2.3. Марҳилаҳо ва тартиби қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ

Қарорҳои идоракунӣ ва тадбирҳо доир ба амалисозии онҳо дар низоми идоракунии давлатӣ нақши марказиро иҷро менамоянд. Қарорҳо манфиатҳои иҷтимоии гуногун ва мавқеъҳои сиёсӣ, мақсадҳои стратегӣ ва масъалаҳои фаврӣ, лоиҳаҳо ва қарорҳои амалии садҳо роҳбарони давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва миллионҳо шаҳрвандонро ба ҳам алоқаманд менамоянд1.

Ба ҳайси субъектҳои идоракунии давлатӣ мақомоти қонунбарор ва иҷроия, ки таъсиррасонии мустақим ва ғайримустақимро тибқи ваколати худ иҷро менамоянд, баромад мекунанд.

Объекти идоракунии давлатӣ равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, институтҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Дар адабиёти илмӣ ҳангоми муайян сохтани мавқеи қарорҳои давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ назарияҳои илмии маҳдуд ва васеъро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Тибқи назарияи илмии васеъ қарор дар маҷмуъ ва аз ҷумла қарори давлатӣ бо идоракунӣ дар маҷмуъ ва бо идоракунии давлатӣ аз чумла мувофиқ мебошад. Назарияи мазкур дар таҳқиқоти Г. Саймон ба назар мерасад, ки ӯ таҳти қарор раванди пайвандкунандаеро мефаҳмад.

Тавре А.А.Дегтярев қайд менамояд «дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати ҷамъиятӣ андешаи “маҳдуд” нисбат ба истилоҳи “қарор” (Ҷ. Андерсон, М. Хилл, А. Карпов ва дигарон) ҷой дорад, ки мувофиқи он махсусан қабул (тасдиқи)-и қарорҳо ҳамчун яке аз функсияҳои сиёсати ҷамъиятӣ (pubic policy) ё худ дар қатори марҳилаҳои таҳлилӣ ва амалии амалисозии қарорҳо ҳамчун яке аз марҳилаҳои раванди идоракунӣ баромад мекунад2.

Идоракунии сиёсӣ баъзан вакт бо истилоҳи қарор ҳаммонанд кардан мумкин аст, аммо аксар вақт сиёсати ҷамъиятӣ гурӯҳи қарорҳои мақсаднокро дар бар мегирад ё худ он қарореро дар бар мегирад, ки аз балоиҳагирии содда васеътар аст. Сиёсати ҷамъиятӣ-давлатӣ дар марҳилаи қарор назар ба марҳилаи таҳия ва қабули онҳо дар дохили раванди сиёсӣ-идоракунӣ зудтар инкишоф меёбад3.

Дар баробари ин, новобаста аз фарқиятҳои зикргардида, тамоми муҳаққиқон эътироф менамоянд, қарорҳо унсури марказӣ ва муҳими идоракунии давлатӣ мебошанд ва мувофиқан моҳияти онҳо аз модели амалишавандаи сиёсати ҷамъиятӣ ва идоракунӣ вобастагӣ дорад.

Таҳия, қабул ва амалисозии қарорҳои давлатӣ раванди мураккаб ва бисёрзинагӣ мебошад, ки дар марҳилаҳои он коркард ва мувофиқасозии мавкеъ доир ба масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ бо ҳадафи амалисозии тадбирҳои таъсиррасонии ҳокимият ба ҷомеа сурат мегирад.

Қабули тамоми қарорҳои идоракунӣ дар ҳолатҳои мураккаб татбиқи технологияҳои оқилонаро тақозо менамояд, ки аз марҳилаҳои пайдарпайи бо ҳам алоқаманд иборатанд, яъне якчанд марҳилаҳои стандартӣ ва пайдарпай, ки онҳоро роҳбар баҳри қабули қарорҳои самаранок бояд амалӣ намояд. Фаъолияти мазкур дар чорчӯбаи усулҳои меъёрӣ доир ба қабули қарор амалӣ мегардад.

Таҳлили раванди қабули қарорҳои давлатӣ ва ҷудо намудани марҳилаҳои он ҳам дар заминаи принсипҳо ва технологияҳои идоракунии умумӣ ва ҳам муқаррароте, ки ба низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хос аст, сурат мегирад.

Яке аз классикони назарияи идоракунӣ Г. Саймон се марҳилаи зеринро ҷудо менамояд:

1) ҷустуҷӯи сабабҳое, ки зарурати қабули қарорҳоро дар низоми идоракунии давлатӣ пеш меорадфаъолияти ҷустуҷӯӣ;

2) тадбирандешӣ, инкишоф ва таҳлили самтҳои имконпазири фаъолиятфаъолияти лоиҳавӣ;

3) интихоби тадбирҳои мушаххаси фаъолият аз роҳҳои имконпазир фаъолият доир ба интихоб.

