4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ

Ҷалби шаҳрвандон

Ҷалби шаҳрвандон – дилхоҳ фаъолият ва амале мебошад, ки тавассути он шаҳрвандон ба қабули қарорҳо таъсир расонида метавонанд, ки дар мавриди худ қарорҳои мазкур ба ҳаёти онҳо ва ҳаёти шаҳрвандони дигар таъсири хешро мерасонанд.

Ҷалби шаҳрвандон самаранок маҳсуб меёбад, агар одамон якҷоя барои дастрас намудани иттилоот ё муҳокимаи он ҷамъ оянд ва барои ҳалли проблемаҳо ҳиссаи худро гузоранд. Манфиат аз ҷалби шаҳрвандон аз нуқтаи назари ҷомеа чунин мебошад:

  • Диалоги доимӣ миёни шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ;

  • Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда;

  • Барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда;

  • Барои паст намудани шадидият дар байни ҷомеа.

Иштироки шаҳравандон принсипи асосии ҷомеаи демократӣ мебошад. Айни замон усулҳои гуногуни ҷалби шаҳрвандон истифода карда мешаванд, аз ҷумла:

  • Иттилоотонӣ/ахбори расмӣ;

  • Машваратҳо;

  • Иштироки фаъол.