Topic outline

  • Тавзеҳот

    Сиёсати  давлат  дар  соҳаи  маориф,  пеш  аз  ҳама,  ба  болоравии сифати  таълим,  тайёр  намудани  мутахассисони  баландихтисоси  дар бозори  меҳнат  рақобатпазир,  воридшавӣ  ба  фазои  ягонаи  таҳсилоти ҷаҳонӣ  равона  карда  шудааст.

       Амали  гардидани  ин  сиёсат  ислоҳоти  куллии  соҳаи  маориф,  аз  он ҷумла  ҳамоҳангсозии  низоми  миллии  таҳсилотро  ба  стандартҳои ҷаҳонӣ  тавассути  гузариш  ба  низоми  бисёрзинагии  таҳсилот  ва технологияи  таълими  кредитӣ  тақозо  мекунад.

       Дар  низоми  таҳсилоти  кредитӣ  аз  се  ду  ҳиссаи  ҳаҷми  вақти  таълимӣ ва  маводи  омӯхташаванда  ба  омӯзиши  мустақилонаи  донишҷӯ  тавсия карда  мешавад.  Аз  тарафи  дигар,  ҳаҷми  соатҳои  таълимӣ (лексия, амалӣ,  семинарӣ,  лабораторӣ) кам  шуда,  вақти  барои  кори мустақилонаи  донишҷӯ  зиёд  карда  шудааст.  Дар  ин  маврид  вазифаи омӯзгор  ҳамчун  сарчашмаи  интиқоли  маълумот  таѓйир  ёфта, вай  бояд ташкилкунандаи  раванди  дарккунии  донишҷӯ  бошад,  ба  кори мустақилонаи  он  роҳбарӣ  намояд,  эҷодиёти  илмӣ –техникиро  тақвият бахшад,  маҳорату  малакаи  худмаълумотгирӣ  ва  худтакмилдиҳиро тарбия  намояд.

       Мувофиқи  талаботи  стандартҳои  байналмиллалии  таҳсилот,  сифати тайёрии  касбии  омӯзгори  оянда,  ки  дар  шароити  васеъшавӣ  ва глобализатсияи  муносибатҳои  байналхалқӣ  ба  вуҷуд  омадаанд, ҷавобгӯи  замони  муосир бошад.

       Ҳайати  устодону  кормандони  кафедра  дар  таҳияи  барномаҳои таълимии  фанҳои  талаботҳои  технологияи  таҳсилоти  кредитиро  ба  асос  гирифта,  ҳаҷми  соатҳои  лексионӣ,  семинарӣ  ва  корҳои  фардию мустақилонаро  дар  таносуби  зарурӣ  пешниҳод  намудаанд.

       Агар  дар  маҷмӯъ  барои  тадриси  фанни  алгебра  ва  назарияи  ададҳо (дар  як  нимсола) дар  ҳаҷми  4  кредит(64 соат)  муайян  карда  шуда бошад,  аз  онҳо  2  кредит (32 соат)  барои  лексия,  1 кредит (16 соат) барои  дарсҳои  амалӣ,  1  кредит (16 соат)  барои  кори  мустақилонаи  донишҷӯ  бо роҳбарии  омӯзгор (КМДРО)  ҷудо  карда  мешавад.  Ѓайр  аз ин  ба  миқдори  2  кредит (32 соат)  ҳаҷми  кори  мустақилонаи  донишҷӯ (берун  аз  дарс)  муайян  карда  шудааст.

       Низоми  баҳогузорӣ  ба  дониш,  маҳорат  ва  малакаҳои  ҳосилкардаи донишҷӯён  дар  асоси  тартиби  холдиҳӣ- рейтинги  аз  тарафи  Донишгоҳ  ё  Вазорати  маорифи  Тоҷикистон  пешниҳод  гардида,  ҷараён  мегирад. 

  • Барномаи фанн (Силлабус)

                                1.1.   Мақоми  фан  дар  тайёрии  касбӣ

       Ба  тайёр  намудани  омӯзгорони  мактабҳои  умумии  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли  мо  диққати  махсус  дода  мешавад.  Ба  ҳамин  мақсад тамоми  қувваи  ҳайати  омӯзгорон,  олимон  ва  ҳамаи  коркунони  вазорати маориф  ба  иҷрои  қарорҳои  президент  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон равона  карда  шудааст.

              Мақсади  асосии  омӯзиши  курси  алгебра  ва  назарияи  ададҳо  аз  он  иборат  аст,  ки  дар  донишҷӯён маданияти  умумии  алгебравиро  тарбия намуда,  барои  аз  худ  кардани  мафҳумҳо  ва  равияҳои  асосии  алгебравӣ кумак  расонад. 

  • Мавзӯъҳои 1 ва 2.

    Маҷмӯъ. Зермаҷмӯъ. Амалҳо бо маҷмӯъҳо.

    Хосиятҳои амалҳо бо маҷмӯъҳо.

    «Маҷмӯъ» мафҳуми асоси (фундаментали) – и математика мебошад. Ин мафҳум то ҳол таърифи аксиоматикӣ надорад ва фаҳмиши ибтидоиро дар бораи он фақат бо ёрии мисолҳои конкретию, «таърифҳои» шарҳдиҳанда ҳосил намудан мумкин аст. Масалан, ҳар як шахс ҳатто аз муҳити атрофи  худ бисёр мисолҳои «маҷмӯъ» - ро номбар карда метавонад.

             Объектҳое, ки маҷмӯъро ташкил медиҳанд, элементҳои он маҷмӯъ номида мешаванд.

             Маҷмӯъҳо охирнок (ҳамаи одамон, ҳамаи баргҳои дарахтони ягон боғ ва ҳ.) ва беохир (ҳамаи ададҳои натуралӣ, ҳамаи нуқтаҳои ягон ҳамворӣ ва ҳ.) шуда метавонанд. 

  • Мавзӯъҳои 3 ва 4

    Муносибатҳои бинарӣ ( n – арӣ).

    Муносибатҳои  квивалентӣ ва тартибӣ

  • Мавзӯъи 5.

    Инъикосҳо. Намудҳои инъикос: суръексия, инъексия биексия

  • Мавзӯъи 6.

    Адади комплексӣ.Амалҳо бо ададҳои комплексӣ дар шакли алгебравӣ

  • Мавзӯъи 7

    Тасвири геометрӣ ва шакли тригонометрии адади

    комплексӣ

  • Мавзӯъҳои 8 ва 9.

    Амалҳо бо ададҳои комплексӣ дар шакли тригонометрӣ.  Формулаи Муавр.