4.3 Шарикии байни ҳукумат, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун шарти қабули қарорҳои самаранок
Айни замон бахши шаҳрвандӣ (ё онро «сектори сеюм» ном мебаранд) дар Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) васеъ ифода карда мегардад. Чунин шаклҳои ҳуқуқии ТҶШ мавҷуданд: иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодия/ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, кооперативӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои деҳот.
Гурӯҳи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз санадҳои ҳуқуқии гуногун ба танзим дароварда мешавад:
1. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз тарафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» танзим карда мешавад ва дар мақомоти ҳуқуқии маҳаллӣ ба қайд гирифта мешавад;
2. иттиҳодия/ассотсиатсияҳои ҳуқуқи шаҳрвандон, фондҳои ҷамъиятӣ, корпоративҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қайди шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба танзим дароварда мешавад ва дар нозироти андозии маҳаллӣ ба қайд гирифта мешавад;
3. ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои деҳот дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ба танзим дароварда мешавад ва дар мақомоти давлатии қудратӣ/ҳукуматҳои маҳаллӣ ба қайд гирифта мешавад1.
Ҳаштод дар сади ТҶШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Аз рӯи маълумоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки реестри марказонидашудаи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро пеш мебарад, дар таърихи 1-уми январи соли 2015 зиёда аз 2800 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст (тақрибан 1000 адади он ҳамчун фаъол ба қайд гирифта шудаанд)2.
Мувофиқи маълумоти Барномаи Фонди Оғохон оид ба дастгирии рушди ҷамъияти кӯҳӣ (MSDSP), миқдори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Дар аввали соли 2015 зиёда аз 1623 мақомоти ҷамъиятии худфаъолиятӣ, маъмул бо номи шӯроҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои деҳот ба қайд гирифта шуда буд, ки аз онҳо: 105 иттиҳоди ичтимоӣ оид ба рушди мақомоти ҷамъиятии худфаъолиятӣ; 11 ассотсиатсияи мақомотҳои ҷамъиятии худфаъолиятӣ; зиёда аз 112 ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АОИ) ва зиёда аз 2600 гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аз тарафи Фонди Оғохон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва водии Рашт дастгирӣ ёфтаанд3.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» «… ҳукумат иҷроиши таъмини ҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро қонунан тавассути андоз ва дигар имтиёзҳо ба танзим медарорад»4 .
Мақомотҳои давлатӣ ва шахсони ӯҳдадор иҷроиши ҳукуқӣ ва манфиатҳои қонунии ташкилотҳои ғайридавлатиро дар мувофиқа бо Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Точикистон таъмин менамоянд ва дар фаъолияташон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Дастгирии давлатӣ метавонад дар намуди маблағгузории мақсадноки (грантҳои давлатӣ) барномаҳои ҷамъиятии манфиатбахши иттиҳодияҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ аз рӯи фармоиши онҳо ифода гардад; ба нуқтаи ниҳоӣ расидани шартномаҳои гуногун, аз ҷумла барои иҷроиши корҳо ва пешниҳодҳои хизматрасонӣ; фармоиши иҷтимоӣ барои иҷроиши барномаҳои давлатии бемаҳдуди иттиҳодияҳои чамъиятӣ дар асоси озмунҳо ва ғайраҳо.5
Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» чунин сохторҳои давлатӣ таҷрибаи ҷудо намудани грантҳои давлатӣ барои ташкили бахши шаҳрвандӣ бо мақсади беҳтарсозии ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодии мақсадноки гуруҳҳоро доранд: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Точикистон, Кумитаи кор бо занҳо ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар навбати худ бояд барои амалишавии манфиатҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ кор баранд ва бунёди фаъолияти худро дар асоси принсипҳои озодӣ, худфаъолиятӣ, қонунӣ ва ошкоро ба роҳ монанд. Онҳо метавонанд кӯмак дар таъмини сифат ва иҷроиши саривақтии барнома ва хизматрасониҳо барои он гурӯҳҳои аҳолӣ росонанд, ки мақсадашон хизматрасонӣ дар мувофиқа бо меъёрҳои қонунии дар боло зикргардида бошад. Бевосита ба ҳайси субъекти идоракунӣ ва рушд баромад намуда, иттиҳодияҳои ҷамъият ҳуқуқ доранд, ки:6
