4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ
Сайт: | Сайт "Открытых образовательных ресурсов" |
Курс: | Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ |
Книга: | 4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ |
Напечатано:: | Гость |
Дата: | Четверг, 21 ноября 2024, 23:46 |
4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ
Қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ унсури муҳимтарини низоми идоракунии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Таҷрибаи мамолики пешрафта шаҳодат медиҳад, ки қабули қарорҳои мувофиқашуда дар сатҳи давлатӣ дар муқоиса бо дигар усулҳои қабули қарорҳо самараи бештар дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ шаклҳо ва усулҳои гуногуни ба даст овардани иттилоот мавҷуданд, ки барои қабули қарорҳои самаранок дар идоракунии давлатӣ мусоидат менамоянд. Барои қабули қарорҳо иттилоотро бо роҳи гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, овоздиҳӣ, пурсиш ва ғайраҳо ба даст овардан мумкин аст.
Дар идоракунии давлатӣ қабули қарорҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатии сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешавад ва хеле расмиёти зиёд дорад, зеро қарор на ба як шахс, балки ба ҷомеа ё соҳа дар маҷмуъ тааллуқ дорад.
Аз рӯи қоида, қарорҳо бояд дар он ҷойе қабул карда шаванд, ки мушкилот ҷой дорад. Барои ин хизматчиёни давлатии сатҳи мувофиқро зарур аст, ки бо истифода аз салоҳияти хеш ва уҳдадориҳо ҳолати объекти идоракуниро идора намояд. Шарти муҳими таъсири мусбии қарор мувофиқасозии он бо қарорҳои қаблан қабулшуда, ҳам ба таври амудӣ ва ҳам тариқи уфуқӣ мебошад.
Мундариҷаи қарорҳо иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва технологӣ буда метавонад.
Мундариҷаи иқтисодии қарори идоракунӣ дар он зоҳир мегардад, ки барои таҳия ва амалисозии онҳо хароҷоти молиявӣ, моддӣ ва ғайраҳо зарур мебошад. Бинобар ин, дилхоҳ қарор арзиши воқеӣ дорад. Амалисозии қарори идоракунии самаранок бояд даромади мустақим ва ғайримустақим ворид созад.
Мундариҷаи ташкилии қарорҳои идоракунӣ имкон медиҳад, ки низоми ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо, салоҳиятҳо ва ҷавобгариҳои муайяни кормандон ва хадамоти алоҳида доир ба иҷроиши амалиётҳои ҷудогона, корҳо, марҳилаҳои таҳия ва амалисозии қарорҳо фароҳам сохта шавад.
Мундариҷаи ҳуқуқии қарорҳо дар риояи саривақтии қонунгузориҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои оинномавӣ ва ғайраҳо барои муассиса ифода меёбад (ё худ таҳия ва қабуи санадҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ).
Мундариҷаи технологии қарорҳои идоракунӣ дар имконоти таъмини кормандон бо воситаҳо зарурии техникӣ ва иттилоотӣ баҳри таҳия ва қабули қарорҳо зоҳир мегардад.
Мундариҷаи иҷтимоии қарорҳои идоракунӣ унсури таркибии механизми идоракунии давлатӣ буда, дар назар дорад, ки тамоми қарорҳои қабулшуда ба беҳсозии муҳити иҷтимоии давлат равона карда шудаанд.
Дар адабиёти илмӣ шаклҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, ташкилӣ ва байнимуассисавии қабули қарорҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Шакли ифиродии қабули қарорҳо бо он тавсиф мегардад, ки роҳбар шахсан тамоми марҳилаҳои таҳия ва қабули қарорҳоро аз ибтидо то интиҳо ташкил менамояд. Гарчанде дар амалия роҳбаре, ки қарор қабул менамояд, ҳамеша бо ҷонишиниҳо, мутахассисони зертобеи худ, ва коршиносони ҷалбшуда кор мекунад. Ғайр аз ин, ҳар як корманд низ қарорҳои ҷудогонаро қабул карда метавонад.
