5.1. Мафҳумҳои асосӣ ва принсипҳои ҳукумати электронӣ
Ҳукумати Ҷумҳукрии Тоҷикистон пайравии хешро ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ нишон дод ва соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электрониро қабул намуд, ки айни замон амалӣ гардида истодааст.
Дар назар аст, ки натиҷаи амалисозии Консепсияи мазкур - баландбардории сифат ва кам намудани муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо, таъмини дастрасӣ ба пойгоҳҳои иттилоотӣ, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар оянда, бо дарназардошти мукаммалсозии низоми маъмурӣ аз нигоҳи таркиб инкишоф додани самаранокӣ ва муносибии дастгоҳи давлатӣ хоҳад буд.
Мақсадҳои асосии татбиқи ҳукумати электронӣ инҳо мебошанд:
баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ аз ҳисоби татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
баландбардории сифат ва дастрасии хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо;
соддагардонии тартиб ва ихтисон намудани муҳлати хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, инчунин камсозии хароҷоти маъмурӣ, ки бо чунин хизматрасониҳо алоқаманд мебошанд;
баланд бардоштани сатҳи дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
ташкили низоми ягонаи мубодилаи иттилоот бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва алоқаи доимӣ бо низм ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии тамоми истифодабарандагон;
ҳавасмандсозии иқтисодии истифодаи Интернет ва технологияҳои иттилоотии муосир.
Иҷроиши вазифаҳои ҳукумати электронӣ ба ҳалли масъалаҳои асосии зер мусоидат менамояд:
- таҳия ва татбиқи низомҳои иттилоотӣ-таҳлилии функсионалӣ (НИТ), ки барои раванди қабули қарорҳои идоракунӣ дар ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии алоҳида мувофиқ аст;
- автоматикунонии ҳамкории дуҷонибаи байнимуассисавӣ дар раванди қабули қарорҳои идоракунӣ;
- автоматикунии тартиби хизматрасониҳои давлатӣ;
- баландбардории сатҳи шаффофияти иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тавсеаи имконоти дастрасӣ ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон, ташкилотҳо ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таҳия ва ташхиси қарорҳое, ки дар тамоми сатҳҳои низоми идоракунии давлатӣ қабул карда мешаванд;
- баландбардории сифати равандҳои маъмурӣ-идоракунӣ;
- таъмини фаврият ва назорати натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- таъмини сатҳи зарурии амнияти иттилоотии ҳукумати электронӣ ҳангоми амалкунии он;
- инкишоф ва татбиқи васеи васоити таъмини дастрасии фосилавии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ;
- бартарафсозии «нобаробарии рақамӣ» (нобаробарӣ миёни шаҳрвандон дар истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки бо фарқиятҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷойгиршавии ҷугрофӣ алоқаманд аст), ки яке аз вазифаҳои асосии таъмини самаранокии ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, тавассути инкишофи зерсохтори ТИК(инкишофи ҳудудии шабакаи алоқа, баландбардории сифати алоқа, компютерикунонии аҳолӣ, инкишофи Интернет дар ҳудуди мамлакат) амалӣ карда мешавад.
Ташкили ҳукумати электронӣ бояд тамоми сатҳҳои идоракунии давлатиро аз ҳамкории дуҷонибаи байнимуассисавӣ то ҳамкории мутақобилаи давлат ва шаҳрвандон такмил ва инкишоф диҳад.
Ҳукумати электронӣ (E-government) – низоми тадбирҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва воситаҳои техникие, мебошад, ки ба таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ доир ба хизматрасониҳои давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тавассути татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК), инчунин ҳамкории электронии байнимуассисавӣ равона карда шудааст.
Дар баробари ин, албатта, ҳукумати электронӣ ҳукумати анъанавиро иваз карда наметавонад, танҳо бо истифода аз усулҳо ва фишангҳои нави баландбардории самаранокии он, тавассути технологияҳои рақамӣ онро пурра мегардонад.
Дар чорчӯбаи ҳукумати электронӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки сифат ва дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва бизнес баланд бардошта шавад. Дар ин раванд интиқоли хизматрасониҳои давлатӣ ба намуди электронӣ амалӣ карда мешавад.
