Салом хонандаи мӯҳтарам!

Ин сомона бо мақсади пешбурди маводҳои таълимии кушодаю дастрас ва рушди омӯзиши фосилавӣ сохта шудааст.

Шумо дар ин сомона имконият доред, ки маводҳои таълимиро дар мавзӯҳои гуногун аз худ намоед. Маводҳои таълимии ин сомона аз тарафи омӯзгорони якчанд макотиби таҳсилоти олии касбии ҶТ ворид карда мешаванд. Омӯзгорон дар ин сомона лексияҳо, корҳои амалӣ, саволҳо барои санҷиш ва адабиёти лозимиро ҷойгир мекунанд, ки донишҷӯён берун аз донишгоҳ тавонанд маводҳои дарсии худро дастрас кунанд.

Инчунин, омӯзгорони хоҳишманди муассисаҳои таълимӣ имконият доранд, ки дар ин сомона маводҳои таълимии худро ҷойгир намоянд ва дар оянда омӯзиши фосилавиро барои толибилмон ба роҳ монанд.

Маълумот:  Аз ҷониби ЮНЕСКО мафҳуми "Маводҳои таълимии дастрас" чунин шарҳ дода шудааст:
«Маводҳои таълимии дастрас – маводҳои омӯзишӣ ва илмӣ дар дастрасии озод ё дорои литсензияе ҳастанд, ки имконияти истифодаи бепул ва дигаргунсозии онҳоро иҷозат медиҳад.
(Сарчашма: Донишгоҳи ЮНЕСКО доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар маориф http://iite.unesco.org/oer/).

Бартарият аз маводҳои таълимии дастрас инҳо мебошанд:

  • Баланд бардоштани сифати таълим ва шумораи толибилмон;
  • Баланд бардоштани обрӯи омӯзгорон;
  • Ҳифзи ҳуқуқи омӯзгорон ҳамчун муаллифи маводи таълимӣ ва илмӣ;
  • Дастрасии доимӣ ба маводҳои таълимӣ;
  • Имконияти ҷалб намудани молия барои рушд.
Умедворем, ки аз ин имконият истифода бурда сатҳи дониш ва малакаи касбии худро баланд мебардоред.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба суроғаи почтаи электронии office[at]centreict.tj  дархост ирсол намоед.


Партофтани категорияҳои курсҳо