4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ
4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ
Қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ унсури муҳимтарини низоми идоракунии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Таҷрибаи мамолики пешрафта шаҳодат медиҳад, ки қабули қарорҳои мувофиқашуда дар сатҳи давлатӣ дар муқоиса бо дигар усулҳои қабули қарорҳо самараи бештар дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ шаклҳо ва усулҳои гуногуни ба даст овардани иттилоот мавҷуданд, ки барои қабули қарорҳои самаранок дар идоракунии давлатӣ мусоидат менамоянд. Барои қабули қарорҳо иттилоотро бо роҳи гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, овоздиҳӣ, пурсиш ва ғайраҳо ба даст овардан мумкин аст.
Дар идоракунии давлатӣ қабули қарорҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатии сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешавад ва хеле расмиёти зиёд дорад, зеро қарор на ба як шахс, балки ба ҷомеа ё соҳа дар маҷмуъ тааллуқ дорад.
Аз рӯи қоида, қарорҳо бояд дар он ҷойе қабул карда шаванд, ки мушкилот ҷой дорад. Барои ин хизматчиёни давлатии сатҳи мувофиқро зарур аст, ки бо истифода аз салоҳияти хеш ва уҳдадориҳо ҳолати объекти идоракуниро идора намояд. Шарти муҳими таъсири мусбии қарор мувофиқасозии он бо қарорҳои қаблан қабулшуда, ҳам ба таври амудӣ ва ҳам тариқи уфуқӣ мебошад.
Мундариҷаи қарорҳо иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва технологӣ буда метавонад.
Мундариҷаи иқтисодии қарори идоракунӣ дар он зоҳир мегардад, ки барои таҳия ва амалисозии онҳо хароҷоти молиявӣ, моддӣ ва ғайраҳо зарур мебошад. Бинобар ин, дилхоҳ қарор арзиши воқеӣ дорад. Амалисозии қарори идоракунии самаранок бояд даромади мустақим ва ғайримустақим ворид созад.
Мундариҷаи ташкилии қарорҳои идоракунӣ имкон медиҳад, ки низоми ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо, салоҳиятҳо ва ҷавобгариҳои муайяни кормандон ва хадамоти алоҳида доир ба иҷроиши амалиётҳои ҷудогона, корҳо, марҳилаҳои таҳия ва амалисозии қарорҳо фароҳам сохта шавад.
Мундариҷаи ҳуқуқии қарорҳо дар риояи саривақтии қонунгузориҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои оинномавӣ ва ғайраҳо барои муассиса ифода меёбад (ё худ таҳия ва қабуи санадҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ).
Мундариҷаи технологии қарорҳои идоракунӣ дар имконоти таъмини кормандон бо воситаҳо зарурии техникӣ ва иттилоотӣ баҳри таҳия ва қабули қарорҳо зоҳир мегардад.
Мундариҷаи иҷтимоии қарорҳои идоракунӣ унсури таркибии механизми идоракунии давлатӣ буда, дар назар дорад, ки тамоми қарорҳои қабулшуда ба беҳсозии муҳити иҷтимоии давлат равона карда шудаанд.
Дар адабиёти илмӣ шаклҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, ташкилӣ ва байнимуассисавии қабули қарорҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Шакли ифиродии қабули қарорҳо бо он тавсиф мегардад, ки роҳбар шахсан тамоми марҳилаҳои таҳия ва қабули қарорҳоро аз ибтидо то интиҳо ташкил менамояд. Гарчанде дар амалия роҳбаре, ки қарор қабул менамояд, ҳамеша бо ҷонишиниҳо, мутахассисони зертобеи худ, ва коршиносони ҷалбшуда кор мекунад. Ғайр аз ин, ҳар як корманд низ қарорҳои ҷудогонаро қабул карда метавонад.
Шакли гурӯҳии қабули қарорҳо амалисозии раванди қабули қарорҳоро аз ҷониби нафароне дар назар дорад, ки бо ҳамдигар тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамоянд. Барои ҳалли ин ва ё он проблемаҳо роҳбар гурӯҳҳои мавҷударо истифода менамояд ё гурӯҳҳои навро таъсис медиҳад.
Шакли ташкилии қабули назар ба шакли гурӯҳӣ мураккабтар мебошад, ки бо зиёд намудани шумораи нафарон ва гурӯҳҳои амалкунанда дар ин раванд, фарқият ва дар баъзе ҳолатҳо бархӯрди манфиатҳо ва масъалаҳои ҷойдошта, мураккаб будани сохтор ва робитаҳо дар дохили муассиса, сатҳи баланди таваккал ва номуайянии натиҷаҳо маънидод карда мешавад.
Дар натиҷа қарори ниҳоии аз ҷониби роҳбар қабулшаванда дар сатҳи болоии «дарахти қарорҳо» қарор мегирад, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида, гурӯҳҳо ва сохторҳои гуногун қабул мегарданд.
Шакли байнимуассисавии кабули қарорҳо ҳамкории мутақобилаи байни муассисаву ташкилотҳои мухталиф доир ба танзими муноқишаҳо, тақсимоти оқилонаи захираҳои маҳдуд, баҳисобгирии омилҳои гуногунро тақозо менамояд.
Кайд намудан зарур аст, ки дар раванди қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ мавқеи муҳимро муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ишғол менамоянд. Тавассути гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фикру андешаи аҳолиро оид ба тадбирҳои ҳокимияти давлатӣ дар симои мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба даст овардан мумкин аст.