4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ

4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ

Кодекси таҷрибаи иштироки шаҳрвандонро дар раванди қарорҳои Шӯрои Аврупо тавсиякунанда1 сатҳҳои гуногуни ҷалби шаҳрвандонро дар назар дорад, ки аз тарафи мақомоти ҳокимият (аз ҷумла мақомоти худидоракунии маҳаллӣ), инчунин ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд истифода карда шаванд.

Кодекс аз тарафи конференсияи ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналмилалии (МНПО) Шӯрои Аврупо дар ҷаласаи 1-уми октябри соли 2009 қабул гардидаасӣ. Дар ҳуҷҷати мазкур заминаҳои асосӣ, чорчӯбаҳои ҳамкорӣ ва воситаҳо баҳри мустаҳкам намудани раванди ширкати шаҳрвандон муайян карда шудаанд. Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби намояндагони таҷрибадори ҷомеаи шаҳрвандӣ омода карда шуда, дар ҷараёни машваратҳои умумиаврупоӣ таҳия гардидааст. Вай аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналмилалӣ мавриди санҷиш ва муҳокима қарор гирифтааст ва аз тарафи намояндагони фаъоли мақомоти идоракунии давлатӣ истифода карда мешавад.

Чаҳор сатҳи пайдарпайи ширкат – аз ҷалби камтарин то зиёдтарин мавҷуд аст. Сатҳҳои мазкур чунинанд: иттилоот, машварат, муколама ва шарикӣ. Сатҳҳо дар дилхоҳ марҳилаи раванди қабули қарорҳо татбиқ шуда метавонанд, аммо онҳо дар зинаҳои муайян хеле муҳим мебошанд.

1 Принят Конференцией МНПО на заседании 1 октября 2009 года https://www.coe.int/t/ngo/Source/Code_Russian_final.pdf


Ассотсиатсияи байналмилалӣ доир ба масоили иштироки шаҳрвандӣ (IAP2) чунин таснифи сатҳҳои иштироки шаҳрвандонро пешниҳод менамояд:


Ҷалби самараноки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ташаббуси соддаву оддӣ нест. Ҷалби маҳсулноки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо - ин натиҷаи таҷрибаи андӯхта, ҳамкории дуҷониба бо аъзоёни ҷомеаи маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Шарти асосии муваффақият мавҷудияти чорабиниҳои мунтазам такроршаванда дар раванди муҳокимаи афзалиятҳо ва вариантҳои ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошад.