5.5. Мониторинги инкишофи ҳукумати электронӣ
Бояд қайд намуд, ки якчанд низомҳои мониторинг барои баҳодиҳии сатҳи инкишофи ҳукумати электронӣ мавҷуд мебошанд.
Шохиси инкишофи ҳукумати электронии СММ.
Маълумоти умумӣ. Ҳукумати электронӣ – воситаи самараноки беҳсозии хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва амалисозии рӯзнома дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад. Аммо то ҳанӯз на ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дастрасии аҳолиро ба технологияҳои нав ва инноватсияҳо таъмин карда метавонанд. Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ қодиранд, ки бахши хизматрасонӣ ба аҳолиро ба яке аз воситаҳои ноилгардӣ ба рушди устувор табдил диҳанд. Саъю кӯшишҳо доир ба баландбардории самаранокии хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз рӯи қоида бояд ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва дастрасии одамон ба технологияҳои иттилоотӣ-кммуникатсионии нав равона гарданд.
Шохиси инкишофи ҳукумати электронӣ (E-Government Development Index, EGDI) сатҳи омодагии мамлакатро дар самти амалисозӣ ва истифодаи хизматрасониҳои ҳукумати электронӣ нишон медиҳад.
Шохиси мазкур аз тарафи департаменти инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA, the United Nations Department of Economic and Social Affairs) бо даврияти як маротиба дар ду сол ҳисоб карда мешавад. EGDI‑2016 дар асоси 9 нишондиҳандаи омории соли 2014 ва маълумоти веб-мониторинги порталҳои мақомоти ҳокимият омода карда шудааст.
Мутобиқи методикаи ташаккули шохис, баҳодиҳии инкишофи ҳукумати электронӣ аз рӯи 3 субшохисҳо гузаронида мешавад: субшохиси инкишофи хизматрасониҳои давлатӣ тариқи онлайн (Online Service Index), субшохис зерсохтори телекоммуникатсионӣ (Telecommunication Infrastructure Index) ва субшохиси сармояи инсонӣ (Human Capital Component).
Рейтинг аз рӯи қиммати шохиси инкишофи ҳукумати электронӣ 193 мамлакатро фаро мегирад.
Дар соли 2016 Британияи кабир ҷойи аввалро ишғол намуд, ки ду сол қабл дар мавқеи 8-ум қарор дошт. Ҷумҳурии Корея, ки дар соли 2014 мавқеи пешбарандаро касб намуда буд, ба қатори сеюм фаромад. Инчунин дар ҷойҳои ишғолнамудаи якчанд мамлакатҳо, ки зинаҳои болоиро ишғол намуда буданд, тағйироти назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Ҳамин тавр, Ҷопон аз ҷойи 6-ум ба 11-ум (-5), Фаронса аз 4-ум ба 10-ум (-6), Шветсия аз 14-ум ба 6-ум (+8) ва Дания аз 16-ум ба 9-ум (+7) мавқеъ иваз намуданд.
Чунин тағйирот дар рейтинг на танҳо бо сатҳи инкишофи ҳукумати электронӣ, зерсохтори ТИК ва сармояи инсонии мамлакатҳо, балки бо мавҷуд набудани қимматҳои аз нав ҳисобшудаи шохис барои давраи гузашта дар заминаи пойгоҳи маълумоти омории мубрами байналмилалӣ алоқаманд аст.
Камбизоатӣ ва нобаробарӣ – омилҳои асосии боздоранда ва садди роҳ дар самти идоракунии электронӣ мебошанд. Имрӯз, бидуни дастрасӣ ба Интернет ё интернети моблиӣ, миллионҳо одамон ҳоло ҳам соатҳо дар навбат меистанд, аз ҷумла барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ.
Дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар соли 2016 мамлакати мо мавқеи 139-умро дар рейтинг ишғол намуд (қиммати шохис – 0.3366) ва дар давраи баррасишаванда 10 мавқеъро аз даст дод (мавқеи 129-ум дар соли 2014).
Қиммати субиндекси инкишофи хизматрасониҳои давлатии онлайн барои давраи 2014-2016 тақрибан ду маротиба зиёд шуд – аз 0.0630 то 0.1232.
Субиндекси зерсохтори телекоммуникатсия новобаста аз зиёдшавии назарраси ҳиссаи истифодабарандагони интернет ва сатҳи паҳнгардии дастрасии мобилӣ нисбат ба соли 2014 ба андоҳаи 19,1% паст гардид.
Нишондиҳандаҳои субиндекси сармояи инсонӣ андаке тағйир ёфта, қимматт он 3,4% кам гардид.
