5.2. Архитектураи ҳукумати электронӣ
Аз рӯи қоида, истифодаи интернет-технологияҳо аз ҷониби давлатҳо панҷ марҳилаи асосии пайдарпайро дар бар мегирад:
Марҳилаи якум. Ташаккул – бо ҳамроҳшавии макомоти идоракунии давлатӣ ба сохторҳои шабакавии электронӣ алоқаманд аст. Ҳукумат, вазоратҳо ва муассисаҳо сомонаҳои худро таъсис медиҳанд, ки асосан барои иттилоотонидани аҳолӣ оид ба таркиб ва сохтори дастгоҳи давлатӣ, ҳодисаҳо, фаъолият ва ғайраҳо хизмат мерасонанд.
Марҳилаи дуюм. Тавсеаи мавҷудият - афзун намудани шумораи «сомонаҳои давлатӣ»-е, ки функсияҳои бештарро иҷро менамоянд. Истифодабарандагон иттилооти махсус ва пайваста нав ба навро аз рӯи реҷаи воқеии вақт тавассути сомонаҳои ҳукуматӣ ва муассисавӣ дастрас карда метавонад. Имконияти дастрас намудани нашрияҳои расмӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, хабарҳои иттилоотӣ, самтҳои муроҷиат, шарҳи иттилоот ва ғайраҳо таъмин мегардад.
Марҳилаи сеюм. Ҳамкории дуҷонибаи интерактивӣ – бо густариши таъсири дуҷонибаи сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон тавсиф мегардад. Ба истифодабарандагон хизматрасониҳои интерактивӣ дар Интернет таъмин мегардад, барои дастраскунии иттилооти махсус имконият пайдо мекунанд, шаклҳои муайяни ҳисоботҳо ва бланкҳоро дастрас карда метавонанд, инчунин имконияти ба шахсони расмӣ ирсол намудани хабарҳо тариқи почтаи электронӣ ё шабакаҳои махсуси иҷтимоӣ (Facebook, Twitter ва ғ.) фароҳам мегардад.
Марҳилаи чорум. Гузаронидани транзаксияҳо – бо имконияти анҷом додани додугирифтҳо тавассути Интернет тавсиф мегардад. Шаҳрвандон тавассути шабакаҳо шиносномаҳо, раводидҳо, иҷозатномаҳоро ба даст оварда дигар хизматрасониҳои трансаксионӣ, аз ҷумла пардохти андозҳо, ҷаримаҳо, таҳсил ва ғайраҳоро анҷом дода метавонанд. Дар марҳидаи мазкур истифодаи имзои электронӣ шуруъ мегардад.
Марҳилаи панҷум. Ҳамкории дуҷонибаи яклухт — ҳамкории дуҷонибаи хизматрасониҳои электронӣ тавассути шабакаҳо бидуни ҳудудҳои маъмурӣ. Ба истифодабарандагон имконияти истифодаи хизматрасониҳо тавассути портали ҳукуматӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳар як марҳилаи минбаъда оид ба қадами сифатан нави инкишофи зерсохтори телекоммуникатсионии давлатӣ шаҳодат медиҳад, ки ба қонеъсозии талабот ва дархостҳои сиёсӣ-коммуникатсионии иштирокчиёни коммуникатсияи сиёсӣ мусоидат менамояд.
Дар навбати хеш коммуникатсия дар чорчӯбаи консепсияи ҳукумати электронӣ якчанд самтҳои муҳимро фаро мегирад:
G2G («government-to-government») – мубодилаи иттилоот миёни хадамоти мухталифи давлатӣ, сохторҳои алоҳида ва муассисаҳои давлатӣ;
G2B («govemment-to-business») - коммуникатсияи хадамоти давлатӣ бо сохторҳои тиҷоратӣ ва ҷамъият;
G2C («govemment-to-citizen») – ҳамкории дуҷониба миёни давлат ва шаҳрвандон.
Мавриди зикр аст, ки ҳукумати электронӣ дар заминаи ҳамкории дуҷонибаи шаффоф ва дастраси унсурҳои асосӣ (шахаҳо)-и он бояд ба баландбардории самаранокии идоракунии давлатӣ мусоидат намояд: давлат (G), шаҳрвандон (C) ва бизнес (B) (расми 1).
Дар заминаи консепсияи умумии ҳукумати электронӣ се принсипи асосии нуҳуфтааст:
• равонасозии захираҳо ва хизматрасониҳо ба шаҳрвандони қаторӣ, на балки хизматчиёни давлатӣ;
• сатҳи баланди боздеҳии лоиҳаҳо аз рӯи натиҷаҳои татбиқ;
• низоми бозории татбиқи технологияҳо ва сармоягузории лоиҳаҳо.
Зерсохтори ҳукумати электронӣ ба худ низомҳои иттилоотӣ-технологии ба ҳам мувофиқ, анбуҳҳои бонизоми маълумотҳо ва қоидаҳои муайянро дар бар мегирад, ки тамоми мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатӣ ва муассисаҳои давлатии мамлакат ҳангоми иҷроиши функсияҳои хеш, махсусан дар ҳоле, ки функсияҳо аз ҷониби якчанд мақомот якбора иҷро карда мешаванд, истифода менамоянд.
