Ин курс оиди тарқиби химиявии организмҳои зинда, табадулотҳои химияви ва шароити гузариши реаксияҳои биохимиявӣ дар организми мавҷудот мебошад.

ПЕШГУФТОР

Комплекси таълимӣ-методӣ  оид ба курси методикаи таълими биология мувофиқи талаботи стандарти нави таҳсилот  ва нақшаҳои нави таълимии ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз рӯи ихтисоси № 1-33 -02-01-01 «Биология» барои факултаи  биология мураттаб сохта шудааст.      

 Курси мазкур барои тайёр намудани мутахасисони ояндаи соҳаи омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Ин фан донишҷӯёнро бо паҳлӯҳои асосии назарияи муосири таълими биология дар мактаб шиносо намуда, дар рафти машѓулиятҳои назарию амалӣ, инчунин таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои таҳсилоти  умумӣ ва махсус дар ниҳоди донишҷӯён маҳорату малакаҳои барои фаъолияти амалии омӯзгори  биология муҳим, аз он ҷумла салоҳиятҳои коммуникативӣ ва касбии онҳоро  ҳосил намуда,  ташаккул медиҳад.

            Фанни «Методикаи таълими биология» ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши  фанҳои умумикасбӣ аз рӯи ихтисоси 1-33-02-01-01 «Биология» дохил мешавад.

 Дар нақшаи таълимии заминавӣ, нақшаи корӣ аз рӯи ихтисос ва Барномаи таълим барои омӯзиши фанни мазкур дар як семестр 6 кредит (96 соат) ҷудо шудааст. Барои таълими назариявӣ 3 кредит (48 соат), машѓулиятҳои амалӣ 1 кредит (16 соат), барои машѓулиятҳои аудитории корҳои мустақилонаи  донишҷӯён (КМДРО) 2 кредит (32 соат) ҷудо шудааст.  Фанни мазкур дар семестри  панчум ва шашум ба нақша гирифта шудааст.

Дарсҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои  мустақилонаи донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгор (КМДРО) дар ҷадвали дарсҳо гузошта мешаванд  ва ба сарбории умумии таълимии омӯзгор ва донишҷӯ ворид карда мешаванд. Номгӯи корҳо ва супоришҳои барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешбинишуда (2 кредит) ба ҳаҷми умумии сарбории омӯзгор дохил намешавад. Аммо омӯзгори фан рафти иҷрои КМД-ро назорат мебарад ва дар журнали кафедра қайд мегузорад. 


Фанни "Химия ва Биология" ба донишҷӯёни курсио 2-юми факултети Химия-Биология ва География, шуъбаи рӯзонаи химия ва биология омузонда мешавад.