- дар коркарди қарорҳои мақомоти давлатӣ дар мувофиқа бо Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои дахдориштирок намоянд;
- оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббус баромад намуда, ба мақомоти давлатӣ пешниҳод намоянд;
- аз мақомотҳои давлатӣ дар бораи амалисозии зарурати вазифаи оинномавӣ ахборот гиранд, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида;
- иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо мақсади гирифтани фармоишҳои иҷтимоӣ, грантҳо, идрорпулиҳо ва дигароне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон манъ нагардидааст, бартарият барои амалинасозии фаъолияти оинномавӣ;
- дар мувофика бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳавӣ-конструкторӣ, гузаронидани санҷиши лоиҳаҳои ҷамъиятии аҳамияти иҷтимоидошта ва барномаҳо.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо фаъолияти фаъол ва пешбарандаи худ тақрибан хамаи ҷанбаҳои ҳаёти хоҷагидориро дар бар мегиранд, инчунин онҳо бо муаммоҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (дастгирии табақаҳои поёнӣ, кудакон, чавонон, нафақохӯрон, гурезагон, маъюбон ва дигарон) сару кор мегиранд, масъалаҳои саводнокии ҷавонон ва калонсолон, тандурустӣ, экология, баробарии гендерӣ, инчунин муаммоҳои рушди иқтисодиёт ва ҳуқуқӣ шаҳрвандонро низ дар бар мегиранд7.
Асоси шарикии иҷтимоии давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мавҷудияти вазифаҳои умумии дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва кӯшиш барои ҳалли онҳо мебошад. Самти афзалиятноки хамкорӣ истифодаи пойгоҳи маводҳои сохторҳои давлатӣ аз як ҷониб ва тадбирандешӣ барои ҳалли муаммоҳои маҳаллии захираҳои иловагии меҳнатию молиявӣ, ҳалли роҳҳо, шаклҳо ва усулҳо тавассути иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз дигар ҷониб мебошад. Бо мақсади мустаҳкамсозии ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҳалли масъалаҳо бо онҳо соли 1994 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Точикистон сохтори махсус – дастгоҳи машварии давлатӣ оид ба алоқа бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои миллӣ ташкил гардидааст. Чунин намуди сохторҳо дар макомоти давлатии махаллӣ ва фаъолият намуд истодаанд.
Таҷрибаи шарикии иҷтимоии бахши шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ хеле ғанӣ мебошад, ҳамзамон мутаносиби чаппа дорад. Агар ҷанбаҳои мусбии ҳолати ҳамбастагии онҳоро таҳлил намоем, пас қайд намудан зарур аст, ки давлат барои рушди «сектори сеюм» - ташкилотҳои ғайридавлатӣ хеле ҳавасманд мебошадэ. Ин ба он маънист, ки:
- амалкунии ТҶШ дар таҷриба ба амалишавии ҷараёни демократӣ дар ҷомеа ва пеш аз ҳама озодии сухан, ҷаласаҳо, рушди плюрализм мусоидат менамояд, инчунин ҷалби шаҳрвандонро дар ҷараёни ташкили ҷомеаи мутамаддин таъмин менамояд;
- фаъолияти ТҶШ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ба устувории ҷомеаи иҷтимоии тоҷикон мусоидат менамояд;
- фаъолияти ТҶШ ҷалби захираҳои иловагиро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин муаммоҳои гендерӣ имконият медиҳад;
- фаъолияти ТҶШ аз ҳисоби истифодаи роҳҳои мушаххас, фаврӣ ва ғайристандартӣ хеле самаранок мебошад.8
Ҳамбастагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти қудратии сатҳҳои гуногун дар бисёр ҳолатҳо хислати маҳдуди махсусгардӣ доранд. Барои мисол, оид ба масъалаҳои ҷамъиятҳои кудакон ва ҷавонон баъзан ба Кумитаи кор бо ҷавонон муроҷиат менамоянд ва оид ба масъалаи маориф ба шуъбаҳои маориф ва ғайраҳо.
Ҷамъбасти пурсиш, ки аз тарафи ТҶ «Консорсиуми ҳуқуқии тоҷик» дар шаҳри Душанбе соли 2005 гузаронида шуда буд, имконияти ҷудо намудани сабабҳои асосии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро иҷозат дод. Ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатии қудратӣ дар соҳаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак – 49%; муроҷиат намудан ба кӯмаки молиявӣ – 41%; иттилоотонии мақомоти намояндагӣ дар фаъолияти иттиҳодҳо – 32% гирифтани ахборот аз мақомоти қудратӣ оид ба масъалаҳои гуногун – 29%; танзими ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодҳо – 23%.9
Ба шахсоне, ки дар пурсиш ширкат варзиданд, инчунин пешниҳод гардида буд, ки мисолҳои мушаххаси ҳамкории муваффақ ва номуваффақро бо мақомоти қудратӣ манзур намоянд.
Ба сифати мисоли шарикии иҷтимоӣ миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, давлат ва бизнес-сохтор метавонанд ҳамбастагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷиткистон ва Ассотсиатсияи миллии бизнеси хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷиткистон, ки ҳанӯз соли 1994 шурӯъ гардида буд, хизмат намоянд. Чунин Созишномаи сетарафа бо кӯмаки омодагии тарафҳо ба муҳокимаи сохторӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили иқтисодиёти миллӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи иқтисодии соҳибкорон ба миён омада буд10.
Миёни ташкилотҳои ғайридавлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии занона маъмулан хеле фаъол мебошанд, ва дар соли 2008 дар маҷмуъ 40 иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар як ҷамъият «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ» муттаҳид гардида буданд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии занона, ки дар бунёд ва фаъолияти онҳо ташаббусҳои ихтиёрӣ заминаи асосӣ аст, дар ҷалби занҳои тоҷик ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҷараёни ҷомеаи демократӣ нақши калидиро мебозад. Афзалиятҳои фаъолияти кории иттиҳодияҳои ҷамъиятии занона инҳо мебошанд:
- таъмини ҳамбастагии баробарии ҳуқуқ дар ягонагӣ дар ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;
- таъмини шарту шароит барои ба пуррагӣ иштирок намудани занон дар қабули қарорҳои мушаххас;
- таъмини ҳуқуқҳои баробар дар бозори меҳнат;
- таъмини мустақилияти иқтисодӣ ва ҳамбастагӣ дар таъмини ҳифзи тандурустии занон.
Ҷамъияти тоҷикон таърихан дорои шабакаи рушди анъанавии институтҳои шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ буд. Ҷамъиятҳои тоҷикон ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот маъмулан дорои низоми худидоракунӣ дар намуди шаҳрвандӣ ё бо номи шӯроҳои маҳаллӣ буданд.
Чунин шӯроҳо ба ташкили чорабинию анъанаҳои гуногуни дохилии ҷамоатҳо (туйи арӯсиву домодӣ, ҷаноза, ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ) банд буданд; аз тарафи дигар, чунин шӯроҳо ҷойҳои махсус доштанд, ки аъзоёни калонсолони ҷамоатҳо метавонистанд, муаммоҳои маҳаллиро муҳокима намоянд ва нофаҳмиҳои бавуҷудомадаро бартараф намоянд11. Дар ҷамоатҳои муосири тоҷикон нақши махаллҳо хеле баланд аст. Мисол, баъди ба имзо расонидани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 чорабиниҳои асосӣ оид ба танзими мухолифатҳо тадриҷан на дар сатҳи олӣ, балки дар сатҳи маҳаллҳо гузаронида мешуд12.
Ба маҳаллаҳо ӯҳдадориҳои маъмурӣ аз тарафи раиси ҷамоат ва ҳукумат вогузор карда нашудааст, чунки маҳалла воҳиди стандартии давлатӣ ба шумор намеравад. Ҳамзамон, дар баъзе ноҳияҳо ҳамкории зиччи маҳаллаҳо бо сохторҳои қудратии давлатӣ ва баъзан ҳолат ҳатто кӯшиши муттаҳид кардани онҳо ба назар мерасад. Стандартикунонии шаклҳои гуногуни фаъолияти кумитаи маҳаллаҳо душвор аст, аммо маълум аст, ки онҳо фаъолияти асосии мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ба шумор мераванд.
