5.3. Низоми идоракунии инкишофи ҳукумати электронӣ

Ташкили институтсионалии ҳукумати электронӣ дар мамлакат сохти бисёрзинагии низоми идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин хусусиятҳои идоракунии равандҳои инкишоф ва истифодаи ТИК-ро дар соҳаи мазкур инъикос менамояд.

Аз рӯи қоида, иқтидори интернет-технологияҳо ба таври назаррас дар мамолики мутараққи амалӣ карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки аксар давлатҳо имкониятҳои коммуникатсиониро дар раванди идоракунӣ истифода накарда, танҳо сохтакории интернет-муколамаи сиёсиро нишон медиҳанд. Сабабҳои асосии чунин қафомонӣ инҳо мебошанд:

  • сатҳи пасти таъсиси сомонаҳои ҳукуматӣ. Имконияти бартарафсозии омили манфии мазкур дар фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабака, татбиқи он дар ҷодаи сиёсат бо мақсади назорат ва амалисозии манфиатҳои хеш нуҳуфтааст;

  • авзои шубҳаомези ҷомеа нисбат ба истифодаи ТИК дар идоракунии давлатӣ. Сабаби мазкур дар натиҷаи нобоварии ҷомеа ба ҳокимият ба вуҷуд меояд;

  • низоми харобшудаи ҷавобгарии фардӣ барои фаъолияти ҳукумати электронӣ;

  • дастрасии маҳдуди як қатор мамлакатҳо ба ВАО-и мустақил ва дар натиҷа мавҷуд набудани иттилоот оид ба фаъолияти воқеии давлат. Нобаробарии рақамии мавҷуда дар самти истифодаи бартариятҳои ҳукумати электронӣ садди роҳ мегардад;

  • ҷой надоштани эътирофи баробарарзиши хизматрасониҳои электронӣ дар баробари тартиботи “қоғазӣ”-и мавҷуда;

  • мушкилоти молиявӣ. Хароҷот барои ҳукумати электронӣ бо дарназардошти фоидаи оянда ва кафолатҳои муайяни маблағгузорӣ дар оянда бояд ба сифати сармоягузорӣ баррасӣ карда шавад. Аз ҷумла, сармоягузориҳо ба ҳукумати электронӣ бо андешаи таҳияи қарорҳои аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар амалӣ мегарданд;

  • мавҷуд набудани таваҷҷуҳи зарурӣ аз ҷониби ҷомеаи академӣ.

Мавриди зикр аст, ки бартарафсозии маҳдудиятҳои мазкур вақт ва дигаргунсозиҳои институтсионалиро тақозо менамояд.

Барои бомуваффақият амал намудани ҳукумати электронӣ маҷмуи тадбирҳоро амалӣ намудан лозим аст:

  1. шомилшавӣ ва амалисозии чораҳо доир ба паҳнгардонии ТИК

  2. ҳамкории зичи бефосилаи ташкилотҳои мухталиф. Чунин ҳамкории дуҷониба натанҳо бояд бо ҷанбаҳои техникӣ маҳдуд гардад, балки муносибатҳо бояд гуногунҷабҳа ва бо дарназардошти манфиатҳои умумии истифодабарандагон ба роҳ монда шаванд;

  3. мукаммалсозии низоми омодасозии кадрҳо, мутахассисони соҳаи ТИК, ки дар мақомоти идоракунӣ кору фаъолият доранд. Сатҳи касбияти зарурӣ дар худ салоҳиятнокии техникии заминавӣ, инчунин масъалаҳои менеҷменти иттилоотӣ ва ҷомеаи иттилоотиро дар бар мегирад;

  4. фаъолгардонии ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ. Мақомоти давлатӣ ба кадрҳои баландихтисос, дастрасӣ ба иттилоот, паст намудани сатҳи таваккал, ҷалби сармояи хусусӣ ва саъю кӯшиши якҷоя бо бахши хусусӣ хизмат расонидан, мароқ зоҳир менамоянд.

Самтҳои стратегии инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мувофиқ ба расмият дароварда мешаванд.

