2.1. Моҳият ва мундариҷаи қабули қарорҳо дар низоми идоракунии давлатӣ
Дар шароити татбиқи ҳамаҷонибаи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ, анбӯҳи бузурги иттилоот, инчунин тарзи серҳаракати пешрафти зиндагии аҳолӣ таҳия ва амалисозии қарорҳои идоракунии дақиқ ва муайян кафили фаъолияти самаранок ва ноилгардӣ ба ҳадафҳои инкишоф, аз ҷумла дар мақомоти идоракунии давлатӣ мебошад.
Идоракунӣ - бонизомӣ, комилӣ ва амалкуниву инкишофи муътадили низоми амалкунандаро таъмин менамояд. Айни замон дар шароити ҷаҳонишавии хоҷагии ҷаҳонӣ сохторҳои давлатиро зарур аст, ки қарорҳои муҳим ва амалан қобили қабули идоракуниро қабул намоянд. Қарорҳои мазкур бояд ба ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ нигаронида шуда бошанд.
Хадаф ва майли асосии қарори идоракунӣ зарурати ҳалли проблемаҳо мебошад. Барои ҳалли проблемаҳо ба саволҳои асосии зер посух додан лозим аст: чӣ кор бояд кард; чӣ гуна; дар кадом ҳаҷм; дар кадом муҳлат; дар куҷо; барои кӣ; ин ба ҷомеа чӣ медиҳад ва ғайраҳо.
Дар адабиёти илмӣ ду таърифи қабули қарорро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: маҳдуд ва васеъ.
Ба маънои маҳдуд, қарор ҳамчун интихоби вариантҳои ҷудогона фаҳмида мешавад, ки барои ноилгардӣ ба мақсад равона карда шудааст.
Ба маънои васеъ, мафҳуми мазкур омодасозии қарор (банақшагирӣ)-ро низ дар бар мегирад.
Интихоби қарор мавҷудияти фаҳмиши муайянро оид ба тадбирҳои амалисозӣ, назорат ва таҳлили натиҷаҳои амалиётҳо дар назар дорад.
Раванди қабули қарор унсури марказии идоракунии давлатӣ буда, на танҳо таъинот, балки хусусиятҳои хоси чунин навъи танзими муносибатҳои ҷамъиятиро ифода менамояд. Қарорҳое, ки дар чунин сатҳ қабул мегарданд, ҳам уҳдадориҳои қаблии давлат, ҳам оқпибатҳои имконпазир ва интизории ҳадафҳои амалишавандаро ба эътибот мегиранд.
Омӯзиши адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки мафҳуми «қарор» дорои маъноҳои гуногун мебошад1.
1 Афопичкин А.И. Управленческие решения в экономических системах: учеб. пособие / А.И. Афоничкин, Д.Г. Михаленко. - СПб.: Питер, 2010. – С. 128
Таҳти қарор дар баъзе ҳолатҳо пайдо намудани варианти муайяни амал, раванди фаъолият ва ҳам натиҷаи ниҳоии он фаҳмида мешавад.
Мафҳуми «қарори идоракунӣ» дорои мундариҷаи гуногунҷабҳа мебошад.
Ба маънои васеъ, таҳти қарори идоракунӣ ифодаи мутамарказонидашудаи раванди идоракунӣ дар марҳилаи ниҳоии он, чун фармон (фармоиш)-и ба таври қатъӣ иҷрошаванда, ки аз низоми низоми идоракунанда ба идорашаванда меояд, фаҳмида мешавад.
Қарори идоракунӣ бо фаъолияти инсоне, ки одамони дигарро роҳбарӣ менамояд ва дар ин маврид тамоми қобилият, маҳорат, донишҳо ва малакаи хешро истифода менамояд, алоқаманд мебошад.
Қарори идоракуниро ҳамчун намуди махсуси фаъолияти инсонӣ дар раванди идоракунӣ ба монанди амалиётҳои муайяни пайдарпай тасаввур намудан мумкин аст. Қабл аз ҳама, таҳияи вариантҳои амалиёт, интихоби вариант, қабул (тасдиқ) ва амалисозии он дар назар дошта мешавад.
Омӯзиши қарори давлатӣ зарурати таърифи категорияи мазкурро пеш меорад. Зеро дар ин маврид сухан дар бораи навъи махсуси қарорҳои идоракунӣ меравад, ки функсияи ҳокимияти давлатиро ташкил медиҳад.
Таҳти қарори давлатӣ - идоракунӣ интихоби бошууронаи таъсиррасонии мувофиқи мақсад дар шакли расмӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз ҷониби субъекти идоракунии давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин маънидоди нисбатан васеи қарори давлатӣ-идоракунӣ мавҷуд мебошад, ки тибқи он таҳти қарори давлатӣ-идоракунӣ фаҳмида мешавад: иродаи ҳокимияти давлатӣ, ки дар шакли расмӣ дар чорчӯбаи санадҳои мавҷудаи давлатӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ё шахси вазифадор дар доираи салоҳиятҳо ва уҳдадориҳо баҳри ҳаллӣ проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ қабул ва амалӣ карда мешавад.
Қарорҳои идоракунӣ хислати духӯра дошта метавонанд, зеро онҳо аз берун ба зернизоми идорашаванда ва ҳамчунин аз дохил ба зернизоми идоракунанда равона мешаванд. Аммо, дар баробари ин, хусусиятҳои сифатии қарорҳои идоракунӣ дар дигаргунсозӣ ва устуворсозии объекти иҷтимоии идорашаванда ифода меёбад.
Ҳамин тавр, қарори давлатӣ — чун қоида, модели идеалии оянда мебошад, ки дар он иттилоот оид ба мақбулият ва зарурати қабули он, ки бояд иҷро гардад, мавҷуд мебошад.
Иттилооти мазкур аз ҷониби субъекти ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мегардад.
Мундариҷаи асосии раванди идоракунии мазкур - таъсиррасонии озод вса боиродаи идоракунандагон ба идорашавандагон мебошад.