Мисоли ҳамкории муваффақи шӯрои иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллаҳоро бо ҳокимияти маҳаллӣ меоварем: Ҳукумати ноҳияи Ғончии вилояти Суғд оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷиткистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастурамал оид ба гузаронидани анъана ва расму оин» масъалаи нақши кумитаи ҷамоатҳо ва маҳаллаҳоро дар гузаронидани идҳои халқӣ ва дигар чорабиниҳо бо мақсади кам намудани хароҷоти оилаҳо дида баромад. Корро миёни аҳолӣ кумитаи махаллаҳо, шӯрои занон, нафақахӯрон ва дигарон гузарониданд. Бо қарори ҳукумати ноҳия кумита оид ба назорати гузаронидани идҳо ва чорабиниҳои анъанавӣ қабул карда шуд. Бо кӯмаки ҳамкории зичи ҳукумат ва махаллаҳо вақтҳои охир гузаронидани маъракаҳо аз тарафи аҳолӣ нисбатан камхарҷ гардидааст, ҳар як оила имрӯзҳо метавонад дар ин самт зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ сарфа намояд.13
Мақомоти қудратии маҳаллӣ имрӯзҳо дар он ҳолате нестанд, ки ҷамоатҳои худро бо сатҳи минималии хизматрасониҳои коммуналии об, газ, азнавсозӣ ва таъмири низоми коммуналӣ таъмин намояд. Дар чунин ҳолат онҳоро зарур аст, ки дар бартарафкунии муаммоҳои мавчудбуда ба имкониятҳои шӯроҳои ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо такя намоянд.14
Мисол, кумитаи маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми дастгирии истиқоматкунандагон хоҳиши давом додани ҳалли бунёди хати газро пайдо намуд. Кумитаи маҳалла барои маводҳои норасогӣ ба ТАСИФ барои кӯмак расонидан муроҷиат намуд. Аҳолӣ ба қувваи худ бовар карда, кумита доир лоиҳаҳои хурдро таъсис доданд. Бо кӯшишҳои якҷоя онҳо оянда низоми обтаъминкуниро беҳтар намуда, хати интиқоли қувваи барқро гузарониданд.
Аз рӯи қоида, ду ҳуҷҷати муҳим мавҷуд аст, ки худидоракунии маҳаллӣ ҳангоми амалисозии лоиҳаҳои дар боло қайдгардида ба онҳо такя менамоянд: буҷет ва барномаи рушди махаллӣ. Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар коркард ва амалисозмм барномаҳои рушди маҳал дар сатҳи вилоят, ноҳия ва чамоатҳо мутаасифона то ҳол омӯхта нашудааст.
Самарабахшии барномаи иштироки шаҳрвандон метавонад дар ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиши пешниҳодҳои буҷетӣ, рушди онҳо ва татбиқи онҳо дар амал асос гардад. Яке аз усулҳои самаранокии халқӣ намудани буҷети маҳаллӣ, ки дар дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартибдиҳии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, заминаи асосии гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷетӣ мебошад.