Ваколатҳои ҳукумати мамлакат дар соҳаи ҳукумати электронӣ бо амалисозии сиёсати давлатии ягона алоқаманд мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳокимияти давлатии Тоқикистони муосир дар якчанд самтҳо фаъолиятро пеш бурда истодааст:

  • пешбурди консепсияи ҳукумати электронӣ;

  • истифодаи коммуникатсияҳои шабакавӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ;

  • баландбардории маърифати компютерии аҳолӣ.

Дар самти инкишофи ТИК аз ҷониби вазоратҳо ва муассисаҳои ҷқмҳурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд:

  1. шабакаи ягонаи иттилоотӣ-коммуникатсионии алоқа миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шудааст (аз ҷониби Хадамоти алоқа ва ҶДММ “Тоҷиктелеком” лар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ). Дар назар аст, ки шабакаи мазкур 45 сохтори ҳокимиятро бо ҳам пайваст намояд.

Мақсади асосии шабакаи мазкур ташаккули зерсохтори иттилоотӣ баҳри ташкили интиқоли маълумотҳо, овоз, видео ва дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии Интернет ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад вазифаҳои асосии зер иҷро шуда истодаанд - - шабакаи интиқоли маълумотҳои сатҳи нақлиётӣ васеъ гардида истодааст, корҳо дар самти ташкили сохтори мантиқии шабакаи интиқоли маълумотҳо ва низоми назорати дастрасӣ ва идоракунии таҷҳизоти шабакавӣ сурат гирифта истодаанд:

  • Ташкили шабака барои таъмини интиқоли бетанаффуси IP-трафики навъҳои гуногун, аз ҷумла таҳвили маълумот, овоз (трафики телефонӣ) ва маълумотҳои дигар дар намуди электронӣ, ташаккул ва инкишофи захираҳои иттилоотӣ ва низомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ равона гардидааст;

  1. дар вазоратҳо ва муассисаҳо таҷҳизоти шабакавӣ, серверҳо, компютерҳо ва таъминоти барномавӣ насб гардидаанд, инчунин зерсохтори ТИК, хусусан шабакаҳои дохилӣ ва байнимуассисавӣ, сомонаҳо рушд ёфта истодаанд;

  2. аз ҷониби баъзе вазоратҳо ва муассисаҳо қисме аз гардиши ҳуҷҷатҳо ва хизматрасонии иттилоотӣ автоматӣ кунонида шудааст, ки дар чорчӯбаи онҳо хизматрасониҳои мувофиқ ба мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳамин тавр, айни замон 3 қисмати ҳукумати электронӣ – “миёни мақомоти давлатӣ”, “мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ”, “мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ” то як сатҳи муайян амал карда истодааст.

Барои таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби онҳо саъю кӯшиш ба ташкил ва таъмини фаъолияти устувори марказҳои дастрасии ҷамъиятӣ дар заминаи шуъбаҳои алоқаи почтавӣ, китобхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии монанди онҳо равона гардидаанд.

Марказҳои дастрасии ҷамъиятӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатии аз ҷониби онҳо пешниҳодшаванда дорои ҷойҳои кории автоматикунонидашуда ё терминалҳои иттилоотии ба шабакаи Интернет пайвастбуда буда метавонанд. Бо мақсади таъмини дастгирии иттилоотии комплексии шаҳрвандон доир ба ҳамкории дуҷониба бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низоми иттилоотӣ-хизматрасонии ягона таҳия карда шудааст.

