4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (соли 2008 таҳти № 411 қабул гардидааст) (http://mmk.tj/ru/legislation/ legislation - base/)

Мақсади Қонуни мазкур фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.

Моддаҳое, ки ҳуқуқи дастрасиро ба иттилоот дар бар мегиранд. Моддаи 5 намудҳои иттилоотеро дар бар мегирад, ки дастрасии он маҳдуд карда намешавад, аз ҷумла:

  • қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;

  • дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;

  • дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархӯрдоранд;

  • дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;

  • дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.

Дар моддаи 14 қонуни мазкур номгӯи иттилооте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд, инчунин он намуди иттилооте, ки тибқи дархост пешниҳод карда намешаванд, оварда шудааст. Онҳо иттилооте ба ҳисоб мераванд, ки дар асоси қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳимояи манфиатҳои давлатӣ танзим карда мешаванд.

Норасоиҳои қонун. Расман қайд намудан ғайриимкон аст, ки иттилооти буҷетӣ сиррӣ давлатӣ аст, аммо мавҷуд набудани нишондоди чунин намуди иттилоот дар моддаи 5 проблемаҳоро дар самти маънидоди татбиқшавандагии қонуни мазкур нисбат ба иттилооти буҷетӣ-андозӣ ба вуҷуд меорад.