Кейсҳо

1. Мисоли шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ дар чорчӯбаи ҳукумати электронӣ – таҳияи низоми иттилоотии SMARTGov, ки мубодилаи иттилоотиро миёни идораҳои минтақавии ҳокимияти штати Андхра Прадеш (Ҳиндустон) ташкил менамояд.

Низом ба таъсиси муҳити иттилоотии электронии ягона ва ҷойҳои кории электронӣ, ки барои мушоҳидаи анбуҳҳои иттилоотӣ мусоидат менамоянд, равона карда шудааст.

Бо ин ҳадаф ҳукумати штати Андхра Прадеш бо ширкати Tata Consultancy Services (TCS) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар он ҳамкории шарикӣ бо тартиби 20:80 барои моликияти зеҳнӣ муқаррар гардид.

TCS (ширкати машваратии бузургтарини Ҳиндустон) барои фурӯши қарори қабулшуда дар дигар бозорҳо ҳуқуқ пайдо кард. Шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ширкат имкон фароҳам сохт, ки дар ҳаҷми пурра IT-қарори мураккабро таҳия намояд, ки моҳиятан низоми дохилии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мебошад ва фаъолияти амалиётии хизматчиёни давлатиро бо талаботи банақшагирии буҷетӣ алоқаманд месозад.

Ширкат бояд таҷрибаи хуро ба хизматчиёни давлатӣ таҳвил медод ва баҳри онҳо барои фаъолият намудан ба таври дигар омӯзиш мегузаронид. Бинобар ин, дар чорчӯбаи лоиҳа барои хизматчиён-роҳбарони калидии департаментҳо тренингҳо ташкил карда шуда буд. Бо ибораи дигар, дастгирии сиёсии татбиқи низом таъмин гардида буд. Ҳвамин тавр 483 барнома дар 3 намуд таҳия гардида буд: махсус барои департаментҳо, умумӣ ва калидӣ. Махсус гардонидани интерфейсҳо бо дарназардошти истифодабарандагони минбаъдаи низом ташкил карда шуда буд. Ҳукумати штат барои лоиҳа зиёда аз 4 млн долл. (асосан барои хариди таъминоти таҷҳизот), ширкати TCS бошад 1 млн долл. барои таҳияи таъминоти барномавӣ сарф намуд. Аз тарафи ҳукумат 300 тыс. долл. Барои хизматрасонии сесолаи зерсохтори дастгоҳ сарф карда мешавад.

2. Мисоли хизматрасониҳои электронӣхизматрасониҳо доир ба пур намудани эъломияи андозӣ (танҳо барои соҳибкорон). Масалан имконияти гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда ва пешниҳоди эъломияи андоз ба таври онлайн мавҷуд аст. Маъмуриятчигии андоз воқеан яке аз хизматрасониҳои аввалиндараҷа мебошад, ки мамлакатҳо дар режими онлайн дастрас менамоянд ва дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно нест. Бо пахш намудани тугмачаи мувофиқ дар портал, низом истифодабарандаро ба низомҳои иттилоотии махсусгардонидашуда сафарбар менамояд, ки онҳо аз тарафи мақомоти давлатии дахдор идора карда мешаванд. Дар ҳолати мо, чунин функсияро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

Аммо функсияи асосии портал пешниҳоди иттилоот мебошад. Барои табдилдиҳии он ба портале, ки дорои хизматрасониҳои интерактивӣ ва трансаксионӣ аст, таӯйироти зиёдеро дар бэк-офисҳои мақомоти дахлдори давлатӣ ворид намудан лозим аст. Қабл аз ҳама, мушаххассозии дархосткунандагон (истифодаи тартиби мушаххассозӣ, аз ҷумла имзои электронӣ)-ро амалӣ намудан лозим аст. Кадом шароитҳо/омилҳо ба ин раванд мусоидат карда метавонанд?


Last modified: Wednesday, 22 November 2017, 1:57 PM