Саволҳои санҷишӣ (боби 7)

1. Муҳаррики ҷараёни дойимӣ (МҶД) чист?
2. Дар МҶД самти моменти даврзананда ва моменти борбаст чӣ тавр мебошанд?
3. Суръати гардиши МҶД-ро чӣ тавр муайян намудан мумкин аст?
4. Суръати гашти холии МҶД-ро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?
5. Суръати гардиши МҶД аз чиҳо вобастагӣ дорад?
6. Агар бузургии шиддати манбаъ кам шавад суръати гардиш кам мегардад ё ин кӣ зиёд?
7. Агар бузургии сели майдони магнитии мошина кам гардад пас суръати гардиш зиёд мегардад ё ин ки кам?
8. Характеристикаҳои электромеханикии МҶД аз характеристикаи механикии он фарқ дорад ё не?
9. Талафоти пурраи МҶД аз кадом қисмҳо иборат аст?
10. Талафоти электрикӣ дар МҶД дойимӣ мебошад ё ин тағйирёбанда ва барои чӣ?
11. Коэффитсиенти кори фоиданоки МҶД аз чӣ вобастагӣ дорад?
12. Мувозинати моментҳо мутобиқ ба кадом қонун муайян карда мешавад?
13. Шартҳои устувор амал намудани МҶД аз чӣ вобастагӣ дорад?
14. Кори устувории МҶД-ро чӣ тавр муайян намудан мумкин аст?
15. Бо каждом усуслҳо МҶД-ро ба кор медароранд ва барои чӣ?
16. Тарзи бо реостати иловагӣ ба кор даровардани МҶД-ро фаҳмонед?
17. Бо кадом роҳҳо МҶД-ро боздоштан мумкин мебошад?
18. Боздории рекуперативӣ гуфта кадом намуд боздориро меноманд?
19. Боздории динамикӣ дар МҶД чӣ тавр ба амал бароварда мешавад?
20. Боздории пайвасти баракс дар истеҳсолот барои чӣ бештар истифода меёбанд?
21. Коэффитсиенти кори фоиданоки МҶД чӣ тавр муайян карда мешавад?
22. Кадом намуд талафотҳо талафотҳо тағйирёбанда ҳисобида мешаванд?
23. Кадом намуд талафотҳо талафотҳои дойимӣ номида мешаванд?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:08