Албатта, мақомоти давлатӣ бояд баҳри гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ ба шакли электронӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намоянд. Дар баробари ин, мақомоти давлатие, ки хизматрасониҳои давлатии пулакиро амалӣ менамоянд, бояд баҳри ташкили низомҳои автоматикунонидашудаи баҳисобгирии пардохт ва истифодаи хизматрасониҳо (низомҳои биллингӣ), инчунин амалисозии имкониятҳои онлайн-пардохтҳо бо истифода аз низомҳои пардохтӣ чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Хизматрасониҳои давлатии электронӣ ба иттилоотӣ ва интерактивӣ ҷудо мешаванд:

  1. хизматрасониҳои давлатии иттилоотӣ, аз рӯи қоида ба қонеъсозии талаботи иттилоотии дархосткунандагон равона карда шуда, бо роҳи интишор ва тарзҳои дигари паҳнгардонии иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад (масалан, пешниҳоди маълумотҳо оид ба ҷойҳои холии корӣ, интишори маълумотҳои кушода ва ғайраҳо);

  2. хизматрасониҳои давлатии интерактивӣ, аз рӯи қоида, бо роҳи ҳамкории дуҷонибаи электронӣ миёни дархосткунанда ва мақомоти давлатие, ки хизматрасониҳои давлатии электрониро пешниҳод менамояд, сурат мегирад. (масалан, супоридани ҳисоботи андозӣ ва оморӣ ба таври электронӣ). Хизматрасониҳои давлатии интерактивӣ дар намуди хизматрасониҳои давлатии транзаксионӣ амалӣ карда мешавад, ки тамоми тартиби пешниҳоди он бо роҳи татбиқи низомҳои иттилоотӣ сурат мегирад.

Ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ, аз рӯи қоида иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар иттилооте, ки дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузорӣ ҷойгир карда мешаванд, мансуб медонанд; баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бақайдгирӣ барои қабул дар назди роҳбарият ва ғайраҳо.

Аз рӯи қоида, раванди интиқоли хизматрасониҳои давлатӣ ба намуди электронӣ марҳилаҳои асосии зерро дар бар мегиранд:

  1. омӯзиши истифодаи воқеии хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ (бо роҳи таҳлили омори дохилимуассисавӣ, гузаронидани пурсиш ва интервю бо истифодабарандагон ва хизматчиёни давлатӣ), муайянсозии номгӯи хизматрасниҳое, ки ба онҳо талабот зиёд аст ва бояд дар мадди аввал ба намуди электронӣ пешниҳод карда шаванд;

  2. гузаронидани чорабиниҳо доир ба мукаммалсозии тартиби хизматрасониҳои давлатӣ. Раванди мазкур тағйирдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо ва қоидаҳоро бо мабдаи бартараф сохтани тартиботи барзиёд ва такроршаванда бо ҳадафи кам намудани муҳлат, ҳуҷҷатҳо ва хороҷотҳое, ки бо хизматрасониҳо алоқаманд мебошанд;

  3. ташкили низомҳои иттилоотӣ ва захираҳое,. ки ҳангоми хизматрасониҳо дар намуди электронӣ истифода карда мешаванд. Ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ ва захираҳо бо унсурҳои зерсохтори ҳукумати электронӣ;

  4. таҳия ва тасдиқи регламенти хизматрасониҳои давлатии электронӣ. Бақайдгирии хизматрасонии давлатии электронӣ дар реестри ягонаи хизматрасониҳои давлатии электронӣ;

  5. интишори иттилоот оид ба тартиби хизматрасониҳои давлатии электронӣ. Мониторинги тақозои воқеӣ ва сатҳи қонеъ будани истифодабарандагони хизматрасонӣ.

Мақомоти давлатие, ки хизматрасониҳои давлатии электрониро амалӣ менамоянд, бояд иттилооти зерро дар сомонаҳои расмии худ ҷойгир намоянд: тартиби хизматрасониҳои давлатӣ, нафароне, ки ба онҳо хизматрасониҳои давлатии электронӣ пешниҳод мегардад, тарзи пешниҳоди дархост, маълумотҳои дархост, воқкӣ будани дархосткунанда, номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, номгӯй ва таркиби маълумотҳо, муҳлатҳо ва тартиби баррасии дархост, арзиши хизматрасонӣ ва мавҷудияти низоми пардохти электронӣ, тарз ва намуди нигоҳдории натиҷаҳои хизматрасонӣ, шакли пешниҳоди натоиҷи хизматрасонӣ, асосҳо барои рад намудани хизматрасонӣ ва ғайраҳо.


Последнее изменение: Среда, 22 ноября 2017, 12:07