Шакли гурӯҳии қабули қарорҳо амалисозии раванди қабули қарорҳоро аз ҷониби нафароне дар назар дорад, ки бо ҳамдигар тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамоянд. Барои ҳалли ин ва ё он проблемаҳо роҳбар гурӯҳҳои мавҷударо истифода менамояд ё гурӯҳҳои навро таъсис медиҳад.
Шакли ташкилии қабули назар ба шакли гурӯҳӣ мураккабтар мебошад, ки бо зиёд намудани шумораи нафарон ва гурӯҳҳои амалкунанда дар ин раванд, фарқият ва дар баъзе ҳолатҳо бархӯрди манфиатҳо ва масъалаҳои ҷойдошта, мураккаб будани сохтор ва робитаҳо дар дохили муассиса, сатҳи баланди таваккал ва номуайянии натиҷаҳо маънидод карда мешавад.
Дар натиҷа қарори ниҳоии аз ҷониби роҳбар қабулшаванда дар сатҳи болоии «дарахти қарорҳо» қарор мегирад, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида, гурӯҳҳо ва сохторҳои гуногун қабул мегарданд.
Шакли байнимуассисавии кабули қарорҳо ҳамкории мутақобилаи байни муассисаву ташкилотҳои мухталиф доир ба танзими муноқишаҳо, тақсимоти оқилонаи захираҳои маҳдуд, баҳисобгирии омилҳои гуногунро тақозо менамояд.
Кайд намудан зарур аст, ки дар раванди қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ мавқеи муҳимро муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ишғол менамоянд. Тавассути гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фикру андешаи аҳолиро оид ба тадбирҳои ҳокимияти давлатӣ дар симои мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба даст овардан мумкин аст.
Ҷалби шаҳрвандон
Ҷалби шаҳрвандон – дилхоҳ фаъолият ва амале мебошад, ки тавассути он шаҳрвандон ба қабули қарорҳо таъсир расонида метавонанд, ки дар мавриди худ қарорҳои мазкур ба ҳаёти онҳо ва ҳаёти шаҳрвандони дигар таъсири хешро мерасонанд.
Ҷалби шаҳрвандон самаранок маҳсуб меёбад, агар одамон якҷоя барои дастрас намудани иттилоот ё муҳокимаи он ҷамъ оянд ва барои ҳалли проблемаҳо ҳиссаи худро гузоранд. Манфиат аз ҷалби шаҳрвандон аз нуқтаи назари ҷомеа чунин мебошад:
Диалоги доимӣ миёни шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ;
Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда;
Барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда;
Барои паст намудани шадидият дар байни ҷомеа.
Иштироки шаҳравандон принсипи асосии ҷомеаи демократӣ мебошад. Айни замон усулҳои гуногуни ҷалби шаҳрвандон истифода карда мешаванд, аз ҷумла:
Иттилоотонӣ/ахбори расмӣ;
Машваратҳо;
Иштироки фаъол.
Усули иттилоотӣ
Усули иттилоотӣ (ахборот, маълумот) заминаи асосии ширкати шаҳрвандон мебошад. Усулҳои мухталифи пешниҳоди иттилоот мавҷуд мебошанд:
Нашрияҳо: варақаҳои иттиллотӣ, брошюраҳо;
Вохӯриҳои ҷамъиятӣ;
Чорабиниҳои ҷамъиятӣ-иттилоотӣ;
Марказҳои иттилоотӣ барои шаҳрвандон;
Робита бо ВАО: пресс-релиз, пресс конфронс, гуфтушунид;
Фото ё видео мавод.
Машваратҳо аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ бо мақсади бо аҳолӣ муҳокима намудани ҳалли имконпазири проблемаҳо ё роҳҳои пешгирии онҳо гузаронида мешавад. Усулҳои машваратӣ дар бар мегиранд:
Ҷамъкунии иттилоот: пурсиш ва таҳлили бозор;
Ҷамъкунӣ ва таҳлили фикру андешаи шаҳрвандон: пурсиши андешаи ҷомеа, гурӯҳҳои мубоҳисавӣ ва вохӯриҳои ғайрирасмӣ, гуфтушунидҳои ҷамъиятӣ, кумитаҳои машваратӣ ва ғайраҳо.
