсади Шумо нигоҳ доштани кормандони калидӣ мебошад. Мувофиқан, вазифаи Шумо дар вохӯриҳои инфиродӣ огоҳ кардани онҳо дар бораи он, ки онҳоро бо назардошти ягон ҳолати ба амаломада аз кор намеронанд.
Аз эҳтимолияти 1,5 маротиба ҷойи кор ба муддати ду моҳ то 12 соатӣ кор кардан дар як рӯз мутахассисон низ метавонанд аз кор раванд. Аммо, агар ба мутахассисон моҳияти барзиёдатӣ кор карданро ба муддати ду моҳ фаҳмонед, онҳо мефаҳманд. Фикр кунед, ки онҳо дар натиҷа хеле хаста мегарданд ва метавонанд ба нофахмиҳо ва муаммоҳо дар оилаҳояшон рӯ ба рӯ гарданд. Инро дар вохӯриҳои инфиродӣ низ фаҳмондан лозим аст.
Ба роҳбар чӣ гуфтан лозим? Инҷо бояд дарк намуд, ки кам кардан ва васеъкунӣ ин мустақиман калавишҳои буҷет мебошанд. Ҳамаи он чизҳое, ки Шумо метавонед анҷом диҳед, ҳамбастагӣ бо роҳбар барои бартараф кардани калавишҳои характери манфидошта нисбат ба гурӯҳи Шумо ва равона кардани онҳо ба гурӯҳи дигар мебошад. Тарафҳои мусбиро баръакс дучанд ба роҳбар нишон додан мумкин аст. Мувофиқан коре, ки бояд бо роҳбар гузаронида шавад, чунин мебошад:
Тавсифи коре, ки то кадом андоза агар Шумо кормандони иловагӣ медоштед, корро хубтар иҷро мекардед. Аз ибораҳои «ба мо захира намерасад» дур шавед. Роҳбар набояд тасаввурот пайдо кунад, ки Шумо аз ӯҳдаи кор намебароед ва ҳамаи норасоиро ба нарасидани захира сабаб менамоед. Тасаввурот бояд чунин бошад: кори Шумо ҳамааш хуб аст, Шумо қаҳрамонона аз ӯҳдаи кори ба зиммаатон гузошташуда мебароед, аммо агар ба Шумо кормандони иловагӣ диҳанд, Шумо бояд нишон диҳед, ки ба бисёр корҳо муваффақ мегардед.
Расонидани хабарҳои хуши кормандонатон: «Гӯш кун, имрӯз корманди ман чуноне кор кард, ки ногуфтанӣ…». Беҳтар мешуд, ки инро дар ҳолати ғайрирасмӣ иҷро менамуд, мисол ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ. Дар акидаи роҳбар бояд чунон фаҳмише оид ба фаъолияти гурӯҳи кории шумо пайдо гардад, ки гӯё Шумо мутахассиси кори худатон ҳастед ва ба ғайр аз ин: ба роҳбарият оид ба кормандони худатон шикоят накунед. Дар баъзе ҳолатҳо агар ягон нафар аз кормандони Шумо ба камбуди роҳ диҳад, пас хоҳиши гуфтани ин ҳолатро ба касе дар ақидаи Шумо пайдо мегардад, мисол ба роҳбар. Албатта, он роҳбар ҳолати мазкурро мефаҳмад, аммо ин ҳолатро ягон вақт ёдовар мекунад.
Оё гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи ин нуктаҳо, он чизеро, ки гурӯҳи кормандони Шумо кор намекунад ва натиҷа намедиҳад, барҳам намедиҳад?