Кори амалӣ доир ба мавзӯъ
Супориши 1.
Дар ҷадвал қисми натиҷаи таҳқиқот нишон дода мешавад,ки дар асоси он малакаҳо ба се гурӯҳ ҷудо карда шудаанд: барои роҳбарони сатҳи поёнӣ, миёна ва олӣ. Ҳамзамон давра ба давраи муайян малакаҳои мазкур аз рӯи аҳамияташон нигоҳ дошта мешаванд. Нишон диҳед, ки кадоме аз ин гурӯҳи малакаҳо аз роҳбари сатҳи поёнӣ, миёна ва олӣ талаб карда мешавад.
Супориши 2. Амалҳои идоракунӣ.
Ба уҳдадориҳои кории идоракунӣ як қатор масъалаҳо шомил мегарданд, бахусус, иҷроиши супоришҳои аз тарафи боло додашуда.
Роҳбар бояд қарор намояд, ки то кадом андоза ҳалли ин масъалаҳоро бомуваффақия пайдо менамояд, чӣ гуна ба ин самт зердастони худро ҷалб менамояд, чӣ гуна ҳамбастагиро бо сохторҳои омехта амалӣ менамояд ва ғайраҳо. Аммо, ҳолатҳое мавҷуданд, ки аз тарафи кормандони воломақом дастури мушаххас ва мақсадҳои муайян нишон дода намешавад. Дар ин ҳолат роҳбар чӣ гуна бояд амал намояд? Агар Шумо роҳбар бошед, пас кадоме аз амалҳои дар поён овардашударо қабул менамоед?
а) бо пешниҳоди мушаххас ба роҳбарони воломақом баромада, зарурати нишон додани мақсадҳоро талаб намудан лозим аст;
б) ҳолати мавҷударо таҳлил намуда, зарурати аз рӯи ташаббусҳои худ кор карданро ба манфиати ташкилоти худ муаяйн намудан лозим аст. Баъдан ба амалӣ намудани мақсад оид ба ҷалби ҳайати кормандон барои бартараф намудани муаммои бавуҷудомада шурӯъ кардан лозим аст;
в) мавҷуд набудани амрҳои мушаххас оид ба ҳолат аз тарафи роҳбарони воломақом чунин маънидод карда мешавад, ки ин самтро афзалиятнок намешуморанд ва ҳоҷати қабул намудани қарорҳо ба таври таъҷилӣ дуруст ба шумор намеравад. Аз ин рӯ, барои иҷрои ягон амал бояд танҳо баъд аз мувофиқа кардани мақсад ё расидани ягон амр аз ҷониби роҳбарони воломақом шурӯъ намудани лозим аст.
Супориши 3. Дар ташкилоте, ки Шумо вазифаҳои идоракуниро амалӣ менамоед, ба нақша гирифта шудааст, ки дастгоҳҳои нав оварда мешавад. Шумо он кормандоне, ки дар ин самт масъул мебошанд, бо онҳо масъалаи ҷобаҷогузории дастгоҳҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти «А» ё дастгоҳҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти «В»-ро мулоҳизаронӣ менамоед. Дар ҷараёни муҳокима ақидае пайдо мегардад: гурӯҳе аз кормандон чунин ақида доранд, ки бояд дастгоҳҳои ташкилоти «А»-ро харидорӣ намоем ва гурӯҳи дигари кормандон истодагарӣ менамоянд, ки бояд дастгоҳҳои ташкилоти «В»-ро харидорӣ намоем. Азбаски дар ҳарду ҳолат ҳиссаи муайяни ақидаи дуруст мавҷуд аст, аз ин рӯ ба осонӣ ба як созиш омадан душвор мегардад. Шумо медонед, ки ҳукми охирини харидории дастгоҳ аз ташкилотҳо ба зиммаи Шумо вогузор карда шудааст. Пас кадоме аз мавқеъҳои дар поён овардашударо Шумо ҳамчун роҳбари ташкилот интихоб менамоед?
а) азбаски тамоми фаъолиятро бо дастгоҳ кормандони қаторӣ ба анҷом мерасонанд, пас масъаларо ҳалли муамморо бо онҳо расонидан лозим ва ба як хулосаи аниқи қарор омадан зарур аст;
б) бодиққат ба фикру ақидаҳои ҳарду тарафҳо гуш намуда, мустақиман қарори ниҳоиро қабул кардан даркор аст. Баъдан ба тарафҳо сабаби қарори қабулнамударо шарҳ додан даркор аст. Агар лозим шавад, ба касоне, ки бо ин қарор розӣ нестанд, интихобро асоснок карда ба пуррагӣ фаҳмонидан даркор аст;
в) тарафҳои мусбӣ ва манфии ақидаҳои тарафҳоро васеъ ва амиқ коркард намуда, баъдан дар ин бора ба роҳбарони олӣ оид ба интихоби масъала муроҷиат кардан даркор аст.