Чунин усулҳои машваратиро якҷоя бо усулҳои иттилоотонӣ истифода намудан мумкин аст. Барои мисол, резаахборҳои ВАО, брошюраҳо, плакатҳо, намоишномаҳо.
Иштироки фаъол ҷалби бештари шаҳрвандон – шурӯъ аз қабули муштараки қарорҳо то дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандонро дар назар дорад. Усулҳои иштироки фаъоли шаҳрвандон дар бар мегиранд:
Усулҳои иттилоотӣ ва машваратӣ;
Таҳлили ҷонибҳое, ки мароқ зоҳир менамоянд;
Усулҳои интерактивӣ: «ҳуҷуми зеҳнӣ», таҳлили SWOT;
Мураттабсозии муштараки нақшаҳо;
Таъсиси гурӯҳҳои корӣ;
Таъсиси кумитаҳои машваратӣ;
Ҳамкорӣ дар сатҳи маҳаллаҳо;
Пешниҳоди бурсия (грант)-ҳо, дастгирӣ ва машваратдиҳӣ – барои иҷроиши баъзе уҳдадориҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешаванд, аз ҷумла дар он ҳудудҳое, ки қарорҳо амалӣ карда мешаванд. Тартиби гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дақиқат ба танзим дароварда шудааст ва марҳилаҳои асосии зеринро дар бар мегирад:
огоҳсозӣ оид ба баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
шиносоӣ бо ариза оид ба таъсиррасонии имконпазир ба қабули қарорҳо, ки тавсифи тартиби баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад;
баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
тартибдиҳии протоколи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо замимасозии номгӯи эродҳо ва пешниҳодот, ки аз тарафи ҷомеа ҳангоми баргузории муҳокимаҳо манзур гардидаанд (бо асосноккунии қабул ё рад намудани онҳо).
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ – вохӯрии ҷамъиятӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ барои мубодилаи иттилоот ва/ ё ба даст овардани шарҳи шаҳрвандон доир ба фаъолияти ҷорӣ ва ояндаи ҳукумат гузаронида мешавад.
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо ҳадафҳои зерин гузаронида мешаванд :
барои ба даст овардани пешниҳодоти ҷомеа баҳри қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ;
барои ба даст овардани нуқтаи назари ҷомеа дар самти хароҷоти буҷети давлатӣ;
аҳолие, ки бо иттилоот таъмин аст, бештар қарорҳои аз тарафи ҳукумат қабулшавандаро дастгирӣ менамояд;
аҳолӣ ҳалли самараноки ин ва ё он масъалаҳоро пешниҳод карда метавонад;
дастрасӣ ба иттилоот таъмин мегардад;
шаффофияти раванди қабули қарорҳои ҳукуматиро зиёд менамояд;
шаҳрвандон ба фаъолияти ҳукумат ҷалб карда мешаванд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе маълумотҳои ҳукуматӣ бояд халқӣ гардонида шаванд (ба ҳалқ расонида шаванд):
Буҷет;
Нақшаҳои инкишофи шаҳр;
Масоили ҳифзи муҳити зист.
Дар Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти байналмилалии Шарикии буҷетии байналмилалӣ тадқиқоти Шохиси шаффофияти буҷети давлатии Тоҷикистон гузаронида шуд. Пурсишҳо аввалин маротиба соли 2006 (59 мамлакат), баъдан солҳои 2008 (85 мамлакат), 2010 (94 мамлакат), 2012 (100 мамлакат), 2014 (101 мамлакат) гузаронида шуданд. Раванди пурраи таҳқиқот бештар аз 18 моҳро дар бар мегирад. Таҳқиқот дар асоси пурсишнома гузаронида мешавад, ки барои ҳар як мамлакат аз ҷониби коршиносони мустақил доир ба буҷет пур карда мешавад. Коршиносони мазкур бо ҳукуматҳои миллӣ робита надоранд. Баъдан пурсишнома аз ҷониби ду нафар коршиноси мустақили ниҳонӣ баррасӣ мегарданд, ки онҳо низ бо ҳукумат робита надоранд. Ғайр аз ин, Шарикии буҷетии байналмилалӣ ба ҳукумат муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки доир ба натиҷаҳои пурсиш фикру андешаи хешро иброз намоянд ва то тасдиқ намудани натиҷаи таҳқиқот эродҳои пешниҳодшударо баррасӣ менамояд.
