3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор

Усули баҳодиҳии таҷрибавӣ

Усули баҳодиҳии таҷрибавӣ (аз тарафи ширкати Рэнд Корпорейшн таҳия гардидааст) ба ҷалбсозии мутахассисони баландихтисос барои таҳияи қарорҳо оид ба проблемаҳои мушаххас равона гардидааст.

Коршиносоне, ки дар соҳаҳои гуногун, аммо бо ҳам алоқаманд таҷриба мегузаронанд, чунин намуди саволномаро оид ба проблемаҳои баррасишуда пур мекунанд ва ақидаҳои худро дар бораи он қайд менамоянд. Ҳар як коршинос баъдан ҷамъи ҷавобҳои дигар коршиносонро мегирад ва ба он таъкид менамоянд, ки пурсишномаашро аз сари нав дида барояд. Одатан чунин намуди тартиб се ё чор маротиба то ба фикри ягона омадани коршиносон такрор меёбад.

Ҳолати асосӣ номуайянии коршиносон мебошад, ки усули мазкур барои бартарафкунии мулоҳизаи гурӯҳ оид ба муаммоҳои ҷойдошта кӯмак мерасонад.

Дар умум, санҷиш ин ҷамъомади дарозмуддат ва гаронарзиш маҳсуб меёбад. Коршинос сатҳи номуайянии ҳолати муамморо паст (ояндабинии нишондиҳандаҳои баҳои номуайян) ё ягон варианти ҳалро пешниҳод менамояд, ки ин иқдом ба ташкилот даромади иловагиро (ё сарфаи воситаҳо) муҳайё месозад.

Намудҳои гуногуни усули баҳои коршиносон: усули комиссионӣ, усули судӣ ва сенариягӣ мавҷуд мебошад.