Супоришҳои тестӣ
1. Мақсади асосии татбиқи ҳукумати электронӣ чунин аст:
1. инкишофи малакаи хизматчиёни давлатӣ дар самти кор бо компютер;
2. инкишофи тарзи нави ҳамкорӣ дар асоси истифодаи фаъолонаи ТИК бо мақсади баландбардории самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ;
3. ташкили гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти ҳокимтият.
4. ҷавоби дуруст нест
2. Дар таҷрибаи ҷаҳонии амалисозии лоиҳаҳои ҳукумати электронӣ одатан чунин намудҳои ҳамкориро фарқ мекунанд (якчанд вариати ҷавобҳоро интихоб намудан мумкин аст):
1. миёни давлат ва шаҳрвандон (Government-to-Citizen) - G2C;
2. миёни давлат ва бизнес (Government-to-Business) - G2B;
3. миёни шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ (Government-to-Government) -G2G;
4. миёни ташкилотҳои тиҷоратӣ (Business-to-Business) - B2B;
5. миёни давлат ва хизматчиёни давлатӣ (Government-to-Employees) - G2E.
3. Имзои рақамии электронӣ – ин:
1. Воситаи тасдиқ, ки мундариҷаи ҳуҷҷат тағйир наёфта буд;
2. усули муайянсозии ирсолкунанда;
3. реквизити ҳуҷҷати электронӣ, ки барои ҳифзи ҳуҷҷати мазкур аз қалбакӣ сохта шудани он аст;
4. ҳамаи ҷавобҳо дуруст мебошанд.
4. Тибқи методикаи СММ доир ба ҳар як шохис унсурҳои мувофиқро интихоб намоед: