2.2. Таснифоти қарорҳои идоракунии давлатӣ

Гуногуншаклии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки танзими давлатиро талаб менамоянд, зарурати қабули намудҳои гуногуни қарорҳои давлатӣ ва мувофиқан амалиётҳои ҳокимиятро пеш меоранд. Дар фаъолияти идоракунӣ, аз рӯи қоида, ду навъи масъалаҳо ҳал карда мешаванд: ҳақиқӣ (бемисл) ва якхела (такроршаванда). Аз ин ҷо бармоеяд, ки қарорҳои қабулшаванда ва амалисозии онҳо воқеӣ ё хос шуда метавонанд.

Масъалаҳои воқеӣ (оригиналӣ)-ро низ ба пуррагӣ якхела ва стандартӣ намудан ғайриимкон аст. Аммо нисбат ба онҳо принсипҳои умумии ҳалли масъалаҳои идоракуниро татбиқ намудан мумкин аст. Аксар маврид ҳам технологияи ҳалли масъалаҳои якхелаи такроршаванда ва ҳам шаклҳои пешниҳоди иттилоотро стандартӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад.

Қарорҳои давлатӣ маъмулан сиёсӣ ва маъмурӣ буда метавонанд. Қарорҳои сиёсӣ доир ба масъалаҳои нисбатан муҳими ҷомеа аз тарафи роҳбарияти сиёсӣ, яъне мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ё аз ҷониби роҳбароне, ки бевосита ваколати мақомоти давлатиро иҷро менамоянд (президент, раиси ҳукумат, намояндагони палатаи парлумон, роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия), қабул карда мешаванд.

Қарорҳои сиёсӣ зинаи аввали қарорҳои давлатиро ташкил менамоянд. Қарорҳои маъмурӣ бошанд, зинаи дуюми қарорҳои давлатиро ташкил намуда, тобеъ ва ёрирасон мебошанд.

Қарорҳои маъмурӣ ҳосила аз қарорҳои сиёсӣ буда, ба таъмини шароитҳо баҳри таҳия, қабул ва амалисозии қарорҳои роҳбарияти сиёсӣ равона карда шудаанд.

Хусусиятҳои хоси фарқкунандаи қарорҳои маъмурии давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо, аз рӯи қоида аксар маврид хислати бемасъулиятӣ (зеро дар таҳияи он шахсони зиёд ширкат меварзанд) доранд. Дар таҳия, қабул ва иҷроиши қарорҳои мазкур шумораи зиёди мутахассисони соҳаҳои гуногун ширкат меварзанд ва бинобар ин, муаллифии он ба номи хизматчии давлатии муайян алоқаманд нест.

Зуҳуроти гуногунҷанбаи фаъолияи ҳаётии ҷомеа ва ҳолатҳое, ки дар он ба вуқуъ мепайванданд, зарурати қабули қарорҳои гуногуни мувофиқро пеш меоранд ва қабули онҳо бояд аз тарафи давлат сурат гирад.

Таснифоти қарорҳои давлатӣ имкон фароҳам месозанд, ки онҳо аз рӯи меъёрҳои муайян, масалан, аз рӯи субъектҳои идоракунӣ, замон ва доираи таъсиррасонӣ, мундариҷа, шакл ва ғайраҳо гурӯҳбандӣ карда шаванд. Ҳамин тавр, қарорҳои давлатӣ ба таври зайл тасниф намудан мумкин аст:




Таснифоти мазкур тавсифи маҷмӯии қарорҳои давлатиро ифода менамояд. Таснифот аломатҳои умумӣ ва нисбатан ба чунин қарорҳо хосро дар бар мегирад.


Last modified: Thursday, 16 November 2017, 4:32 PM