Дар доираи лоиҳаи «Баландбардории иқтидори молиявӣ дар сатҳи маҳаллӣ», ки аз тарафи Институти Ҷамъияти кушода – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2012 амалӣ мегардид, ҷорисозии вохӯриҳои институтҳои ҷамъиятӣ дар кори шуъбаҳои молиявии маҳаллӣ ба назар гирифта шуда буд. Кормандони идораҳои молиявӣ, пешвоёни маҳаллаҳо ва намояндагони маҷлисҳои маҳаллаҳо оид ба методологияи гузаронидани вохӯриҳои буҷетӣ дар 6 ноҳия, аз ҷумла Ваҳдат, Файзобод, Рудакӣ, Турсунзода, Қайроқум ва Ҳисор омӯзонида шуданд. Вохӯриҳои буҷетӣ дар 6 ноҳия гузаронида шуд. Инчунин, ду марказ созмон дода шуд – марказ оид ба иштироки шаҳрвандон дар вохӯриҳои буҷетӣ ва марказ оид ба ташкили вохӯриҳои буҷетӣ барои мақомоти маҳаллии қудратӣ. Айни замон ноҳияи Рудакӣ таҷрибаи гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷетиро дар як сол як маротиба мегузаронад. Хуб мешуд, ки агар гузаронидани ду муҳокимаҳои муносиб пешбинӣ мегардид: аввал ҳангоми ташкили лоиҳаи буҷет аз тарафи идораи молиявӣ ва дуввум – пеш аз қабули қарори буҷетии депутатҳои халқии маҷлиси маҳаллӣ.
Яке аз муаммоҳои асосӣ дар самти шарикии иҷтимоии ТҶШ то ҳол ҷалби ҷомеаи шаҳрвандии соҳибкорони сатҳи гуногун боқӣ мондааст. Мувофиқи ақидаи гурӯҳи коршиносон муносибатҳои ТҶШ бо сохтори соҳибкорон хеле заиф мебошад, дар фаҳмиши том мафҳуми «бахши ғайритиҷоратӣ» вуҷуд надорад15.
Яке аз сабабҳои асосии рушд наёфтани бахши ғайритиҷоратӣ зарурати доштани дастгирии барномаву лоиҳаҳои он мебошад. Дастгирии мазкур метавонад на танҳо дар шакли молиявӣ падидор гардад, балки аз лиҳози иттилооти зарурӣ бояд таъмин гардад. Баъзан ҳолатҳо ширкатҳо ба ТҶШ, чун ба дигар ширкатҳо ва шахсони хусусӣ, дар ҳолати муроҷиат намудан барои дастгирӣ кӯмак мерасонанд. Ҳамзамон, дар минтақаҳо миқдори зиёди ТҶШ фаъолияти фаъолонаро оид ба ҷалбкунии воситаҳо аз сарчашмаҳои маҳаллӣ ба ҷуз буҷетӣ, истифода намебаранд.
Аммо, ин ҷо проблема на дар он аст, ки соҳибкорони тоҷик барои фаъолона корҳои хайривӣ анҷом додан омода нестанд.
Танҳо миқдори ночизи ТҶШ баъди гирифтани дастгирӣ барои лоиҳаҳои худ таъмини «робитаи дуҷониба»-ро бо тиҷорат таъмин намуда, (изҳори миннатдорӣ, аз ҷумла дар ВАО, навиштани мактуб ва ғайраҳо) дар бораи воситаҳои харҷшуда хабар медиҳанд. Аксар вақт дар ягон ҷой ахборот оид ба дастгирии чорабинӣ аз тарафи бизнес ба назар намерасад. Тааҷҷубовар нест, ки аксар тоҷирон дар натиҷа хашмгин мегарданд ва кӯмакҳои дарозмӯҳлат намерасонанд.
Ҳамин тавр, таҳқиқоти мазкур, ки масъалаи ҳамкории ташкилотҳои ғайритиҷоратиро бо бизнес ва ВАО ошкор месозад, шаҳодат аз он медиҳанд, ки бахши муосири ғайритиҷоратӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ба таври нопурра ва асосан ғайрисамаранок имкониятҳоро барои рушди фаъолияти худ, ки дар муҳити беруна мавҷуд мебошад, истифода намебаранд. Ба ғайр аз як қатор сабабҳои объективӣ, асосан дар самти молиявӣ, ин ҳолат инчунин дар натиҷаи сатҳи пасти рушди ташкилии ТҶШ, қобилияти ноӯҳдабароии пешбурди фаъолият аз рӯи як қатор самтҳо (аз ҷумла оид ба ҷалбсозии воситаҳо ва бунёди алоқа бо ҷомеа) ифода мегардад.
Метавон хулосаҳои амиқро, ки аз таҳлили гузаронидаи қисмати мазкур бармеоянд, баён намуд. Таҷрибаи шарикии иҷтимоии ТҶШ бо мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, тиҷорат ва институтҳои ҷамъиятии анъанавӣ хеле ғанӣ ва мухолиф мебошад. Давлат бояд дар рушди «бахши сеюм» - ташкилотҳои ғайридавлатӣ хеле ҳавасманд бошад, ҳарчанд хизматчиёни давлатӣ ин ҳолатро на ҳамеша пурра дастгирӣ менамоянд.
Ҳамбастагии самаранокии бахши давлатӣ бо бахши шаҳрвандию хусусӣ бояд аз рӯи чунин самтҳои рушд ёбад:
- ба шаҳрвандон додани имконияти иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба роҳмонии уҳдадориҳои ҳавасмандкунӣ;
- пешбарии талаботи қонунӣ ва ҷараёни мониторинг, на танҳо дар таҳияи қарорҳои стратегии ҳукуматӣ, балки амалисозии онҳо;
- иштирок дар барномаҳои иҷтимоии давлатӣ, ки ба самти рушди устувор равона гардидаанд. Хулосаи асосӣ дар он дарҷ мегардад, ки аз ҳама мавзуи душвори ТҶШ оид ба шарикии иҷтимоӣ муайянсозии фаъолият бо мақомоти қудратии маҳаллӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот ба ҳисоб меравад. Мавқеи муҳимро дар ин намуди шарикӣ мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва маҳаллаҳо (ҷамоатҳо), ҳамчун институти анъанавии муҳими ҷамъияти тоҷикон ишғол менамоянд16.
Имрӯзҳо баъзан ТҶШ дар минтақаҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳамкориҳои худро бо мақомоти давлатии қудратӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бо мақсади ба даст овардани дастгирии молиявӣ, кӯмак ва ноилгардидани эътирофгардии онҳо ба роҳ монанд. Имкониятҳои ҳалли муаммоҳои мазкурро бо кӯмаки сохторҳои соҳибкорӣ ва ВАО ба таври нокифоягӣ истифода менамоянд. Имрӯзҳо соҳибкорон назар ба худи ТҶШ бештар омодаанд, ки бо бахши сеюм ҳамкорӣ намоянд. Албатта, ҳолати ба амаломада дар солҳои наздик ба таври кулли тағйир намеёбад, чунки бахши ҷамъиятӣ ҳоло хеле заиф ва ноустувор барои мустақиман бартараф намудани муаммоҳо аст.
Шарикии иҷтимоии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти давлатӣ ҳангоми иштироки фаъоли ВАО бояд лоиҳаҳои мушаххаси самти иҷтимоиро амалӣ намояд ба он хотир, ки тарафҳо имконият ва захираҳои мавҷударо самаранок истифода намоянд.
1 Индекс устойчивости ОГО, Итоговый отчет за 2010 г., опубликован в июле 2011 г.
3 Индекс устойчивости ОГО, Итоговый отчет за 2014 г., опубликован в июне 2015 г.
4 Моддаи 15, пункти 2, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
5 Да ҳамон ҷо
6 Моддаи 24, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
7 Каримов Ш. Роль НПО в формировании гражданского общества в Таджикистане. Душанбе, 2002. Глава 3, параграф 1.
8 Ҳисоботи миллӣ «Муносибати гендерӣ дар Тоҷикистон», 1999 – саҳ. 112
9 Каримов Ш. Роль НПО в формировании гражданского общества, 2008 г, С.45
10 Акмалова М.А. Роль общественного совета, политических партий и НПО в укреплении независимости Республики Таджикистан
11 Мулладжанов П. Гражданское общество и миропостроение. – саҳ. - 79
12 Дар он ҷо – саҳ. - 80
13 Ниг. Паёми МПА. 1994. - № 6
14 Мулладжанов П. Гражданское общество и миропостроение. – С.80-81
15 Экспертная группа лидеров ОО, которые опрошены в рамках подготовки отчета Индекса устойчивости ОГО за 2014 г.
16 Экспертная группа лидеров ОО, которые опрошены в рамках подготовки отчета Индекса устойчивости ОГО за 2014 г.