Тартиботи маъмурӣ – тавсифи расмии ҳуқуқи истисноии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, юрисдиксияи онҳо, инчунин шаклҳои ташкилии ҳамкории дуҷониба бо дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар раванди таҳия, пешниҳод, мувофиқасозӣ ва тасдиқи қарорҳо, аз ҷумла салоҳиятҳо, уҳдадориҳо ва талаботе, ки тибқи қонунгузорӣ нисбат ба муҳлат, сифат, хислати иҷроиши функсияҳои муқарраршуда ва намудҳои муайяни кор дар чорчӯбаи функсияҳои мазкур манзур карда мешавад, ба ҳисоб меравад.
Низоми геоиттилоотӣ – низоми воситаҳои дастгоҳӣ-барномавӣ ва тартиботи алгоритмӣ мебошад, ки барои дастгирии рақамӣ, пуррагардонӣ, идоракунӣ, гурӯҳбандӣ, таҳлил, моделсозии математикӣ-картографикӣ ва инъикоси зоҳирии маълумотҳои фазоӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ таҳия карда шудааст.
Хизматрасонии давлатӣ – хизматрасониҳое мебошад, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ доир ба амалисозии функсияҳои онҳо анҷом дода мешавад ва бо талаби дархосткунандагон сурат мегирад. Хизматрасонии давлатиро дигар ташкилотҳо низ анҷом дода метавонанд, агар, ки ба зиммаи онҳо тибқи қонунгузорӣ функсияҳои хизматрасониҳои давлатӣ вогузор шуда бошад.
Хизматрасонии давлатии электронӣ – хизматрасонии давлатие, мебошад, ки бо татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ сурат мегирад. Яке аз мисолҳои хизматрасонии давлатии электронӣ супоридани ҳисоботи андозӣ ё омории корхона тавассути Интернет мебошад.
Ҳамин тавр, вобаста ба он, ки қисмати зиёди хизматрасониҳои давлатӣ бо иштироки якчанд мақомоти давлатӣ сурат мегирад, бинобар ин, ҳамкории дуҷонибаи байнимуассисавии мақомоти давлатии барои натиҷаҳои хизматрасониҳои давлатӣ масъул, хеле муҳим мебошад. Амали мазкур бо роҳи ба шакли ягона даровардани ҳуҷҷатҳо ва мубодилаи фаврии иттилоот миёни мақомоти давлатӣ, истифодаи мушаххаскунандагони ягона, ҳамгироии низомҳои иттилоотии онҳо ва таъмини мутобиқати байнимуассисавӣ имконпазир мегардад.
Архитектураи давлатии ягона – модели маҷмуии идоракунии давлатӣ, ки дар заминаи ТИК ташкил карда шудааст ва фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро аз лиҳози мафҳумҳои мантиқӣ (бизнес-равандҳо, қоидаҳои бизнес, иттилооти зарурӣ, сохтор ва анбуҳи иттилоот, ҷойгиршавии ҷойҳои кории хизматчиёни давлатӣ) ва техникӣ (воситаҳои дастгоҳӣ, таъминоти барномавӣ, коммуникатсияи маълумотҳо, ҳифз ва бехатарӣ, стандартҳо) ифода менамояд. Бо ибораи дигар, архитектура – ин маҷмуи принсипҳои роҳбарикунӣ (консепсияҳо, қоидаҳо, интерфейсҳо ва стандартҳо) мебошанд.
Ҳамкории дуҷонибаи электронии байнимуассисавӣ – мубодилаи маълумотҳо байни мақомоти давлатӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мебошад.
Мушаххаскунандагони ягонаи ҳукумати электронӣ – рамзҳое мебошанд, ки ба ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, объектҳои кадарст ва амвол, ҷуғрофӣ ва дигарҳо дода мешаванд ва барои онҳоро дар ҳукумати электронӣ муайян созтан имкон фароҳам месозанд. Онҳо ба мақомоти давлатӣ (ва низомҳои иттилооти онҳо) имкон фароҳам месозанд, субъектҳо (шаҳрвандон, ташкилотҳо) ва объектҳое (амвол, нақлиёт ва ғ.), ки дар хизматрасониҳои давлатӣ, иҷроиши функсияҳо ва ҳамкории дуҷонибаи байнимуассисавӣ иштирок менамоянд, муайян сохта шаванд. Намунаҳои рақамҳои мушаххаси ҳукумати электронӣ – рақами мушаххаси инфиродии шахсони воқкӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда буда метавонанд.
