4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ

Усулҳои кори коллективӣ.

Усулҳои кори коллективӣ. Усулҳо ва воситаҳои зиёде мавҷуданд, ки барои мубодилаи афкор, мубоҳисаҳо ва ҷустуҷӯи ризоият имконият фароҳам месозанд. Поёнтар чанде аз онҳоро тавсиф менамоем.

«Ҳуҷуми зеҳнӣ». Бартарияти асосии усули мазкур дар он зоҳир мегардад, ки баҳри пешниҳод ва ҷамъкунии ғояҳои нав ва ғайриинтизорӣ имкон фароҳам месозад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳамаи ширкаткунандагони ҷамъомад фикру андешаи хешро иброз намоянд.

Барои ин зарур аст:

    1. ҳавасманд намудани ғояи ҳар як ширкаткунанда;

    2. сабт намудани ҳамаи пешниҳодот;

    3. муҳокима намудани ғояҳои пешниҳодшуда;

    4. пас аз пурсиши аҳолӣ тибқи тартиб ҷобаҷо намудани пешниҳодоти муҳим;

    5. ҷамъбаст намудани натиҷаи муҳокимаҳо ва ғайраҳо.

Ҳамин тавр, таъминот бо иттилоот раванди қабули қарорро дар низоми идоракунии давлатӣ содда мегардонад. Раванди ба даст овардани иттилоот барои ҳар як мамлакат гуногун ва истисноӣ мебошад. Қабл аз ҳама, раванди мазкур аз шакли идоракунии давлат, сохтори дастгоҳи идоракунӣ, сохтори мақомоти маҳаллӣ, инчунин аз сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва як қатор омилҳои дигар вобастагӣ дорад.