4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ

Кӣ бояд иштирок намояд?

Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ба ҳама дастрас мебошанд, яъне дилхоҳ шаҳрванд дар раванди гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида метавонад. Вобаста ба мавзӯи муҳокимаи ҷамъиятӣ ин ва ё он гурӯҳи аҳолӣ барои иштирок бештар мароқ зоҳир карда метавонад.

Дар раванди гузаронидани муҳокимаҳо доир ба масъалаҳое, ки ба табақаҳои ҷудогонаи аҳолӣ тааллуқ доранд, ба намояндагони категорияи мазкур даъватномаи махсус ирсол намудан лозим аст. Масалан:

  1. Онҳое, ки дар наздикии мактаби нав зиндагӣ ҳоҳанд кард;

  2. Шаҳрвандоне, ки дар назди партовгоҳи нав зиндагӣ мекунанд;

  3. Ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар ин самт фаъолият менамоянд;

  4. Донорҳое, ки дар амалисозии лоиҳаи мазкур кӯмак расонида метавонанд.

Дар мактуби иттилоотӣ нишон додан зарур аст, ки дар куҷо ва кай муҳокимаҳои ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд. Инчунин иттилооти зеринро пешниҳод намудан лозим аст:

  • омодасозии резаахбор (пресс-релиз);

  • оид ба мақсади баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;

  • оид ба натиҷаҳои интизорӣ;

  • оид ба иштирокчиён.

Нусхаи тамоми маводи тақсимотиро пешакӣ равон намудан лозим аст! Омодасозии маводи тақсимотӣ барои расонидани иттилоот ба аҳолӣ ва иштирокчиёни муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳокимашаванда зарур мебошад. Барои гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ зарур аст:

  1. омода намудани барномаи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;

  2. истифода кардани ҷадвалҳо ва диаграммаҳо доир ба иттилооти молиявӣ;

  3. омода сохтани нусхаи ҳоисоботҳо ё мундариҷаи мухтасари ҳисоботҳои калонҳаҷм;

  4. омода кардани мундариҷаи мухтасари тавсияҳои коршиносон;

  5. аз рӯи имконият пешакӣ омода сохтани маводи тақсимотӣ.

Муҳокимаҳои ҷамъиятиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё толорҳои хусусӣ баргузор намудан мумкин аст. Аз ҳама муҳим зарур аст, ки ҷойгиршавии онҳо мувофиқ бошад ва шаҳрвандон онро бе душворӣ пайдо намоянд. Бино тибқи қоида бояд калон бошад ва иштирокчиёни муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шуда тавонанд.