4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ

Асосҳои ҷалбкунии шаҳрвандони Олмон

Сарқонуни асосии Олмон аз 23 майи соли 1949 ва сарқонуни вилоятҳои он баробарии ҳуқуқии иштироки шаҳрвандонро дар ҷараёни қабули қарорҳо дар сатҳи маҳаллӣ дар Олмон медиҳанд. Дар мувофиқа бо нуқтаи 2, моддаи 28-и қонуни асосӣ «Ба ҷомеа кафолати ҳуқуқи танзим дар доираи қонун зери ӯҳдадориҳои худ дар ҳамаи корҳои маҳаллҳои ҷамъиятӣ» дода шавад».1 Дар қонунгузории вилоятҳои федералӣ диққати махсус ба масъалаи танзими маҳаллҳои худидоракунанда тавассути бевоситаи иштироки шаҳрвандон дода мешавад. Дар ҳар кадоми аз вилоятҳо диққати қонунҳое амал менамоянд, ки асосҳои иштироки шаҳрвандонро дар мувофиқа бо маҳаллҳои худидоракунандаи қаламрави мувофиқ инъикос менамояд. Мисол, мавҷудияти қонунҳои махсус дар ҳамаи вилоятҳо дар бораи интихобот дар мақомотҳои маҳаллии худидоракунандаи ҷомеа ва ноҳия ё қонуни амалкунанда дар вилояти Бавария дар бораи ташаббусҳои шаҳрвандӣ, Консепсия дар бораи шарикии идоракунии ҷомеаҳо.2 Дар ин натиҷа миёни мамлакатҳои Аврупоӣ Олмон аз рӯи таҳқиқотҳо яке аз мамлакатҳои мақоми пешсаф оид ба миқдори иштироки шаҳрвандон дар маҳаллҳои худидоракунанда ишғол менамояд.

Ҳамин тавр, аз нуқтаи назари қонунгузорӣ дар Олмон шарту шароитҳои манфиатбахш барои фаъоли иштироки аҳолӣ дар ҳалли вазифаҳои таъсиркунандаи ҷомеа бунёд гардидааст. Аммо, баъзан ҳолатҳо иштироки шаҳрвандон дар батанзтимдарории масъалаҳои нишондодашуда на танҳо бо хоҳиши онҳо дар корҳои чамъияти алоқаманди дорад, балки бо норасогии ба таври зарурӣ маблағгузории ҷомеа, ки дар навбати худ ба ҷудокунӣ ё камкунии маблағҳои пулӣ аз тарафи мунитсипалитетҳо оварда мерасонад.3

Ҳамин тавр, ҳангоми таҳлили усулҳои иштироки аҳолӣ дар амалисозии маҳаллҳои худидоракунанда дар мамлакатҳои демократӣ, мо ба чунин хулоса омадем, ки зарурияти ба ҳисоб гирифтани таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ ҳангоми мукаммалгардонӣ ва рушди соҳаи бевоситаи иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе гузаронидани таҳлили дақиқи қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, дида баромадани асосҳои таърихи ва нақши анъанаҳо дар ташкили чамъиятҳои маҳаллӣ ғайриимкон мебошад.

1 Основной Закон Федеративной Республики Германия // URL: http://www.1000dokumente.de/?c=dokument_de&dokument=0014_gru&l=ru&objec t=translation

2 Маркварт Э. Организация местного самоуправления в Германии и применимость немецкого опыта к российским реалиям // Вопросы государственного и муниципального управления. 2008. № 3.

3 Цыбикдоржиева Ж.Д. Немецкий опыт вовлечения граждан в управление местным сообществом // Вопросы управления. 2015. № 2.