3.3. Усули эвристикии қабули қарорҳо.

Таҷрибаи идоракунӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳангоми кабули қарорҳои муайян қисме аз роҳбарон усули ғайрирасмиро истифода менамоянд, ки ба қобилияти таҳлилии шахсони қабулкунандаи қарорҳои идоракунӣ асоснок менамоянд. Ин маҷмӯи усули мантиқӣ ва методикаи интихоби қарори муносби роҳбар тавассути қиёсҳои алтернативии назариявӣ бо ҳисоби таҷрибаи ғуншуда мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо усулҳои ғайрирасмӣ ба ҳиссиёти роҳбар алоқаманд мебошанд. Бартарияти онҳо дар он дарҷ мегардад, ки онҳо ба таври автоматӣ интихобмешаванд ва норасоии усули ғайрирасмӣ интихоби қарори хато (ғайрисамаранок)-ро кафолат намедиҳад, чунки ҳиссиёт баъзан ҳолат роҳбарро ба хатогӣ мебарад.

Эвристика ин маҷмӯи усулҳои таҳқиқотӣ, методикаи ҷобаҷогузории саволҳо ва қарори онҳо мебошад, яъне усули омӯзишӣ бо кӯмаки саволҳои ба самти муайян равонашуда мебошад. Усулҳои эфристикӣ ба принсипҳои муайянкунандаи стратегия ва усули шахсоне, ки қарорро ҳангоми муаммоҳои мавчудаи муайян ва номуайян қабул менамоянд, асос меёбад. Онҳо ангезаи эҷодиёти фикррониро дар ҷараёни қабули қарор баланд менамоянд, имконият медиҳанд, ки ақидаҳои навро эҷод намоем ва имконияти баланд бардоштани самаранокии қарорро дар вазифаҳои идоракунӣ истифода намоем.

Усулҳои эвристикӣ мантиқан, фикрронии баркамол ва таҷриба ҳангоми коркарди қарорҳои идоракунӣ мебошанд ва дар навбати худ ақидаҳои нав пайдо мегарданд. Онҳо оддатан усули Суқротро истифода менамоянд, яъне аз шахси ботамкин ахборотро тавассути саволҳои мақсаднок мегиранд. Усулҳо ҳангоми дастнорасӣ ва мавҷуд набудани шароитҳо барои истифодаи усулҳои коркарди расмии қарорҳои идоракунӣ истифода мегарданд.

Асоси усули эвристикиро усули индуксия ташкил медиҳад, яъне гузариш аз шахсӣ ва умумӣ. Инчунин муаммо ба якчанд зермуаммоҳои оддӣ тақсим мегардад. Барои ҳар кадом зермуаммо маҷмӯи вазифа ва маҷмӯи қарорҳои мувофиқ ташкил мегардад. Усулҳои мазкур тақрибан ба пуррагӣ ба санъати фаъолияти идоракунӣ таалуқ доранд. Дар назар аст, ки дар натиҷаи бо муваффақ иҷро намудани ҳамаи муаммоҳои қарор, дар умум ҳамаи муаммоҳо ҳал мегарданд. Ин усулҳо самаранок хоҳанд буд, агар роҳбар ин зермуаммоҳоро чунон тақсимбандӣ намуда бошад, ки онҳо методикаи амалишавии худро дошта бошанд.

Коркарди қарорҳои идоракунӣ барои ҳолатҳои ғайримаъмул, одатан вазифаи нисбатан душвор мебошад. Дар таҷрибаи идоракунӣ чунин вазифаҳо бештар пайдо мегарданд. Ин бо шароитҳои нав алоқаманд мебошад, ки дар онҳо шахс ё коллектив ба фаъолияти истеҳсолӣ рӯ ба рӯ мегардад. Одатан чунин вазифаҳо тадриҷан тавассути муҳокимарониҳо, мутамарказкунии ақидаҳо, рушди роҳҳои нав ва ангезаи фикрронӣ бартараф мегарданд. Ҷамъомад, ҷаласа ва дигар намуди гузаронидани муҳокимаҳои муаммоҳои нав ва қабули қарорҳо ҷиддан ба таҷрибаи кории роҳбарон дохил шудааст. Дар чунин намуди ҷамъомадҳо роҳбарон ва мутахассион карорҳои самаранокеро қабул менамоянд, ки ҳатто ягон шахси доно қувваи қабул намудани онҳоро надорад. Бештари эъҷодкориҳо ва бунёди чизе одатан ҳангоми муҳокимарониҳои коллективӣ ё бо пешниҳоди онҳо пайдо мегардад ва мафҳуми «эврика» ва «эвристика» ба онҳо усули навро додааст.

Ҷамъомад ва чаласаро метавон бо ду усул истифода намуд: бе омодагӣ ва бо омодагӣ.

Бе омодагӣ чунин ҷаласаҳо камсамар мебошанд ва иштирокдоронро қаноатманд намекунонанд. Баъзан кормандон бо хоҳиши на он қадар зиёд ба ҷаласаҳо мераванд. Қонуни Паркинсон дар ин ҷода маъмул аст, ки самаранокии ҷаласа баръакс аз вақти ҷудошуда ва миқдори шахсони даъватшуда бештар аст. Ҷаласаҳои омодашуда дар заминаи усулҳои гуногун, бахусус эвристика асос меёбанд. Эвристика аз ҷудокуниҳои мақсад ва ҳолат иборат мебошад, инчунин ба кам намудани гуногунии онҳо нигаронида шудааст.

Номгӯи гуногуни усулҳои эвристикӣ мавҷуданд:

Номгӯи 1:

  • синтезкунии вазифаҳо;

  • мушаххаскунии вазифа;

  • таҳияи баръакси вазифаҳо;

  • ҳамроҳкунӣ ба дигар сохтор;

  • танқиди қарорҳои ошкор;

  • ҷустуҷӯи шароитҳои воридшавӣ;

  • ҳаракат аз охир ба аввал;

  • наздикшавии маълумотҳо ва мақсад;

  • мубаддалкунии матн ба шакли модел;

  • истифодаи вазифаҳои муайян, дида баромадан аз ҷониби тарафҳои гуногун;

  • таҳлили шарт, таҳлили муноқиша;

  • пешбурди дилхоҳ акидаҳо;

  • аз нав муайян кардани сохтор.

Номгӯи 2:

  • ҳамроҳсозӣ ба дигар сохтор;

  • пешбурд бар зидди гипотеза;

  • танаффус дар қабули якчанд вазифаҳо;

  • дар намуди зуҳури вазифа;

  • танзими сатҳи боварӣ ба худ;

  • ҳаракат аз мақсадҳои умумӣ ба шахсӣ;

  • қайди шарту шароитҳои рамзӣ;

  • муайянсозии самти соҳаи номуайян;

  • ба фаъолият ҳамроҳ намудан;

  • ҷорисозии унсурҳои иловагӣ ё муносибатҳо;

  • ҷудокунии вазифаҳо ба қисмҳо;

  • ҷудокунии мақсадҳои асосӣ;

  • ҷудокунии категорияҳои мантиқӣ;

  • ҷудокунӣ категорияҳои диалектикӣ;

  • инъикос;

  • ивази истилоҳ ба муайянкунӣ.

Меъёрҳои мазкур се фазаи коркарди қарорҳоро дар бар мегирад: таҳлили шартҳои вазифавӣ, ҷӯстуҷӯи қарорҳо ва тафтиши қарорҳо.


Последнее изменение: Понедельник, 20 ноября 2017, 14:29