ТАВЗЕҲОТ

Сиёсати  давлат  дар  соҳаи  маориф,  пеш  аз  ҳама,  ба  болоравии сифати  таълим,  тайёр  намудани  мутахассисони  баландихтисоси  дар бозори  меҳнат  рақобатпазир,  воридшавӣ  ба  фазои  ягонаи  таҳсилоти ҷаҳонӣ  равона  карда  шудааст.

   Амали  гардидани  ин  сиёсат  ислоҳоти  куллии  соҳаи  маориф,  аз  он ҷумла  ҳамоҳангсозии  низоми  миллии  таҳсилотро  ба  стандартҳои ҷаҳонӣ  тавассути  гузариш  ба  низоми  бисёрзинагии  таҳсилот  ва технологияи  таълими  кредитӣ  тақозо  мекунад.

   Дар  низоми  таҳсилоти  кредитӣ  аз  се  ду  ҳиссаи  ҳаҷми  вақти  таълимӣ ва  маводи  омӯхташаванда  ба  омӯзиши  мустақилонаи  донишҷӯ  тавсия карда  мешавад.  Аз  тарафи  дигар,  ҳаҷми  соатҳои  таълимӣ (лексия, амалӣ,  семинарӣ,  лабораторӣ) кам  шуда,  вақти  барои  кори мустақилонаи  донишҷӯ  зиёд  карда  шудааст.  Дар  ин  маврид  вазифаи омӯзгор  ҳамчун  сарчашмаи  интиқоли  маълумот  таѓйир  ёфта, вай  бояд ташкилкунандаи  раванди  дарккунии  донишҷӯ  бошад,  ба  кори мустақилонаи  он  роҳбарӣ  намояд,  эҷодиёти  илмӣ –техникиро  тақвият бахшад,  маҳорату  малакаи  худмаълумотгирӣ  ва  худтакмилдиҳиро тарбия  намояд.

   Мувофиқи  талаботи  стандартҳои  байналмиллалии  таҳсилот,  сифати тайёрии  касбии  омӯзгори  оянда,  ки  дар  шароити  васеъшавӣ  ва глобализатсияи  муносибатҳои  байналхалқӣ  ба  вуҷуд  омадаанд, ҷавобгӯи  замони  муосир бошад.

   Ҳайати  устодону  кормандони  кафедра  дар  таҳияи  барномаҳои таълимии  фанҳои  талаботҳои  технологияи  таҳсилоти  кредитиро  ба  асос  гирифта,  ҳаҷми  соатҳои  лексионӣ,  семинарӣ  ва  корҳои  фардию мустақилонаро  дар  таносуби  зарурӣ  пешниҳод  намудаанд.

   Агар  дар  маҷмӯъ  барои  тадриси  фанни  алгебра  ва  назарияи  ададҳо (дар  як  нимсола) дар  ҳаҷми  4  кредит(64 соат)  муайян  карда  шуда бошад,  аз  онҳо  2  кредит (32 соат)  барои  лексия,  1 кредит (16 соат) барои  дарсҳои  амалӣ,  1  кредит (16 соат)  барои  кори  мустақилонаи  донишҷӯ  бо роҳбарии  омӯзгор (КМДРО)  ҷудо  карда  мешавад.  Ѓайр  аз ин  ба  миқдори  2  кредит (32 соат)  ҳаҷми  кори  мустақилонаи  донишҷӯ (берун  аз  дарс)  муайян  карда  шудааст.

   Низоми  баҳогузорӣ  ба  дониш,  маҳорат  ва  малакаҳои  ҳосилкардаи донишҷӯён  дар  асоси  тартиби  холдиҳӣ- рейтинги  аз  тарафи  Донишгоҳ  ё  Вазорати  маорифи  Тоҷикистон  пешниҳод  гардида,  ҷараён  мегирад.


Муодилаи дифференсиал¯и гуфта баробариеро меноманд, ки он таг-йир¨ебандах,ои мустак,ил (аргументх,о), функсияи ч,усташаванда ва х,осилах,о ¨е - дифференсиалх,ои онро дар бар мегирад.