Супориши 4. Баланд намудани ангезаи манфиат ба кор яке аз омили муҳими кӯшиши ҳавасмандкунии меҳнат ба шумор меравад. Кӯшиш намоед, ки аз вариантҳои дар поён овардашуда се самти нисбатан самарабахшро интихоб созед, ки ҳаваси Шуморо ба иҷроиши кор бештар намояд:
а) чунон сохтори роҳбарикуниро бунёд намудан лозим, ки таъмини донишҳои назариявиро дар бораи тавсифи иҷроиши кор ба роҳ монад;
б) ҳар лаҳза ҷойи кориро иваз кардан даркор, барои он ки ба дилаатон назанад;
в) дар ҳолате, ки шахсони алоҳидаро барои иҷрои кор маҷбур месозед, бояд он гурӯҳи нафаронеро муттаҳид созед, ки якдигариашонро дуруст фаҳманд;
г) ба пуррагӣ ва бо ҷузъиёт бояд ба шахсон хислати коррро чунон фаҳмонидан лозим аст, ки кор бояд бе танафус ва бо камоли майл иҷро гардад;
ғ) кореро, ки ба зимаатон гузошта шудааст, хуб мешавад, агар ки баъзан ҳолатҳо боз ягон вазифаи иловагиро иҷро намеод. Масалан, ҷорӣ намудани ташкили як қатор мусобиқаҳо барои беҳтарин натиҷаи ниҳоии кор;
д) норасогӣ ва бартариятҳои корро дақиқ нишон додан даркор аст.
Супориши 5. Яке аз зердастон гуфтааст: «Ман аз фаъолияти кориам қаноатманд нестам. Ин кор барои ман нест. Мехоҳам, ки ба ман ягон кори шавқоварро вогузор намоянд». Коре, ки ба дӯши ин корманд вогузор карда шудааст, дар он таҷассум мегардад, ки ӯ маводи ахборотиро ҷамъ менамояд ва аз рӯи супоришҳо паҳн месозад. Кор то андозае содда ва осон мебошад, ки ҳатто хатмкардаи мактаби миёна аз ӯҳдаи он мебарояд. Азбаски, ба ин мавод аз хориҷа фармоиш мавқуд аст, аз ин рӯ, ин намуди корро ба корманде вогузор кардаанд, ки дорои маълумоти олӣ ва донандаи забони англисӣ ба шумор меравад. Шояд ин корманд мехост, ки кореро бояд иҷро намояд, ки бо тиҷорат алоқамандӣ дошта бошад. Шумо ҳамчун роҳбар, чӣ гуна бояд ба ин ҳолати кормандатон муносибат намоед?
а) дақиқ намудан лозим аст, ки кадом кор ин кормандро қаноатманд менамояд ва агар аз рӯи имкониятҳо таъҷилан кормандро ба кори мувофиқ гузаронидан лозим аст;
б) дилхоҳ шахс мехоҳад коре дошта бошад, ки мувофиқи табъи дилаш бошад ва қаноатманд гардад. Аммо дар шароити ташкилот пешниҳод намудани чунин намуди кор ба ҳамаи кормандон имкон надорад. Бо назардошти ин, ба корманд фаҳмонидан лозим аст, ки дар ташкилот миқдори зиёди кормандоне ҳастанд, ки вазифаҳои ба зимма гузоштаашонро тоқат карда, иҷро намуда истодаанд;
в) ба корманд фаҳмондан лозим аст, ки қаноатмандии кор аз рӯи муносибати Шумо ва иҷроиши коратон муайян мегардад. Далел овардан зарур аст, ки аз кори иҷрошуда метавон қаноатмандии зиёд гирифт, агар дар он кор Шумо эҷодкорӣ ворид намоед.
Супориши 6. N дар муддати 3 соли охир дар ширкати истеҳсолии на он қадар калони шаҳри D кор кардааст. Ширкат ба пешбурди истеҳсоли маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза зери маркаи BIO фаъолият менамояд, яъне аслан барои мизоҷони маҳдуди сарватманд маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар муддати се сол ширкат ба натиҷаҳои назарраси баланди маркетингӣ ноил гардид, дар натиҷа зери чашми ширкатҳои бузург афтод. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дурудароз ва корбарӣ аз тарафи ширкати Х харидорӣ карда шуд.
