4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Асосҳои ҷалбкунии шаҳрвандон дар Бритониё
Сарчашмаи ҳуқуқҳои шаҳрванди дар ин мамлакат на танҳо меъёрҳои ҳуқуқие, ки аз тарафи шоҳ ва парлумон мондааст, балки таърихан боқимонда аз тарафи шаҳрвандон. Баъзан Шоҳигарии Иттиҳодияи Бритониё ва Ирландияи Шимолиро «мамлакатҳои шуро»-гӣ меноманд: тақрибан ҳамаи қаламрави маъмурии Шоҳигарӣ аз тарафи шуроҳо идора карда мешавад ва аз тарафи онҳо сохторҳои иҷроия ташкил карда мешавад. Масъалаҳои калиди зери назорати қаламрав инчунин муайян карда мешавад.
Ҳамин тавр, онҳо мақоми махсусро дар таъмини иштироки аҳоли дар ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ мебозанд. Дар мувофиқа бо қонунҳои Бритониё шаҳрвандон ҳуқуқи иштирок дар ҷаласаҳои шуро ва кумитаҳои онҳо намудан ва гирифтани ахбороти заруриро дарбораи фаъолияти кории онҳо доранд. Мисол, рӯзномаи ҷаласа як хафта пеш аз тарафи мақомотҳои дахлдор тавассути газета, радио ва телевизион паҳн карда мешавад ва аъзоёни шуро ҳатман бояд бо намояндагони ВАо вохӯранд ва ба саволҳои додаи онҳо оид ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа ҷавоб гардонанд: «назди шуроҳо шуъбаи махсуси алоқа бо ҷомеа барои гардонидани ҷавоб ба саволҳои кормандони ВАО ва ҷомеа, инчунин нашргардонии ахборот дар бораи фаъолияти шуро амал мекунад».1
Беш азхама, пеш аз оне, ки шуро баъзе қарорҳоро қабул намояд бояд бо интихобкунандагон оид ба ин ё он масъала машварат намояд. Расман мақомотҳои қудратии маҳаллӣ дар Бритониё он ӯҳдадориҳоеро соҳибанд,ки ба души онҳо аз тарафи парлумон вогузор карда шудааст: дилхоҳ қадами онҳо бояд ба санадҳои мувофиқ асос карда шуда бошад. Дар мувофиқа ин мақомотҳои қудратии маҳаллӣ барои гирифтани ӯҳдадориҳои зарурӣ ҳуқуқ доранд, ки ба парлумон даъвати чунин қонунро талаб намоянд. Вобаста ба нуқтаҳои дар боло қайд кардан ба маврид аст, ки «Дар Бритониё расман низоми давлатдории шоҳигарӣ моҳияти амаиқи рушдёфтаи демократиро соҳибанд, ки муваффақ амаликунии институтҳои ҷамъиятии асосҳои ҷомеаи шаҳрвандиро доранд, таъмин намояд».2
1 Государственное управление и государственная служба за рубежом. Курс лекций / под общ. ред. проф. В.В. Чубинского. – СПб.: издательство СЗАГС, 2001.
2 Кытманова Н.М. «Зарубежный опыт организации местного самоуправления и возможность его применения в России», 2010 //http://shkola-munitcipalnogopolitika.ru/istoriya-mestnogo-samoupravleniya /zarubezhnyy-opyt-organizatsiimestnogo-samoupravleniya-i-vozmozhnost-ego-primeneniya-v-rossii/