Пурсишномаи таҳқиқоти мазкур аз 5 фасл иборат буда, дар соли 2012 аз 125 савол, соли 2014 аз 133 савол ва дар соли 2016 аз 142 савол иборат буд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти соли 2012.
Шохиси шаффофияти буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2012 аз 100 холи имконпазир 17 холро ташкил дод. Дар муқоиса бо мамолики ҳамсоя мавқеи Тоҷикистон нисбатан паст буд.
Дар Тоҷикистон баҳри татбиқи тавсияҳои Шарикии буҷетии байналмилалӣ (июни 2013-феврали 2014) корҳои муайяне ба сомон расинида шуданд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои давлатӣ чунин ҳуҷҷатҳоро таҳия намуданд, ки қаблан дастрас набуданд:
Лоиҳаи пешакии буҷет
Лоиҳаи буҷети ҳокимияти иҷроия
Буҷети шаҳрвандӣ
Натиҷа нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо баҳодиҳиҳои қаблӣ шохиси мазкур 8 зина боло рафтааст, аммо он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон паст аст ва қаноатмандкунанда нест.
Мушкилоти асосӣ дар ин самт:
баъзе ҳуҷҷатҳо доир ба буҷет, яъне раванди иҷроиш ва назорати буҷет то ҳол нашр нагардидаанд ва ба ҷомеа дастрас нестанд;
мавҷуд набудани ҳисоботи солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ, варианти ҳисоботҳои семоҳа ва аудиторӣ барои шаҳрвандон;
санаи интишори баъзе ҳуҷҷатҳои буҷетӣ ба таҷрибаи пешқадам мувофиқ нестанд: ҳисоботи солонаи оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ;
дар сатҳи қонунгузорӣ механизми ҳуқуқии таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ ва ҳавасмандгардонии иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ ба таври комил таҳия карда нашудааст: зарур аст, ки Қонун «Дар бораи шаффофият», Қонун «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ»;
сифати ҳуҷҷатҳои буҷетии нашршуда, ки ба ҷомеа дастрас аст, ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мувофиқат намекунад.
Гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ шаффофиятро дар низоми идоракунии давлатӣ таъмин менамояд ва майдон барои муколама байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ мебошад. Тавассути баргузории муҳокимаҳои шаҳрвандӣ механизмҳои мухталифи шаклҳои демократии идоракуниро фарохам сохтан мумкин аст.
Шакли демократии идоракунӣ дар назар дорад:
хизматрасониҳои заминавии аввалия тибқи афзалиятҳои аҳолӣ;
таҳтулҳисоботӣ будан дар назди аҳолӣ доир ба хароҷоти андозӣ ва тарифҳо;
таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷоти аҳолӣ;
иттилоотонии аҳолӣ оид ба проблемаҳо;
ба роҳ мондани фаъолияти кушода ва шаффофи ҳукумат.
Амалисозии тадбирҳои мазкур иштироки шаҳрвандонро дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи давлатӣ таъмин менамояд, ки бевосита бо ҳаёти аҳолӣ алоқаманд мебошанд.
Шаклҳо ва роҳҳои мухталифи ҷалби шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мавҷуд мебошанд.
1) Таъмини дастрасӣ ба иттилоот
Нусхаи буҷет;
Нусхаи қонунҳои нав;
2) Мубодилаи иттилоот
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
Вохӯрӣ бо ҷомеа;
3) Ҳамкории муштарак бо ҳукумат
Кумитаҳои машваратии шаҳрвандон;
Вохӯрии коршиносон.
Барои ташкил ва баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама зарур аст:
Дақиқ муайян намудан зарур аст, ки аз баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ чӣ мехоҳед!