Мониторинги ҳукумати кушода ва маълумотҳои дастрас
Мақсади стратегӣ дар баландбардории шаффофият ва кушодагии фаъолияти мақомоти давлатӣ,баландбардории сатҳи мутобиқат ба меъёрҳои қиёсии байнимамлакатӣ ифода меёбад.
Барои ноил гардидан ба мақсади стратегӣ дар назар аст, ки зермақсадҳои зер амалӣ карда шаванд:
- беҳсозии сифати омодасози ва интишори маълумоти кушодаву дастрас;
- ҳаввасмандкунии рушди шумораи ширкатҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки иттилооти дар шакли маълумоти кушода ҷойгиркардашударо истифода менамоянд;
- инкишофи бозори маводҳо ва хизматрасониҳо, ки дар заминаи иттилооти дар шакли маълумоти кушода ҷойгиркардашуда таҳия карда шудаанд;
- таъмини робитаи семантикии маълумоти кушода.
Аз рӯи қоида, барои баҳодиҳии пешравиҳо доир ба маълумоти кушода шохиси кушодагӣ ҳисоб карда мешавад ва он нишондиҳандаи интегралӣ буда, дар асоси нишондиҳандаҳои зер ҳисоб карда мешавад:
1) нишондиҳандаҳои инкишофи механизмҳо (воситаҳо) –и кушодагӣ;
2) нишондиҳандаҳои натиҷагирии татбиқи механизмҳо (воситаҳо) –и кушодагӣ;
3) нишондиҳандаҳои арзишӣ (манфиатнок) –и истифодаи механизмҳо (воситаҳо) –и кушодагӣ;
4) нишондиҳандаҳои самаранокии истифодаи механизмҳо (воситаҳо) –и кушодагӣ.
Ҳангоми ҳисобкунии шохиси кушодагӣ натиҷаҳои мониторингҳои расмиро ба инобат гирифтан мумкин аст, ки аз рӯи механизмҳо (воситаҳо)-и алоҳидаи кушодагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешаванд. Дар ин маврид, натиҷаҳои мониторингҳои мустақили ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ истифода шуда метавонанд.
Мониторинги кушодагӣ аз рӯи ҳар як механизмҳо (воситаҳо)-и кушодагӣ гузаронида мешавад:
1) ҳамкорӣ бо шӯрои ҷамъиятии амалкунанда дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
2) кор бо гурӯҳҳои референтӣ, экспертӣ ва мақомоти машваратии ҳокимияти иҷроия;
3) ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
4) кор бо муроҷиати шаҳрвандон;
5) деклоратсиякунонӣ;
6) таҳтулҳисоботӣ будани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
7) ташхиси мустақили зиддикоррупсионӣ ва мониторинги ҷамъиятии татбиқи ҳуқуқ;
8) сомони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
9) «ҳокимияти ошкоро» (аз ҷумла иттилоотонӣ ва машваратдиҳӣ доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
10) маълумоти давлатии кушода.
Даврияти гузаронидани мониторинги кушодагӣ — аз рӯи қоида на камтар аз як маротиба дар давоми сол. Ҳоло чунин варианти мониторинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида намешавад, аммо раванди ташаккули механизмҳои баҳодиҳии кушодагӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ амалӣ шуда истодааст.
Низоми ҷории мониторинги инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ ва аз ҷумла инкишофи ҳукумати электронӣ ба мушоҳидагарон имкон фароҳам намесозад, ки равишҳо ва тамоюлҳои навро дар чорчӯбаи ҳукумати электронӣ баҳо диҳанд.
Аксар нишондиҳандаҳои андозагирӣ, махсусан он нишондиҳандаҳое, ки ба баҳодиҳии сатҳи омодагии электронии мамлакат, минтақаҳо ё соҳаҳои алоҳида васеъ истифода намегарданд.
Зарур аст, ки барои мамлакат низоми мониторинги истифодаи ТИК барои идоракунии давлатӣ таъсис дода шавад.
Ҳамин тавр, афзалиятҳо доир ба ТИК ва ҳукумати электронӣ дар дурнамои кӯтоҳмуддат чунин мебошад:
пешбарии принсипи «ҳукумати комил», яъне вақте ки мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандон ва бизнес ҳамчун ягонагии комил хизмат мерасонанд;
камсозии хароҷоти транзаксионӣ ва зарурати робитаи воқеии дархосткунанда бо мақомоте, ки хизматрасониро бар дӯш дорад;
баландбардории шаффофият ва кушодагии мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сифат ва истифодаи воқеии маълумотҳои давлатии кушода;
инкишофи шаклҳои фаъоли иштироки электронии шаҳрвандон дар равандҳои таҳияи сиёсат ва қабули қарорҳо;
тавсеаи дастрасии хизматрасониҳои электронӣ барои қишри аҳолии ниёзманд.