N якҷоя бо ҳайати гурӯҳи дӯстон ба ширкати Х ҳамроҳ шуд. Якҷояшавӣ дар сатҳи кифоя ва ором гузашт. Х дар шаҳри D соҳиби муассиса буд. Ростӣ, ҳангоми харидани ширкат ба ҳаяҷон афтод, зеро кормандонро яке аз мизоҷи пештара мехост ба худ ҷалб намояд. Аммо Х пешниҳод намуд, ки музди маошро 1,5 маротиба баланд мебардорад ва кормандон ба таври фаврӣ ба тарафҳо назар мекарданд.
N дар ширкати нав худро дар мавқеи менеҷер ҳис кард, ки дар ширкат як қатор корҳои шавқовар, манфиатбахш ва ғайриманфиатбахш иҷро мекард. Яке аз ӯҳдадории расмии ӯ аттестатсияи кормандон ба ҳисоб мерафт.
Тартиб дар назар оддӣ ва дар аввал содда буд. Менеҷерони чор ҳайати гурӯҳ ҷамъ гардиданд, аз ҷумла N низ ҳузур дошт. Якчанд соат онҳо муҳандисони ҳайати гурӯҳи кории худашонро аз 1 то Т, вобаста аз он ки, чӣ қадр кор мекарданд, қатор менамуданд. Ҳама ба таври гуногун кор кардаанд, аммо дар натиҷаи ниҳоӣ N хело қаноатманд гардид, чунки қариб ҳамаи ҳайати кориаш ба гурӯҳи кормандони беҳтарин шомил гардиданд ва иловатан А ва В ба гурӯҳи кормандони миёна шомил шуданд.
Дар инҷо ҳолати ғайричашмдошт ба вуқуъ пайваст. Аз рӯи тартиб дараҷа ва музди маоши кормандон барои мувофиқат кардани онҳо бо ҷойи кориашон ва маоши гирифтаашон таҳлил карда шуд. Пас, маълум гардид, ки музди маоши гурӯҳи муҳандисони беҳтарин аз гурӯҳи муҳандисони оддӣ 1,5 маротиба зиёдтар будааст ва ин маънои онро дошт, ки муҳандисони А ва В, ки ба рӯйхати миёна шомил гардида буданд, вобаста ба музди маоши гирифтаашон кор накардаанд. Аз онҳо болотар 12 нафар мухандис бо музди маоши пасттар қарор дошт.
Хусусияти ин тартиб бо он алоқаманд аст, ки аз рӯи натиҷаи муҳокимаронӣ 5%-и кормандон бояд хабари нохушро мегирифтанд. Ҳолати ба вуҷудомадаи масъалаи музди маоши муҳандисонро N дид ва дарк кард, ки ин ду нафар бояд А ва В бошанд. Боқимонда менеҷерон ба оромӣ дода шуданд ва қайд намуданд, ки ана он 5%-и кормандоне, ки ӯҳдадориҳояшонро иҷро намекунанд, муайян шуданд.
N фикр кард, ки чӣ гуна назди А ва В рафта қайд менамояд, ки дар ин сол онҳо ягон хел иловапулӣ ба маош намегиранд, дар сурате, ки ду рӯз пеш миннатдории худро тавассути хаттӣ барои супоридани лоиҳа баён намуда буд. Корманди В то ба рӯзи охирин қариб ҳамарӯза ба рафиқонаш мегуфт, ки қарзи ипотекӣ гирифтааст. «Хуб мешавад агар назди онҳо рафта гӯям, ки бачаҳо корамон омад накард, маро бубахшед, нашуд… - фирк кард N.
Каме рӯҳбаландӣ менамуд, ки ҷаласа, ҷаласаи пешакӣ ва асосӣ набуд. Менеҷерон пешакӣ ҷамъ омада, мулоҳизаронӣ намуда буданд ва намехостанд, ки ҳангоми ҷаласаи асосӣ вақти зиёдатӣ гузаронанд. Ҷаласаи ниҳоӣ, ки дар он роҳбари корхона ва сардори шуъбаи кадр иштирок менамуданд, пас аз як рӯз монда шуда буд. N алҳол барои он, ки чӣ гуна аз ҳолат берун барояд ду рӯз муҳлатдошт…
Савол: N дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунад?