4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ

Сайт: Сайт "Открытых образовательных ресурсов"
Курс: Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ
Книга: 4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ
Напечатано:: Гость
Дата: Суббота, 23 ноября 2024, 18:27

4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ

Таҷриба нишон медиҳад, ки иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо дар шаклҳои мухталиф сурат мегирад. Дар мамлакатҳои алоҳида иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо бо усулҳо ва воситаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Аксар мамлакатҳо қонунҳои муайянеро қабул менамоянд, ки иштироки шаҳрвандонро дар қабули қарорҳо дар тамоми сатҳҳои идоракунӣ танзим менамоянд. Масалан дар Молдова соли 2008 Қонун «Оид ба шаффофияти раванди қабули қарорҳо» қабул гардида буд, ки тибқи он мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ уҳдадоранд, ки ширкати шаҳрвандонро дар раванди қабули қарорҳо таъмин намоянд.1

Дар Ҷумҳурии Кирғизистон Қонун «Дар бораи худидоракунии маҳаллӣ ва маъмурияти давлатии маҳаллӣ» мавҷуд мебошад, ки масоили иштироки шаҳрвандонро дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи худидоракунии маҳаллӣ танзим менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида доир ба танзими иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мавҷуд нест. Раванди мазкур тавассути санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии алоҳида ба танзим дароварда мешавад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷузъи асосии низоми идоракунии давлатӣ мебошад. Дар шакли демократии идоракунӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳо мавқеи зиёдро доро мебошад.

Истилоҳи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз калимаи римии civitas (аз civis — шаҳрванд) гирифта шуда, ҷамоати шаҳрвандиро ифода менамояд, ки аъзои он субъектҳои ҳуқуқи шаҳрвандии рим (ius civile) буданд. Калимаҳои civitas, civis, ius civile новобаста аз мазмуни сиёсӣ ва ғайрисиёсии онҳо дорои маънии аз ҳам ҷудонашаванда (муттасил) буданд.

Баъдан, тавре В.С. Нерсесянтс зикр менамояд, мазмуни ғайрисиёсии он дар истилоҳи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва мазмуни сиёсии он дар истилоҳи «шаҳрванд» нигоҳ дошта шуд2.

Мавҷудият ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни низоми мураккаби муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дахолати давлат (мустақим ё ғайримустақим) ғайриимкон аст. Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳам алоқаманд ва вобаста мебошанд. Бинобар ин, онҳоро муқобили ҳамдигар ва аз ҳам ҷудо намудан лозим нест.

Дар сарчашмаҳои гуногун шаклҳои мухталифи зоҳиршавии демократияи халқӣ, аз ҷумла чунин ҷанбаи идоракунӣ, ба монанди тартиби қабули қарорҳои ҷамъиятӣ, ки ба таври овоздиҳӣ, интихобот ва ғайраҳо амалӣ мегардиданд, тавсиф карда шудаанд.

Ҳокимияти халқ, чун тарзи идоракунӣ, ки дар ҳаёти тоҷикон мавқеи муҳимро касб намудааст, дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҳаётӣ зоҳир мегардид. Қайд намудан зарур аст, ки шаҳрвандон мустақим ё ғайримустақим дар раванди қабули қарорҳо ширкат варзида, ба натиҷаҳои онҳо таъсир расонида метавонанд.

Анъанаи демократии иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо, ки дар фарҳанги тоҷикон мавҷуд аст, заминаи асосии дигаргунсозиҳои самараноки демократӣ дар мамлакат гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ниҳодҳои муосири демократӣ, аз ҷумла дар сатҳи миллӣ таъсис дода шуданд. Барои мисол, чунин шаклҳои ҳамкорӣ, ба монанди иштироки намояндагони ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ доир ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, муҳокимаи лоиҳаи буҷет ва ғайраҳо (http://minfin.tj/downloads/ protokol.pdf)

Бинобар ин, иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ заминаи асосии механизми фаъолгардонии гуфтугӯи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Новобаста аз он, ки дар Тоҷикистон қонуни алоҳида доир ба танзими иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мавҷуд нест, масоили шаффофият, тобеият ва иштироки шаҳрвандон ҳангоми кабули қарорҳо, иттилоотонии аҳолӣ доир ба ташаббусҳо ва иқдомҳои сохторҳои давлатӣ дар як қатор қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-хуқуқӣ зикр гардидаанд.

Айни замон чунин қонунҳо пойгоҳи меъёрӣ-ҳуқуқиро барои гузаронидани муколамаи миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои давлатӣ ба вуҷуд меоранд:

2 Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства: Учебник для вузов. М.: Норма, Инфра-М, 1999. С. 9, 23


Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (соли 2008 таҳти № 411 қабул гардидааст) (http://mmk.tj/ru/legislation/ legislation - base/)

Мақсади Қонуни мазкур фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.

Моддаҳое, ки ҳуқуқи дастрасиро ба иттилоот дар бар мегиранд. Моддаи 5 намудҳои иттилоотеро дар бар мегирад, ки дастрасии он маҳдуд карда намешавад, аз ҷумла:

  • қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;

  • дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;

  • дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархӯрдоранд;

  • дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;

  • дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.

Дар моддаи 14 қонуни мазкур номгӯи иттилооте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд, инчунин он намуди иттилооте, ки тибқи дархост пешниҳод карда намешаванд, оварда шудааст. Онҳо иттилооте ба ҳисоб мераванд, ки дар асоси қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳимояи манфиатҳои давлатӣ танзим карда мешаванд.

Норасоиҳои қонун. Расман қайд намудан ғайриимкон аст, ки иттилооти буҷетӣ сиррӣ давлатӣ аст, аммо мавҷуд набудани нишондоди чунин намуди иттилоот дар моддаи 5 проблемаҳоро дар самти маънидоди татбиқшавандагии қонуни мазкур нисбат ба иттилооти буҷетӣ-андозӣ ба вуҷуд меорад.


Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»

Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (19 –уми марти соли 2013, таҳти №961 қабул карда шудааст). (http://mmk.tj/ru/ legislation/legislation-base/)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.

Ҳамчунин қонуни мазкур ба шаҳрвандон ҳуқуқи ба даст овардани иттилоотро фароҳам месозад. Моддаи 23 ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро шарҳ медиҳад: «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад». Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

Норасоии қонуни мазкур бо қонуни қаблӣ шабоҳат дорад, яъне ба таври расман қайд намудан ғайриимкон аст, ки иттилооти буҷетӣ ба сирри давлатӣ мансуб аст. Гарчанде аён аст, ки иттилооти буҷетӣ аҳамияти ҷамъиятӣ дорад ва мавҷуд набудани чунин намуди иттилоот дар қонуни мазкур дар самти шарҳи мақбулияти қонун нисбат ба иттилооти буҷетии баъзе маълумотҳои дақиқ проблемаҳоро эҷод месозад.


Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (26 марти соли 2009 таҳти № 506 қабул карда шудааст). (http://mmk.tj/ru/legislation/legislation-base/)

Дар қонуни мазкур, чун дар қонуни дар боло зикргардида, мақсад нишон дода нашудааст, предмети танзим ва доираи таъсири қонуни мазкур муайян карда нашудааст. Дар он қайд карда шудааст, ки қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муайян мекунад.

Моддаҳое, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро шарҳ медиҳанд. Моддаи 3 қонуни мазкур принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро муайян менамояд, ки яке аз онҳо ошкорбаёнӣ ва ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ мебошад. Моддаи 4 қонуни мазкур ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро дар бар мегирад. Дар моддаи 6 қонуни мазкур талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст, ки яке аз онҳо интишор кардан ва ба маълумоти омма расонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Қонуни мазкур бо дарназардошти он, ки кадом маводҳои бо Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд барои соли оянда бояд интишор карда шаванд, хеле муҳим мебошад.

Дар моддаи 36-и қонуни мазкур «Эзоҳ ва замима» қайд карда шудааст: «Замимаи шарҳдиҳанда ва ё пурракунандаи муҳтавои санади меъёрии ҳуқуқӣ, аслан қисми таркибии он мебошад, ки барои осон намудани кор дар варақҳои алоҳида оварда шудааст».

Азбаски моддаи 52 қануни мазкур интишори ҳатмии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиро талаб менамояд. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои муқаррароти алоҳидае, ки набояд интишор шаванд. Ин маънои онро дорад, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ» на дар он намуде, ки дар сомонаҳо мавҷуд аст, балки бо дарназардошти тамоми ҷадвалҳои замимашуда бояд интишор гардад. Дар баробари ин, ҷадвалҳои шарҳдиҳанда, ки дар якҷоягӣ бо лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мегарданд, тавре Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» талаб менамояд, дар қонун иқтибосҳои расмӣ надоранд. Ҳангоми қабули қарор оид ба интишор кардан ё накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ» омили ҳалкунанда маҳсуб меёбад.

Норасоиҳои қонун. Қонун тартиби муоинаҳои гуногуни ҳатмӣ, ки ба онҳо таҳлили зиддикоррупсионӣ, гендерӣ, «манфиатҳо-натиҷаҳо» ва баҳодиҳии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дохил мешаванд, муайян намекунад.


Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ»

Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» (Қонуни мазкур дар таҳрири нав 28-уми июни соли 2011, таҳти № 723 қабул карда шудааст). (http://mmk.tj/ru/legislation/legislation-base/)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, ба низом даровардани буҷет ва гурӯҳбандии он, таҳия, ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои марказонидашудаи пулиро муайян, муносибатҳои молиявии байнибуҷетиро танзим намуда, мавқеи мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар иштирокчиёни ҷараёни буҷетиро дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, таҳияву тасдиқи ҳисобот ва назорати иҷрои онҳоро муқаррар менамояд.

Моддаҳои қонун доир ба тартиби интишори иттилоот. Вобаста ба ҳисоботи солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ дар қонуни мазкур дар боби 13 тартиби таҳия, инчунин талабот нисбат ба мундариҷа, яъне якчанд бандҳои номбар карда шудаанд, ки бояд дар ҳисобот дарҷ гарданд.

Инчунин қонун муҳлати интишори ҳисоботи солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ дар васоити ахбори оммаро пас аз тасдиқи он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, муқаррар намудааст.

Дар моддаи 62 қонуни мазкур давраи интишори ҳисоботҳо оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ на дертар аз 2 моҳ пас аз итмоми семоҳаи (чоряк) пешбинӣ гардидааст.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ ҳисоботҳои семоҳаро оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ ҷойгир менамояд, ки нишондиҳандаҳои буҷетиро дар намуди ҷадвалҳо дар бар мегиранд.

Норасоии қонун. Дар қонун сохтори ҳисоботи семоҳа нишон дода нашудааст, яъне қайд нагардидааст, кик адом маълумотҳоро бояд дар бар гирад. Давраи интишор дар ВАО танҳо барои ҳисоботҳои семоҳа ва солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ пешбинӣ карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар қонунгузорӣ тартиби пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ доир ба равандҳо ва натиҷаҳои ташаккули самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Новобаста аз он, ки дар моддаи 38, банди 2 қайжд карда шудааст: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида пас аз баррасии самтҳои асосии сиёсати молиявию қарзӣ ва андоз дар давраи банақшагирии буҷетӣ дар бораи маъқул донистани онҳо бо назардошти тағйиру иловаҳои зарурӣ ва инчунин метавонад дар бораи нашри онҳо қарор қабул намояд.

Дастрасии ҷамъият ба ҳисоботи андозӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1-уми январи соли 2013 амал намуда истодааст, дарҷ гардидааст. Дар моддаи 88 давраи интишори ҳисоботҳо оид ба фаъолияти мақомоти андоз ва номгӯи иттилооти зарурӣ, ки бояд дар ҳисобот дарҷ гардад, муқаррар карда шудааст. Аммо интишори ҳисоботҳо танҳо дар сомонаи расмии Кумитаи андоз пешбинӣ карда шудааст. Дар сомонаи кумитаи андоз чунин ҳисоботҳо мавҷуд нестанд. Чунин ҳолат дар сомонаи Хадамоти гумрук низ ҷой дорад.

Ғайр аз ин, кайд намудан зарур аст, ки дар дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019 дар фасли алоҳида гузаронидани «Муҳокимаи буҷетӣ» пешбинӣ гардидааст. (http://minfin.tj/downloads/ instruksiya-ru-2017.pdf). Тибқи талаботи дастурамали мазкур, ҳангоми банақшагирии лоиҳаи буҷети давлатӣ муҳокимаҳои буҷетӣ бояд доир ба масъалаҳои зерин гузаронида шаванд:

  1. Хароҷоти заминавӣ аз рӯи соҳаҳо;

  2. Пешниҳодҳо оиди ташаббусҳои нав (бо дарназардошти лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ);

  3. Лоиҳаи ҳадди ниҳоии хароҷоти соҳаҳо ва ТАМБ.

  4. Ҳадди ниҳоии хароҷоти пешакӣ, аз ҷумла номгӯи дархостҳои интихобшудаи самтҳои нав ба ТАМБ дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.

  5. Дар муҳлати муқарраргардида ТАМБ соҳавӣ номгӯи масъалаҳои ҳалталабро ба Вазорати молия барои баррасии минбаъда дар муҳокимаи буҷетӣ пешниҳод менамоянд.

  6. Муҳокимаи буҷетӣ аз ҷониби Комиссияи буҷетии назди Вазорати молия бо иштироки намояндагони ТАМБ-ҳои соҳави гузаронида мешавад.

  7. ТАМБ соҳавиро дар муҳокимаи буҷети Муовинони вазир ё сардори сохтори дахлдор муарифӣ менамоянд.

Сабабҳои асосии ҷалби шаҳрвандон ҳангоми қабули қарорҳо дар он зохир мегардад, ки:

  • шаҳрвандон – асоси мавҷудияти ҳукумат;

  • шаҳрвандон хароҷотҳо ва барои хизматрасониҳо пардохт менамоянд;

  • мустаҳкамсозии боварӣ ба ҳукумат;

  • баландбардории вобарии ҷомеа ба рохбарият / идоракунӣ;

  • қобили қабул будани дастгоҳи давлатӣ: муҳокимаи масоили мубрам ва ғайраҳо;

  • ноилгардӣ ба ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои проблемавӣ ҷиҳати воридсозии тағйиру иловаҳо ба сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо.

Вобаста ба ин, гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳо дар чорчӯбаи қонунгузорӣ унсури муҳими шакли демократии идоракунӣ мебошад.

Рафтори мазкур раванди қабули қарорҳоро доир ба гузаронидани ислоҳот, ворид сохтани тағйиротҳо дар қонунгузорӣ ва дигар қарорҳои муҳим, ки бевосита бо фаъолияти ҳаётии халқ алоқаманданд, самаранок мегардонад.