Шарти асосии таъмини самаранокии ҳукумати электронӣ мувофиқати байнимуассисавӣ доир ба нақшаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, тартибот, низоми нигоҳдорӣ ва мубодилаи маълумотҳо, сатндартҳо, форматҳо ва протоколҳои мубодилаи маълумотҳо мебошад.
Тартиботи маъмурии электронӣ – сабти тартиботи маъмурӣ дар шакли электронӣ, ки нигоҳдории маълумотҳо, иҷроиши дархостҳо, имкониятҳои назорати тасҳеҳи маълумотҳои ҳуҷҷат, санҷиши мутаносибияти иерархӣ дар дохили ҳуҷҷат, муқаррарсозии стандарти ягона дар сохтори ҳуҷҷатро таъмин менамояд.
Унсури ҳукумати электронӣ – лоиҳаи ТИК, мебошад, ки автоматикунонии пурра ё қисм ба қисми функсияҳои алоҳидаи мақомоти идоракунии давлатиро доир ба хизматрасониҳои давлатӣ ва (ё) дастгирии қабули қарорҳои идоракунӣ таъмин менамояд.
Принсипҳои асосии ҳукумати электронӣ инҳо мебошанд:
- тобеияти раванди иттилоотикунонӣ ба вазифаҳои афзалиятноки низоми идоракунии давлатӣ ва инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, ки дар чорчӯбаи он алоқамандӣ ва ҳамоҳангсозии ислоҳотро дар соҳаҳои мухталиф анҷом додан мумкин аст;
- кушодагӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки таъмини дастрасии озод ба иттилоот оид ба тартиби хизматрасониҳои давлатии электронӣ ба дархосткунандагон, аз ҷумла тавассути сомонаҳои расмии мақомо-ти давлатиро дар назар дорад;
- дастрасии баробари дархосткунандагон ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ, ки дар чорчӯбаи он мақомоти давлатӣ барои ташкили шароти баробари дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ уҳдадор мебошанд;
- хизматрасониҳои давлатии электронӣ аз рӯи принсипи “равзанаи ягона”, ки бо раванди аз ҷониби як мақомоти давлатӣ ҷамъ намудани номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои дар дигар мақомотҳо ҷойдошта баҳри хизматрасониҳои давлатии электронӣ алоқаманд мебошад;
- ягона намудан (бав як шакл даровардан)-и ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ мутобиқати ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатие, ки дар раванди хизматрасонии давлатии электронӣ, инчунин ҳамкории дуҷонибаи байнимуассисавӣ истифода карда мешавад, дар назар дорад;
- истифодаи мушаххассозандагони ягонаи ҳукумати электронӣ, ки дар чорчӯбаи он мавҷудият мушаххассозандагон муҳим аст, аз ҷумла баҳри таъмини раванди нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот дар пойгоҳи маълумотҳои марказии ҳукумати электронӣ;
- мукаммалсозии доимии низоми хизматрасониҳои давлатии электронӣ андешидани тадбирҳоро аз тарафи мақомоти давлатӣ доир ба бартарафсозӣ ё муттаҳидсозии расмиёти маъмурии барзиёд ва кам намудани шумораи функсияҳои такроршавандаи идоракунии давлатӣ, ихтисор намудани шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби дархосткунандагон, муносиб гардонидани ҳамкории дуҷонибаи электронии байнимуассисавӣ, ба як шакл даровардани ҳуҷҷатҳо, ихтисор намудани муҳлати хизматрасониҳои давлатии электрониро дар назар дорад;
- таъмини амнияти иттилоотӣ, ки дар чорчӯбаи он ҳангоми хизматрасонии давлатии электронӣ тадбирҳо доир ба таъмини амнияти иттилоотии низомҳои иттилоотӣ ва захираҳо ҳатмӣ мебошад; татбиқи чораҳо дар доираи ҳимоя ва рафъи дастрасии бе иҷозат ба маълумотҳои шахсӣ, инчунин ба маълумотҳое, ки сирри давлатӣ маҳсуб меёбанд.