3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор
Усули Делфӣ
Усули
мазкур яке аз усулҳои асосӣ дар
гузаронидани санҷиш ба ҳисоб меравад
ва тағийротҳои гуногунро доро мебошад.
Усули мазкур ин номро аз забони юнонии
шаҳри Делфӣ ба худ касб кардааст. Дар
он шаҳр мухаққиқон, мутафакирон ва
олимони машҳур зиндагӣ мекарданд (олимон
дар теппаи Делфӣ ҷамъ мешуданд ва 3,5 ё
10 шабонарӯз ба як акидаи муайян меомаданд),
ки ояндаро пешгӯӣ мекарданд. Дар қиёс
аз роҳи анъанавии ноил гардидан ба
мувофиқатии фикри ягонаи коршиносон
тавассути муҳокимаи кушод, усули Делфӣ
радкунии пурраро аз муҳомикамории
коллективӣ пешбинӣ менамояд. Ин усул
бо мақсади кам кардани таъсири чунин
омилҳои психологӣ ба монанди ҳамроҳ
шудан ба ақидаи мутахассиси обрӯманд,
надоштани хоҳиш аз ибрози ақида дар
ҷомеа ва пайгирии ақидаи бисёриҳо
истифода мегардад. Дар усули Далфӣ барои
он коршиносе, ки истеъдоди баланди ба
худ ҷалб кардани дигаронро дорад ва
барои ба натиҷаи ниҳоӣ таъсир нарасондан
чораҳои махсус қабул мегарданд.
Музокираҳои
мустақим дар ин усул ба коркарди
барномаҳои пурсишномаҳои инфиродӣ
тағийр дода шудаанд, ки одатан дар намуди
пурсиш гузаронида мешаванд. Ҷавоби
коршиносон коркард карда мешаванд ва
якҷоя бо ахборотҳои иловагии нав ҷиҳати
баровардани қарор аз ҷонибикоршиносон
пешбинӣ мегарданд, баъдан коршиносон
ҷавобҳои ниҳоии худро муайян менамоянд.
Чунин тартиб якчанд маротиба то ба
омадани маҷмӯи ақидаҳои ягона такрор
меёбад.
Норасогии
усули Делфӣ дар гузаронидани вақти зиёд
таҷассум меёбад, ки барои такроран
гузаронидани миқдори санҷиш равона
мегардад: зарурати якчанд маротиба аз
назар гузаронидани ҷавобҳо аз тарафи
коршиносон мебошад
Санҷиш
аз рӯи усули Делфӣ одатан дар чор давр
гузаронида мешавад.
Дар
даври якум мақсади санҷиш ва дида
баромадани саволу ҷавобҳое, ки моҳияти
асосии санҷишро нишон медиҳад, ба
коршиносон иттилоъ дода мешавад. Саволҳо
ба коршинос дар намуди анкета ва баъзан
ҳолатҳо бо қайди фаҳмонидани мафҳумҳо
пешниҳод мегарданд. Ахбороте, ки аз
коршинос гирифта мешавад, ба гурӯҳи
корӣ пешниҳод мегардад.
Дар
даври дуюм ба коршиносон дар намуди
қоғазӣ баҳодиҳии миёна ба комиссияи
коршиносон ва асосноккунии коршиносон
бо ақидаи баҳодиҳии умумӣ пешниҳод
мегардад. Акидаҳо дар намуди номуайян
пешниҳод мегарданд. Баъди гирифтани
ахбороти иловагӣ коршиносон, чун қоида
баҳоҳои худро дуруст менамоянд. Ахбороти
дақиқ боз ба гурӯҳи таҳлилгарон пешниҳод
мегардад. Давраи сеюм ва чорум аз давраи
дуюм ягон фарқ надоранд, яъне дар чунин
намуд гузаронида мешаванд.
Хусусияти
тавсифкунандаи усули Делфӣ дар он
таҷассум мегардад, ки давра ба давра
баҳоҳои аниқ ҷамъ карда мешаванд ва дар
ниҳоят ба нуқтаи асосӣ омадан мумкин
аст. Дар баъзе ҳолатҳо ба як нуқтаи созиш
омада расидани коршиносон метавонад
аллакай дар давраи дуюм ё сеюм ба анҷом
расад. Баъзе санҷишҳо гузаронидани
давраи панҷум ва зиёда давраҳоро дар
бар мегирад. Агар дар муддати миқдори
муайяни давраҳо созиши ақидаи ягона ба
мақсади худ нарасад ва натиҷаи санҷиши
ниҳоӣ маълум нагардад, пас санҷиш манъ
карда мешавад ва муаммои мавҷудбуда
бартараф карданашуда боқӣ мемонад.