5.4. Малакаи истифодаи ТИК аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва аҳолӣ

Фароҳамсозии малакаи хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи технологияҳои электронӣ. Бо мақсади таъмини сатҳи зарурии дараҷаи тахассуси хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ саъю кӯшиш ба ташаккули низоми миллии марказонидашудаи омодасозии кадрҳо равона карда шудаанд. Унсурҳои асосии низоми мазкур муайянсозии талаботи тахассусӣ ба категорияҳои гуногуни хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи истифодаи ТИК маҳсуб меёбад; баҳодиҳии малакаҳои тахассусии кормандони мақомти ичроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи татбиқи ТИК; барномаҳои омӯзишӣ дар соҳаи ТИК барои категорияҳои мухталифи хизматчиёни давлатӣ.

Дар баробари низоми баландбардории тахассус, ки хизматчиёни давлатӣ мегузаранд, самти афзалиятноки татбиқи ТИК таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Айни замон татбиқи таҳсилоти фосилавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи низоми маорифи мамлакат маҳсуб меёбад. Аммо дар низоми баландбардории тахассуси хизматчиёни давлатӣ таҳсилоти фосилавӣ ҳоло ба таври массавӣ паҳн нагардидааст.

Салоҳиятҳои аҳолӣ дар соҳаи ТИК. Бо мақсади тавсеаи имконоти дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар заминаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тадбирҳо ба самтҳои асосии зер равона карда шудаанд:

- Инкишофи ҳамаҷонибаи Интернет, баландбардории имкониятҳои дастрасӣ ба он;

- ба таври ҳатмӣ таъсис додани сомонаҳои ҳукумат ва тамоми вазорату муассисаҳои мамлакат дар Интерент, ки ба портали иттилоотии ягонаи ҳукуматӣ муттаҳид сохта мешаванд;

- инкишофи Интернет-смонаҳои муассисавие, ки имконияти ҷойгиркунии комил ва саривақтии иттилооти мувофиқро фароҳам месозанд;

- ташкили шабакаҳои компютерии дохилии вазорату идораҳо, пайвасткунии минбаъдаи онҳо ба шабакаи ягона баҳри ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронии (бидуни қоғаз) байниидоравӣ;

- таҳияи низоми ягонаи иттилоотӣ-маълумотии шаҳрвандон доир ба масоили хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамкории дуҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ.

Дар маҷмуъ, барои бомуваффақият ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар самти ҳукумати электронӣ зарур аст, ки имконоти татбиқи васеи ТИК аз ҷониби насли калонсоли аҳолии мамлакат таъмин гардад. Малакаи заминавии истифодаи компютер ва интернет бояд массавӣ гардад ва дар дурнамо салоҳиятҳои аҳолӣ дар соҳаи истифодаи ТИК зиёд кардла шавад. Дар ин самт, диққати асосӣ бояд ба гурӯҳи насли калонсол, омодасозӣ ва иштироки комили онҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ дода шавад.


Последнее изменение: Среда, 22 ноября 2017, 13:43