2.4. Хусусиятҳо ва аломатҳои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ

Дар маҷмуъ хусусиятҳои хоси қабули қарорҳои давлатӣ бо ҳамҷоякунии зернизомҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ифода мегардад. Дар баробари ин, идоракунии давлатӣ .ифодакунандаи механизми қабули қарорҳо мебошад ва аз хислати он амалҳо доир ба пешбарӣ ва амалисозии ҳадафҳо вобастагӣ дорад.

Қарорҳои давлатӣ аз нуқтаи назари хусусиятҳо ва тавсифҳои муайян ифода карда мешаванд.

Дар адабиёти илмӣ чунин хусусиятҳои хоси қарорҳоро дар низоми идоракунии давлатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. Қарорҳое, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул гардидаанд ва ҳамчун санадҳои ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуда, аҳамияти ҳуқуқии амалҳои пешбинишударо тавсиф менамоянд. Тадбирҳои дар онҳо муқарраршуда одатан барои иҷроиш ҳатмӣ мебошанд. Аз инҷо чунин хусусияти хоси қарорҳои давлатӣ, чун директивӣ ва ҳатмӣ будани онҳо дида мешаванд. Баъдан ба санади ҳукуматӣ, қарори давлатӣ, аз рӯи қоида, уҳдадор менамояд, дарстур медиҳад, манъ менамояд, ваколат медиҳад, маҳрум месозад, қатъ менамояд, иҷозат медиҳад, ҳавасманд менамояд, ҷазо медиҳад ва ғайраҳо. Гарчанде фаҳмиши муосири қарор раванди ҳамкории мутақобиларо ҳангоми таҳияи он дар назар дорад ва пас аз қабул вай предмети хариду фурӯш ё шартномаҳо буда наметавонад.

2. Барои идоракунии давлатӣ ва қарорҳое, ки дар раванди он қабул карда мешаванд, одатан на як, балки якчанд мақсадҳои ба ҳам алоқаманд хос мебошанд. Масалан, мақсади стратегӣ, асосӣ, доимӣ ва ҳамеша мубрам - қонеъсозии талаботи ҷомеа аз рӯи самтҳои афзалиятноки инкишофи ҷомеа ва давлат мебошад. Ба ин ҳолат, зуҳурот ва омилҳои доимо тағйирёбанда боис мегарданд, ки баҳри бартарафсозӣ ва рафъи онҳо қарорҳои давлатӣ-идоракунӣ амалӣ карда мешаванд.

3. Ғайр аз ин, чунин хусусияти хоси қарорҳои давлатӣ, чун низоми қоидаҳоро фарқ мекунанд, ки тартиби таҳия, муҳокима, қабул, татбиқ, воридсозии тағйирот ва бекорсозии қарорҳоро муайян менамояд.

4. Қарори давлатӣ ҳамкориро бо тамоми нафарони масъул дар назар дорад. Тавре А.А.Дегтярёв одилона қайд менамояд, ягон қарор, ҳатто дар давлати мустабид (деспотитикӣ) ё диктаторӣ, «қатъиян танҳо» қабул карда намешавад, зеро касе бояд фармонро нависад ё фармони диктаторро ба халқ расонад ва баъдан иҷроиши онро таъмин созад. Қарори давлатӣ, аз рӯи қоида, манфиати қисмати муайяни сокинони мамлакатро фаро мегирад.

Дараҷаи ширкати субъектҳои манфиаташон гуногун вобаста ба режими сиёсӣ, модели идоракунии давлатӣ, тарзи қабули қарорҳо аз тарафи роҳбар ва навъи қарорҳо фарқ карда метавонад. Муҳокима ҳангоми муайянсозии пешакии проблемаҳо, муқаррарсозии ҳадафҳо, таҳияи вариантҳои интихобӣ ва ғайраҳо самаранок мебошад. Ширкат омиле мебошад, ки ба зиёд намудани дараҷаи оқилонагии қабули қарорҳо мусоидат менамояд. Ҷавобгарии инфиродии роҳбар дар ин маврид, кам намегардад. Шиори аз қарни гузашта инҷониб машҳур “Идоракунӣ – кори як нафар, муҳокима – кори аксарият” то ба имрӯз ҳақиқати баҳснопазир мебошад.

Фарқият миёни шахсе, ки қарорро қабул менамояд ва иштирокчиён аз лиҳози муайянсозии дараҷаи масъулият хеле муҳим мебошад. Аз рӯи қарори қабулшуда субъекти идоракунӣ ва иштирокчиён ҷавобгар мебошанд, аммо дараҷаи ҷавобгарии онҳо муқоисашаванда нест. Шахсе, ки ба қабули қарорҳои дахлдори давлатӣ масъул аст, қабл аз ҳама, ба сифат ва оқибатҳои он ҷавобгӯ мебошад. Ягонагии масъулият ва ҷавобгарӣ – талаботи ҳатмие мебошад, ки аз субъекти дилхоҳ сатҳи сохтори иерархии ҳокимият ва идоракунӣ тақозо карда мешавад.

Чунин тавсифҳои қарорҳои давлатиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  • нуфузи қарор, ки сатҳи субъекти ҳокимияти давлатии қабулкунандаи қарорро қабул менамояд, ифода мекунад;

  • сатҳи фарогирии қарор, ки фазои сиёсиро тавсиф менамояд ва дар доираи он вай амал мекунад. Инчунин миқдори вазифаҳоеро, ки қарори мазкур фаро мегирад тавсиф менамояд;

  • таъминоти иттилоотии қарорҳо, яъне пойгоҳи иттилоотии қабули он, аз ҷумла иттилооти илмӣ;

  • технология ва тарзи қабули қарорҳомаҷмуи усулҳо ва тарзҳои омодасозӣ ва қабули қарорҳо, тарзи ба даст овардан ва қабули иттилоот, ки барои қарор, тартиб ва хислати муҳокимаи вариантҳои интихобии лоиҳаҳо, инчунин муайянсозии самтҳои афзалиятнони он заруранд;

  • навъҳои қабули қарорҳо — демократӣ ё авторитарӣ;

  • аҳамияти амалии қарорҳо.

Ҳамин тавр, дар хулоса қайд намудан зарур аст, ки қарори давлатӣ- унсури асосии сиёсати давлатӣ ва раванди идоракунӣ мебошад, ки бо таъсиррасонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба сохторҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳамкории дуҷонибаи элитаҳо ва гурӯҳҳои шаҳрвандӣ тавсиф мегардад. Моҳияти қарорҳои давлатӣ аз модели идоракунии амалкунанда вобастагӣ дорад.


Последнее изменение: Четверг, 16 ноября 2017, 16:41