Кейсҳо

Кейси №1

Иттиллооти умумӣ: Ташкилоти ғайридавлатӣ доир ба ҳифзи табиат

Ташкилоти ғайридавлатӣ аз 125 корманд, раисони маҳаллаи се биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрагӣ, ки дар наздикии партовгоҳ ҷойгир шудаанд, иборат аст. Шумо дар байни истиқоматкунандагон таҳқиқоти ғайрирасмӣ гузарондед ва муайян сохтед, ки бошандагон омодаанд тарифҳои бештар пардохт намоянд, то партов аз ҳудуди шаҳр берун бурда шавад.

Дар рафти хатсайри таълимӣ доир ба омӯзиши пробоемаҳои партовгоҳ, ба наздикӣ роҳбари Шумо ба Венгрия рафта буд. Ӯ фаҳмид, ки партовҳои сарчашмаи обро ифлоскунанда хатари чунин бемориҳо, ба монанди тиф ва табларзаро зиёд мекунанд.

Ба наздикӣ ҷияни яке аз кормандони Шумо мубталои бемории тиф гардид. Дар шифохона муайян намудед, ки дар моҳи охир дар шаҳр 57 ҳолати бемории тифро ба қайд гирифтаанд. Корманди ташкилот сабаби асосиро дар партовгоҳ мебинад. Шумо ягон далели илмӣ надоред, аммо ба андешаи Шумо проблема дар ҳамин аст. Оё зарурати гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаи мазкур мавҷуд аст ва чӣ гуна?


Кейси №2.

Кадом хусусиятҳо ва анъанаҳои таърихиро баҳри тавсеаи иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ҷамъиятҳои маҳаллӣ ба инобат гирифта, васеъ татбиқ намудан лозим аст?


Last modified: Tuesday, 21 November 2017, 4:08 PM