Ҳамкории дуҷониба дар дохил ва миёни унсурҳои ҳукумати электронӣ якчанд вариантҳои имконпазирро дар бар мегирад.
Унсурҳои асосии зерсохтори ҳукумати электронӣ инҳо мебошанд:
архитектураи ягонаи давлатӣ;
гардиши воситаҳои имзои электронӣ-рақамӣ;
гардиши электронии ҳуҷҷатҳо;
тиҷорати электронӣ;
низоми электронии пардохтҳо;
смарт-кортҳои истифодабарандагони хизматрасонӣ;
смарт-картҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
телефони мобилӣ;
низоми радифӣ;
ҳуҷҷатҳои интерактивӣ.
Амалкунии зерсохтори ҳукумати электронӣ дар заминаи ташкили архитектураи унсурҳои асосии он сарчашма мегирад, ки ба онҳо дохил мешаванд: портал ва дарвозаи ҳукумати электронӣ, «шлюзи пардохтӣ», низоми миллӣ ва идентификатсионӣ, муҳити нақлиётии ягонаи мақомоти давлатӣ.
Фаъолияти самараноки ҳукумати электронӣ ба ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ тавассути ҳамкории мутақобила бо портал ва шлюзи ҳукумати электронӣ такя менамояд. Дар баробари ин, унсури асосии ҳамгироӣ форматии коммуникатсионии унирверсалии паёмакҳо ҳангоми мубодилаи маълумотҳо мебошад.
Портал дар чорчӯбаи ҳамкории дуҷонибаи мазкур ҳамчун звенои асосии зеҳнии пайвандкунандаи мубодилаи иттилоотӣ миёни дастраскунандагон ва истифодакунандагони хизматрасониҳои электронӣ баромад мекунад. Қисмати интерфейсии портал, аз рӯи қоида тибқи принсипи «равзанаи ягона» фаъолият менамояд, ки интерфейси ягонаи хизматрасониҳои электронӣ, самтмуайянкунии муносиб ва механизмҳои ҷустуҷӯро доир ба тамоми захираҳои иттилоотии дастрас таъмин менамояд.
Бо мақсади таъмини ягонагии паёмакҳое, ки дар низоми ҳукумати электронӣ давр мегарданд, қоидаҳои ягонаи барасмиятдарорӣ ва коркарди хабарҳо таҳия мегарданд.
Комилият ва нигоҳдории хабарҳои мазкур аз ҳисоби ба таври марказӣ бойгонӣ намудани онҳо, инчунин истифодаи таҷҳизоти захиравӣ таъмин мегардад. Низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ бояд дорои интерфейси ҳамгироӣ бошанд ва бо истифода аз механизмҳои стандартии мубодилаи хабарҳо дар формати коммуникатсионӣ таҳия гардида бошанд. Амалисозии низомҳои иттилоотӣ-технологӣ «Дарвозаи ҳукуматӣ» ҳамгироӣ ва ҳамкории дуҷонибаи низомҳои иттилоотии мақомоти давлатиро таъмин менамояд.
Мушаххассозӣ ва саҳеҳсозии истифодабарандагони хизматрасониҳои электронӣ яке аз самтҳои асосии ташаккули зерсохтори ҳукумати электронӣ мебошад Дар баробари ин, пойгоҳи маълумотҳои давлатии “Шахсони воқеӣ” ва “Шахсони ҳуқуқӣ” таъсис дода мешавад, ки функсияҳои асосии онҳо генератсия ва пешниҳоди рақамҳои мушаххас ба шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ мебошад. Ягонасозии майдончаи суроға ва таъмини имконоти коркарди мошинии суроғаҳоро “Регистри суроғавӣ” бо пешниҳоди рақами мушаххас ба ҳар як суроға амалӣ месозад.
Ташкили механизми аутентификатсияи истифодабарандагони хизматрасониҳои электронӣ бо роҳи татбиқи зерсохтори калидҳои кушода таъмин мегардад, ки ҳангоми мубодилаи иттилоотӣ имконияти тавассути занҷираи муносибатҳои боварибахш истифода намудани механизми имзои рақамии электрониро фароҳам месозад.
Зерсохтори калидҳои кушода дар заминаи татбиқи шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ, ки калидҳои пӯшидаи инфиродии истифодабарандагонро бо калидҳои кушодаи онҳо алоқаманд месозанд, сарчашма мегирад. Татбиқи зерсохтори калидҳои кушода тавассути таъсиси маркази махсуси шаҳодатномадиҳии имзои рақамии электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии мамлакат амалӣ карда мешавад. Таъмини эътимоднокии раванди генератсия, нигоҳдорӣ ва татбиқи маълумотҳои мушаххас ва калидҳои имзоҳои рақамии электронӣ бо роҳи истифодаи смарт-технологияҳо амалӣ карда мешавад.
Бо дарназардошти он, ки имзои рақамии электронӣ дар натиҷаи тағйирдиҳии криптографии иттилоот сохта мешавад, бинобар ин, мақомоти ваколатдор дар соҳаи сертификатсияи воситаҳои криптографии ҳифзи иттилоот ва пешбурди соҳаи мазкур муқаррар карда карда мешаванд.
Ҳамин тавр, низоми мушаххассозӣ имкон фароҳам месозад, ки дастрасии бо иҷозат ба низомҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.