3.2. Усулҳои таҳлилии қабули қарор

Усули таҳлилӣ аз истифодаи модели математикӣ ё вобастагиҳои логистикӣ дар намуди формула, график, ҷадвал, мақола, ҳуҷчатҳои муайяншуда ва санадҳои ҳуқуқӣ сарчашма мегирад. Яъне ба сифати онҳо чунин намуди ахборот истифода мегардад, ки дар асоси он метавон интихоби муайяни қарор ва коркарди қоида ва дастурамали амалисозии онро истифода намуд. Асос барои коркард ҳолате хизмат менамояд, ки дар ҳуҷчатҳои расмӣ нишон дода шудааст ва ҳолати воқеиро инъикос менамояд.

Усули таҳлилӣ дар он ҳолатҳо истифода мегардад, ки агар ҳолати муаммо зери таъсири он вогузор бошад. Фарз мекунем, ки агар қонунвайронкунии баҳисобгрии бухгалтерӣ муайян карда шуда бошад, пас ҷалби аудиторон барои гузаронидани тафтишот зарур аст.

Э.А. Смирнов чунин шароитҳои усули мазкурро муайян намудааст: 1

- ҳайати номаҳдуди кормандони ташкилот ё сохторҳои он;

- муҳлати номаҳдуди коркарди қарори идоракунӣ;

- боварии баланд ва самаранокии математикӣ ё вобастагии логистикӣ, инчунин боварии зиёд ба онҳо аз тарафи роҳбар;

- омодасозӣ ва амалисозии қарорҳои оддӣ.

Усули омории коркарди қарорҳои идоракунӣ.

Усули оморӣ ба сифати модели коркарди ахборот истифодаи таҷрибаи муваффақи ягон намуди ташкилотро дар назар дорад. Усули мазкур дар сатҳи коркард ва пешниҳод аз рӯи амал ва таҷрибаи таҳлил дар намудҳои гуногун (мисол, нашриётҳои электронӣ, мусоҳиба бо роҳбари ташкилот ва дигарон) истифода мегардад. Конфронсҳо ва ҷамъомадҳои расмӣ, инчунин моҳиқапӣ, ҳамом, шикор ва дигар намуди истироҳат (ҷамъомадҳои ғайрирасмӣ) муҳити махсус барои мубодилаи донишҳои коршиносон дар соҳаи умумии идоракунӣ ва бахусус коркарди қарорҳо муҳайё месозанд.

Усули математикии қабули қарори барномавӣ.

Усули математикии барномавӣ аз миёни усулҳои таҳлилӣ ҳамчун мустақил бо назардошти аҳамияти он дар коркарди асосноккунӣ барои қарорҳои стратегӣ ҷудо карда шудааст.

Он ба худ низоми формула ва қоидаҳои ҳисобро барои пайдо намудани шартҳои аввалия ва ниҳоӣ ҳангоми таҳлили ҷараёни иқтисодӣ гирифтааст, ки дар намуди низоми баробарӣ инъикос мегарданд.

Моҳияти усули мазкур дар барасмиятдарории ҷараёни таҳқиқот ва бунёди модели математикӣ дар намуди низоми баробарӣ ва нобаробарӣ таҷассум мегардад.

Хусусияти усули мазкур ба он алоқаманд мебошад, ки онро танҳо дар ҳолате истифода намудан мумкин аст, ки агар ҳолати муаммои расмӣ ҷой дошта бошад. Аммо ҳатто дар ин ҳолат ба усули мазкур нақши кӯмакрасон дода шудааст, яъне қабули қарор бо дарназардошти ҳисобҳое амалӣ мегардад, ки танҳо барои асосноккунии ин ё он интихоб кӯмак мерасонанд.

Усули матрисавии коркарди қарор.

Қабули қарор дар асоси усули матрисавӣ бо он оварда мерасонад, ки интихоб бо назардошти манфиатҳои ҳамаи тарафҳои манфиатовар амалӣ мегардад. Рад кардани қисме аз манфиатҳои худ имконият медиҳад, ки қарорҳои мухолифаткунанда қабул карда шавад ва ин ҳолат танҳо ҳангоми расидан ба созиш амалӣ мегардад. Қабули қарорҳои мухолифаткунанда, ки манфиатҳои дигаронро ба инобат намегирад, ба нофаҳмии муносибатҳои корӣ ва задухӯрдҳо оварда мерасонад. Роҳи беҳтари фаҳмиши фарқияти тарафҳо ин гузаронидани пурсишнома, мусоҳиба, реферум, дида баромадани ақидаҳои тарафҳо, хаттӣ, шикоятӣ, гузаронидани ҷаласаҳо, воҳуриҳои корӣ ва амсоли инҳо мебошад.

1 Смирнов Э.А. Управленческие решения. – М.: ИНФРА-М, 2001. С. 169.


Последнее изменение: Понедельник, 20 ноября 2017, 14:27