3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор

Усулҳои сифатӣ

Усулҳои сифатӣ, бунёди эҷодиёти муввақатии коллективиро (гурӯҳи мутахассисон, ки ба он роҳбарон ва иҷрокунандагон шомиланд) дар назар дорад, ки ба қабул ва амалисозии қарорҳои идоракунӣ банд мебошанд. Усулҳои нисбатан паҳнгардидаи сифатӣ - усули баҳодиҳии таҷрибавӣ, усули «ҳуҷуми зеҳнӣ», усули Делфӣ, таҳлили SWOT мебошад.