4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ

4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ

Таҷриба нишон медиҳад, ки иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо дар шаклҳои мухталиф сурат мегирад. Дар мамлакатҳои алоҳида иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо бо усулҳо ва воситаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Аксар мамлакатҳо қонунҳои муайянеро қабул менамоянд, ки иштироки шаҳрвандонро дар қабули қарорҳо дар тамоми сатҳҳои идоракунӣ танзим менамоянд. Масалан дар Молдова соли 2008 Қонун «Оид ба шаффофияти раванди қабули қарорҳо» қабул гардида буд, ки тибқи он мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ уҳдадоранд, ки ширкати шаҳрвандонро дар раванди қабули қарорҳо таъмин намоянд.1

Дар Ҷумҳурии Кирғизистон Қонун «Дар бораи худидоракунии маҳаллӣ ва маъмурияти давлатии маҳаллӣ» мавҷуд мебошад, ки масоили иштироки шаҳрвандонро дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи худидоракунии маҳаллӣ танзим менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида доир ба танзими иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мавҷуд нест. Раванди мазкур тавассути санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии алоҳида ба танзим дароварда мешавад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷузъи асосии низоми идоракунии давлатӣ мебошад. Дар шакли демократии идоракунӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳо мавқеи зиёдро доро мебошад.

Истилоҳи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз калимаи римии civitas (аз civis — шаҳрванд) гирифта шуда, ҷамоати шаҳрвандиро ифода менамояд, ки аъзои он субъектҳои ҳуқуқи шаҳрвандии рим (ius civile) буданд. Калимаҳои civitas, civis, ius civile новобаста аз мазмуни сиёсӣ ва ғайрисиёсии онҳо дорои маънии аз ҳам ҷудонашаванда (муттасил) буданд.

Баъдан, тавре В.С. Нерсесянтс зикр менамояд, мазмуни ғайрисиёсии он дар истилоҳи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва мазмуни сиёсии он дар истилоҳи «шаҳрванд» нигоҳ дошта шуд2.

Мавҷудият ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни низоми мураккаби муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дахолати давлат (мустақим ё ғайримустақим) ғайриимкон аст. Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳам алоқаманд ва вобаста мебошанд. Бинобар ин, онҳоро муқобили ҳамдигар ва аз ҳам ҷудо намудан лозим нест.

Дар сарчашмаҳои гуногун шаклҳои мухталифи зоҳиршавии демократияи халқӣ, аз ҷумла чунин ҷанбаи идоракунӣ, ба монанди тартиби қабули қарорҳои ҷамъиятӣ, ки ба таври овоздиҳӣ, интихобот ва ғайраҳо амалӣ мегардиданд, тавсиф карда шудаанд.

Ҳокимияти халқ, чун тарзи идоракунӣ, ки дар ҳаёти тоҷикон мавқеи муҳимро касб намудааст, дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҳаётӣ зоҳир мегардид. Қайд намудан зарур аст, ки шаҳрвандон мустақим ё ғайримустақим дар раванди қабули қарорҳо ширкат варзида, ба натиҷаҳои онҳо таъсир расонида метавонанд.

Анъанаи демократии иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо, ки дар фарҳанги тоҷикон мавҷуд аст, заминаи асосии дигаргунсозиҳои самараноки демократӣ дар мамлакат гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ниҳодҳои муосири демократӣ, аз ҷумла дар сатҳи миллӣ таъсис дода шуданд. Барои мисол, чунин шаклҳои ҳамкорӣ, ба монанди иштироки намояндагони ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ доир ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, муҳокимаи лоиҳаи буҷет ва ғайраҳо (http://minfin.tj/downloads/ protokol.pdf)

Бинобар ин, иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ заминаи асосии механизми фаъолгардонии гуфтугӯи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Новобаста аз он, ки дар Тоҷикистон қонуни алоҳида доир ба танзими иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мавҷуд нест, масоили шаффофият, тобеият ва иштироки шаҳрвандон ҳангоми кабули қарорҳо, иттилоотонии аҳолӣ доир ба ташаббусҳо ва иқдомҳои сохторҳои давлатӣ дар як қатор қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-хуқуқӣ зикр гардидаанд.

Айни замон чунин қонунҳо пойгоҳи меъёрӣ-ҳуқуқиро барои гузаронидани муколамаи миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои давлатӣ ба вуҷуд меоранд:

2 Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства: Учебник для вузов. М.: Норма, Инфра-М, 1999. С. 9, 23