Дар китоби дарсии М. Мескона ва дигарон раванди қабули қарорҳо ба таври зер тавсиф карда шудааст:4:

1) ташхиси проблемаҳо;

2) муайянсозии чорчӯба ва меъёрҳои қабули қарорҳо;

3) муайянсозии вариантҳои интихобӣ;

4) баҳодиҳии вариантҳои интихобӣ;

5) интихоби вариантҳои интихобӣ;

6) амалисозии вариантҳои интихобӣ;

7) ба даст овардани натиҷаҳо ва тасҳеҳи қарорҳо.

С. Янг дар китоби «Идоракунии системавии ташкилотҳо» 10 марҳилаи қабули қарорҳоро пешниҳод менамояд:

1) муайянсозии мақсадҳои низом;

2) муайянсозии проблемаҳо;

3) таҳқиқи проблемаҳо ва гузаронидани ташхис;

4) ҷустуҷӯи роҳи ҳалли проблемаҳо;

5) баҳодиҳии вариантҳои интихобӣ ва ва интихоби варианти беҳтарин;

6) мувофиқасозии қарорҳо;

7) тасдиқи қарорҳо;

8) омодагӣ ба татбиқи қарорҳо;

9) идоракунии раванди татбиқи қарорҳо;

10) санҷиши самаранокии қарорҳо5.

Раванди қабули қарорҳои идоракунӣ бо роҳи истифодаи як қатор тартиботи махсус амалӣ карда мешавад. Одатан маҷмуи тартибот доир ба қабули қарорҳои идоракунӣ “регламент” номида мешавад.

Тартиби воқеии қабули қарорҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои вилоятҳо ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ муқаррар карда шудааст. Дар оинномаҳо номгӯи меъёрӣ ва ғайримеъёрии санадҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Раванди қабули қарорҳо дар мақомоти қонунбарор бо регламент муқаррар гардидааст. Вай номгӯи нишондодҳоро дар бар мегирад, ки ҷиҳати муйян намудани тартибот дар чорчӯбаи уҳдадориҳо ва тақсимоти ҷавобгарӣ миёни аъзоёни алоҳидаи мақомоти маъмурӣ муосидат менамояд.

Унсурҳои асосии регламент тартиби даъвати сессияҳо, ҷаласаҳои парлумонӣ, ҷаласаи комиссияҳо ва кумитаҳо, кворум, салоҳияти депутатҳо ва тартиби татбиқи ҳуқуқҳо мебошанд.

Якчанд намудҳои гуногун регламентҳо мавҷуданд – регламенти гузаронидани машваратҳо ва сессияҳо, регламенти интиқоли ҳуҷҷатҳо, регламенти қабули қарорҳо.

Регламенти гузаронидаи машваратҳо ва сессияҳо баҳри ба тартиб даровардани кори чорабиниҳои калон муқаррар карда мешавад.

Регламенти қабули қарорҳо тартиби омодасозӣ ва қабули қарорҳоро дар зинаҳои гуногуни идоракунӣ муайян менамояд. Вай чунин фаслҳоро дар бар мегирад:

      • сохтори мақомоти маъмурӣ;

      • салоҳияти шахсони масъул, тартиби интихоби шахсони масъул;

      • фаъолияти ҷорӣ доир ба ҳамоҳангсозӣ (таъсиси комиссияҳо);

      • тақсимоти воситаҳои молиявӣ.

Дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ зербобҳои муҳимтарини регламентҳо инҳо мебошанд: баробарии субъектҳо ҳангоми қабули қарорҳо, тартиби қабули лоиҳаҳо, қабули санадҳои меъёрӣ, муқаррарсозии муҳлатҳои назоратии пешниҳод ва баррасии ҳуҷҷатҳо, тартиби тасдиқи шахсони мансабдор, тартиби ҳамкории дуҷонибаи роҳбарони шохаҳои намояндагӣ ва иҷроия, тартиби сарҳисоби роҳбарони шохаҳои намояндагӣ ва иҷроия, тартиби даъвати онҳо, тарзи ҳалли муноқишаҳо дар байни шохаҳои ҳокимият, тартиби баррасии дархости намояндагони халқ ва арзу шикоятҳои аҳолӣ.

Регламенти интиқоли ҳуҷҷатҳо дар тартиби бақайдгирӣ ва интиқоли ҳуҷҷатҳо тавассути низоми идоракунии ҳуҷҷатҳои амрдиҳӣ ифода меёбад, ки дар заминаи қонунгузорӣ сурат мегирад.

Ҳангоми интиқоли ҳуҷҷатҳо мавҷудияти се марҳила дар назар аст:

1. Марҳилаи воридшавӣ – ҳуҷҷат аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳият барои баррасӣ қабул карда мешавад.

2. Марҳилаи баррасии ҳуҷҷат ба хадамоти мувофиқ, шахси мансабдори масъул, ки функисяҳои он ба самти ҳуҷҷат мувофиқ аст, салоҳият барои таҳлили ҳуччат манзур карда мешавад.