ба аҳолӣ оид ба нақшаҳои буҷетӣ иттилоот диҳед;
сабаби ҷорисозии тарифи навро фаҳмонед;
эътирози онҳоро доир ба партовгоҳи нав гӯш кунед;
пешниҳодотро доир ба беҳсозии вазъи мактабҳо ҷамъ кунед.
Тавассусти почта ё дигар роҳҳо оид ба баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ имаълумот додан лозим аст. Ба аҳолӣ баҳри шиносоӣ бо иттилоот оид ба вохӯрӣ вақт ҷудо намудан лозим аст. Маълумотро якчанд рӯз қабл аз оғози вохӯрӣ ирсол намудан лозим аст. Мактуби иттилоотӣ бояд маълумоти асосии зеринро дар бар гирад:
Мавзӯи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ
Мақсади гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ
Пешниҳод намудани иттилоот;
Гӯш намудани фикру андеша;
Иттилоот оид ба тағйирдиҳии тарифҳо ва ғайраҳо.
Ҳангоми гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фазои дӯстонаро баҳри баландбардории самаранокии чорабинии мазкур фароҳам намудан лозим аст. Дар муҳокимаҳо фазои дӯстонаи мулоҳизарониро дар он ҳолате фароҳам намудан имконпазир аст, ки агар роҳбарикунанда ва тамоми шахсони вазифавии иштирокдошта худро ҳамчун меҳмондӯст нишон медиҳанд ва бо хушнудӣ аҳолиро пешвоз гиранд. Албатта, фароҳамсозии чунин фазо, қабл аз ҳама, аз қобилияти ташкилотчии чорабиниҳо вобастагӣ дорад. Нақши ташкилотчии муҳокимаҳо/машваратҳо дар таъмини фазои орому дӯстона аҳамият ва нақши ҳалкунанда дорад.
Кӣ бояд иштирок намояд?
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ба ҳама дастрас мебошанд, яъне дилхоҳ шаҳрванд дар раванди гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида метавонад. Вобаста ба мавзӯи муҳокимаи ҷамъиятӣ ин ва ё он гурӯҳи аҳолӣ барои иштирок бештар мароқ зоҳир карда метавонад.
Дар раванди гузаронидани муҳокимаҳо доир ба масъалаҳое, ки ба табақаҳои ҷудогонаи аҳолӣ тааллуқ доранд, ба намояндагони категорияи мазкур даъватномаи махсус ирсол намудан лозим аст. Масалан:
Онҳое, ки дар наздикии мактаби нав зиндагӣ ҳоҳанд кард;
Шаҳрвандоне, ки дар назди партовгоҳи нав зиндагӣ мекунанд;
Ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар ин самт фаъолият менамоянд;
Донорҳое, ки дар амалисозии лоиҳаи мазкур кӯмак расонида метавонанд.
Дар мактуби иттилоотӣ нишон додан зарур аст, ки дар куҷо ва кай муҳокимаҳои ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд. Инчунин иттилооти зеринро пешниҳод намудан лозим аст:
омодасозии резаахбор (пресс-релиз);
оид ба мақсади баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
оид ба натиҷаҳои интизорӣ;
оид ба иштирокчиён.
Нусхаи тамоми маводи тақсимотиро пешакӣ равон намудан лозим аст! Омодасозии маводи тақсимотӣ барои расонидани иттилоот ба аҳолӣ ва иштирокчиёни муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳокимашаванда зарур мебошад. Барои гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ зарур аст:
омода намудани барномаи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
истифода кардани ҷадвалҳо ва диаграммаҳо доир ба иттилооти молиявӣ;
омода сохтани нусхаи ҳоисоботҳо ё мундариҷаи мухтасари ҳисоботҳои калонҳаҷм;
омода кардани мундариҷаи мухтасари тавсияҳои коршиносон;
аз рӯи имконият пешакӣ омода сохтани маводи тақсимотӣ.
Муҳокимаҳои ҷамъиятиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё толорҳои хусусӣ баргузор намудан мумкин аст. Аз ҳама муҳим зарур аст, ки ҷойгиршавии онҳо мувофиқ бошад ва шаҳрвандон онро бе душворӣ пайдо намоянд. Бино тибқи қоида бояд калон бошад ва иштирокчиёни муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шуда тавонанд.
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ кай гузаронида шаванд?
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дар он ҳолате гузаронида мешаванд, ки агар давлат ба шаҳрвандон ягон хабарро расонидан хоҳад ё фикру андешаи шаҳрвандонро доир ба ин ё он масъала гирифтан хоҳад. Масалан:
пешниҳодоти шаҳрвандонро доир ба проблема кай гирифтан мехоҳед:
то қабули қонуни нав;
то кабули буҷет;
дар раванди шарҳи нақшаи нави шаҳр;
то ҷорисозии тарифи нав;
вақте инро қонун талаб намояд.
Тавре таҷриба шаҳодат медиҳад, айни замон дар Тоҷикистон дар раванди гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ «проблемаҳо» ба вуқӯъ мепайванданд. Барои баррасӣ дар чунин муҳокимаҳо масъалаҳои баҳсталаб пешниҳод мегарданд. Чунин рафтор бо он умед сурат мегирад, ки аъзои ҷомеа баҳри ҳалли проблемаҳои ҷойдошта пешниҳодоти оқилона манзур месозанд. Аз рӯи қоида, дар чунин муҳокимаҳо бо даъватнома ширкат варзидан мумкин аст.
Муҳокимаҳои мазкур чорчӯбаҳои гуногуни баргузорӣ дошта метавонанд.
• «Раванди гуфтушунид»: намояндагони ҷонибҳо андеша ва эътирозҳои дуҷонибаи хешро пешниҳод менамоянд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳалли мусбии проблемаро пайдо намоянд.
• Гурӯҳи корӣ: коршинос ба ҷамъомадагон масъаларо мефаҳмонад ва кӯшиш менамояд, ки доир ба масъалаи муҳокимашаванда ҳалли заруриро пайдо намояд.
• «Ҳуҷуми зеҳнӣ»: муҳокимаҳо таҳти роҳбарии координатор гузаронида мешаванд ва иштирокчиёни муҳокимаҳо пешниҳодоти худро манзур намуда, ҳимоя менамоянд. Муҳокима маъмулан хислати танқидӣ надорад ва шарикон аксар маврид кӯшиш менамоянд, ки мавқеи якдигарро донанд. Онҳое, ки дар қабул намудани қарор масъуланд, ғояҳои пешниҳодгардидаро меомӯзанд ва аз онҳо афзалиятнокашро интихоб менамоянд.
Усулҳои кори коллективӣ.
Усулҳои кори коллективӣ. Усулҳо ва воситаҳои зиёде мавҷуданд, ки барои мубодилаи афкор, мубоҳисаҳо ва ҷустуҷӯи ризоият имконият фароҳам месозанд. Поёнтар чанде аз онҳоро тавсиф менамоем.
«Ҳуҷуми зеҳнӣ». Бартарияти асосии усули мазкур дар он зоҳир мегардад, ки баҳри пешниҳод ва ҷамъкунии ғояҳои нав ва ғайриинтизорӣ имкон фароҳам месозад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳамаи ширкаткунандагони ҷамъомад фикру андешаи хешро иброз намоянд.
Барои ин зарур аст:
ҳавасманд намудани ғояи ҳар як ширкаткунанда;
сабт намудани ҳамаи пешниҳодот;
муҳокима намудани ғояҳои пешниҳодшуда;
пас аз пурсиши аҳолӣ тибқи тартиб ҷобаҷо намудани пешниҳодоти муҳим;
ҷамъбаст намудани натиҷаи муҳокимаҳо ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр, таъминот бо иттилоот раванди қабули қарорро дар низоми идоракунии давлатӣ содда мегардонад. Раванди ба даст овардани иттилоот барои ҳар як мамлакат гуногун ва истисноӣ мебошад. Қабл аз ҳама, раванди мазкур аз шакли идоракунии давлат, сохтори дастгоҳи идоракунӣ, сохтори мақомоти маҳаллӣ, инчунин аз сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва як қатор омилҳои дигар вобастагӣ дорад.