3. Марҳилаи содиротӣдар доираи меъёрҳои мавҷуда ва вобаста ба мундариҷаи ҳуҷҷати воридшуда ҷавоб содир карда мешавад.

Регламенти интиқоли ҳуҷҷатҳо дар чорчӯбаи ҳуҷҷатгузории тамоми ташкилоту муассисаҳо сурат мегирад ва дар танзими низоми таҳияи қабули қарорҳо нақши муҳимро иҷро менамояд.

Дар низоми идоракунии давлатӣ хеле дақиқ ва дурусту саҳеҳ талаботи ҳокимият, яъне қарорҳои қабулшавандаро ифода намудан зарур аст. Бинобар ин, дар амалияи ҳуқуқ ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ талаботи махсус ҷорӣ карда мешавад, аз ҷумла: сохтор, мутаносибияти қисматҳо, моддаҳо, бандҳо ва зербандҳо, барасмиятдарории муқаррарот, истилоҳоти истифодашаванда ва ғайраҳо. Баъзе аз қоидаҳои техникаи ҳуқуқиро меорем:

а) муайянсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва нишондодҳо;

б) дақиқ муайян сохтани мазмуну мундариҷаи мафҳумҳо ва истилоҳоти истифодашаванда;

в) забони ифода

г) сарлавҳаи дақиқи бобҳо ва моддаҳо;

д) иқтибос ба дигар моддаҳо; е) ифодаи дурусти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва субъектҳои дигар;

ж) реквизитҳо. (реквизитҳои қарорҳои давлатӣ, аз рӯи қоида инҳо мебошанд: нишон, номи мақомоти давлатӣ, номи санад (фармон, фармоиш, қарор ва ғ.), сарлавҳо (дар бораи чӣ), рақам, санаи қабул (имзогузорӣ), имзои шахси масъул (мансабдор), визаи мувофиқасозӣ, иҷрокунанда ва ғ.).

Ҳангоми мураттабсозии раванди таҳияи қарорҳои идоракунӣ, мақомоти идоракунӣ бо талаботи умумиро нисбат ба онҳо дар дастурамалҳои муассисавӣ ва ҳуҷҷатгузории хизматӣ стандартӣ намоянд.

Тартиботи идоракунӣ, ки бо қабули қарорҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ алоқаманданд, ба фаъолияти самараноки дастгоҳи идоракунии давлатӣ мусоидат намуда, ҷанбаҳои мухталиф, комил ва объективонаи таҳлили проблемаҳо ва ҳолатҳои мушаххассро таъмин менамоянд. Инчунин онҳо баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои идоракунии давлатӣ мусоидат намуда, барои амалисозии ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва иштирокчиоёни дигари фаъолияти давлатӣ шароит фароҳам месозанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарорҳои идоракуниро қабул намуда, уҳдадориҳои бар дӯши худ вогузоршударо баҳри ҳалли вазифаҳо ва функсияҳо дар доираи салоҳияти хеш амалӣ менамояд, яъне манфиати давлатӣ ё худ ҷамъиятиро қонеъ месозад.

Қонеъсозии манфиатҳои ҷамъиятӣ, ки зарурати истифодаи самаранок ва оқилонаи уҳдадориҳои давлатӣ-ҳукуматиро ифода менамоянд, бевосита бо ҳатмӣ будани тартиботи муқарраршуда барои тамоми иштирокчиёни чунин муносибатҳо алоқаманд мебошад. Чунин муносибатҳо дар робита ва ё бо мақсади аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ намудани фаъолияти юристиксионӣ дар доираи салоҳияти ҳуқуқӣ он ба вуҷуд меоянд.

Ҳамин тавр, дар механизми қабули қарорҳои давлатӣ звеноҳои расмӣ (бо меъёрҳо муайяншуда) ва ғайрирасмӣ (он қарорҳое, ки хусусиятҳои таҳлил ва ҳалли проблемаҳои мушаххасро аз лиҳози принсипҳои умумии идоракунӣ ифода менамоянд), тартиботи расмӣ ва ғайрирасмии омодасозии онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мавриди зикр аст, ки ин ҷанбаҳои таҳияи қарорҳо бояд ба ҳам мухолифат накунанд.

1 Дегтяров А.А. Принятие политических решений: учеб. Пособие. М.: КДУ, 2014, С. 14

2 Дегтяров А.А. Принятие политических решений: учеб. Пособие. М.: КДУ, 2014, С. 15

3 Hill M. The policy process in the modern state. L., 1997. P.7.

4 Мескон М.Х., Альберт М., Хедоури Ф. Основы менеджмента: Пер. с англ. – М.: Дело, 2002, С. 59.

5 См.: Соколова Л.Е. Разработка управленческого решения: конспект лекций. – М.: Высшее образование, 2008. – С.49-78.


Последнее изменение: Четверг, 16 ноября 2017, 16:37