4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Таҷрибаи Русия
Ҳамкории байнисекторӣ – падидаи нав мебошад, ки вақтҳои охир предмети васеъи муҳокимаи илмӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар Русия гардидааст. Кайд кардан мӯҳим аст, ки дар Барномаи рушди миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати иқтисодии Русия, сар карда аз соли 2006, вазифаи мукамалнамоии институтҳои ҷамъиятии шаҳрванди ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ ба сифати самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ диққати махсус дода шудааст. Дар бораи мӯҳимияти самти рушди ҳозираи Русия он далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки аз соли 2007 маротибае дар як сол ҳангоми дастгирии Вазорати рушди иктисодии Русия маҷмӯи маводҳои «Шарикии иҷтимоӣ ва рушди интитутҳои ҷамъиятии шаҳрванди дар минтақаҳо: таҷрибаи ҳамбастагии байни секторӣ» ба нашр расидааст.
Ин бо он маълум мегардад, ки мақсадҳои стратегии рушди мамлакат, ки дар Консепсияи рушди дарозмӯҳлати иҷтимоӣ-иқтисодии Русияи Федеративӣ то соли 2020 инъикос гардидааст, нишонаи гузариш ба модели рушди инноватсионии иҷтимоӣ мебошад.
Озмуни ҷамъиятии лоиҳаи муҳими «Ҷаласаи ҷамъиятии Губернии вилояти Иркутск». Олоти мазкури шарикии иҷтимоӣ ба он механизмҳои озмуние дохил мегардад, ки ҳангоме даъвогар озмуни пештара коркард ва ташкилшудаи механизми амалишавиро бурд мекунад (бо иштироки ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар тарафҳо). Ба ин гурӯҳ механизмҳои иҷтимоии фармоишии сатҳи субъектҳои Русияи Федеративӣ, фармоиши иҷтимоии мунитсипиалӣ, гранти мунитсипиалӣ, гранти субъекти Русияи Федеративӣ, тендер, озмуни лоиҳаи иҷтимоӣ, озмун барои ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз рӯи озмунҳои вариантҳои барномаҳои муаллифӣ ва дигарон шомиланд.
Ҳавасмандгардонии активҳои шаҳрвандӣ. Технологияи пайдо намудани пешвоёни ҷамъияти маҳаллӣ, шаҳрвандони фаъол – ҳавасмандгардонии қаламрави фаъолони ҷамоеаи худидоракунанда ва шаҳрвандон, иштирокчиёни фаъол дар амалисозии маҳаллҳои худидоракунанда. Ҳавасмандгардонии фаъолони шаҳри Иркутск аз соли 2004 амалӣ мегардад. Барои нисбатан сифатнок ташкили ин ҷараён дастурамал «Дар бораи ҳавасмандгардонии қаламрави фаъолони ҷамоеаи худидоракунанда ва шаҳрвандон, иштирокчиёни фаъол дар амалисозии маҳаллҳои худидоракунанда» коркард шудааст. Барои ҳавасмандгардонии шаҳрвандони фаъол метавонанд гурӯҳҳои ташаббускор, депутатҳои Думаи шаҳри Иркутск, сохторҳои маъмурии шаҳри Иркутск пешниҳод гарданд. Ба сифати ҳавасмандгардонӣ, фаъолони истиқоматкунандагони шаҳр туҳфаҳои қимматбаҳо, номнависшавии ройгон ба газетаи «Иркутск», миннтадории депутатҳо, роҳбарони корхонаҳо, сардорони ҳавзаҳои маъмурии шаҳри Иркутскро соҳиб мегарданд.
Дар доираи дастурамал «Дар бораи ҳавасмандгардонии қаламрави фаъолони ҷамоеаи худидоракунанда ва шаҳрвандон, иштирокчиёни фаъол дар амалисозии маҳаллҳои худидоракунанда» бунёди «Комиссия оид ба рушди қаламрави ҷомеаи худидоракунанда» пешбини гардидааст, ки ба он намояндагони маъмурияти шаҳри Иркутск, депутатҳои Думаи шаҳри Иркутск ва намояндагони ҷамъиятӣ шомиланд.
Мактаби шаҳрвандони фаъол – лоиҳаи таҳсилоти барои аҳолии шаҳр, ки аз тарафи маъмурияти шаҳри Иркутск аз соли 2007 амали мегардад. Мақсади лоиҳаи – ҷалби аҳолии шаҳр барои ҳалли масъалаҳои манфиати қаламраве, ки онҷо тавассути бунёди сохторҳои ҷамъиятӣ истиқомат менамоянд, инчунин ташкили ҳамбастагии самаранокии аҳолӣ бо мақомотҳои маҳаллии худидоракунанда.
Дар ҳар давраи амалишавии лоиҳа вазифаҳои муайян гузошта мешуд, ки амалигардиашон барои барномаи таҳсилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт, мисол:
- солҳои 2007-2008 – ахборотикунонии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқӣ амалинамоии маҳалли худидоракунанда, дар бораи шаклҳо ва усулҳои ташкили муколама ва ҳалли самарабахши масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта;
- соли 2009 – ҷалбкунии иштирокчиёни лоиҳа дар бартарафкунии муаммоҳои мушаххас, амаликунии ташаббусҳои худӣ.
Дар ду сол иштирокчиёни ин мактаб тақрибан 300 нафар аз шаҳру ноҳияҳои гуногун, намояндагони кумитаҳо, ташаббусҳои гурӯҳ ва ташкили ҷомеа гардиданд.
Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби буҷети ш. Иркутск бо маблағи 300 ҳазор рубл амалӣ мегардад. Барои амалигардии лоиҳа ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, роҳбарони ширкатҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ ва бизнес-сохторҳо даъват гардида буданд.
Барои ташкили кори мактаб ҳар сол нақшаи муфассали чорабинӣ коркард карда мешавад: дарсҳои назариявӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо хизматчиёни давлатӣ ва депутатҳои Думаи ш. Иркутск, иштирок дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва озмунҳои грантӣ.
Дарсҳои давомнокияш то ду соат ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе гузаронида мешуд, ки чунин масъалаҳо мавридибаррасӣ қарор мегирифтанд:
- асосҳои ҳуқуқии иштироки аҳолӣ дар маҳалли худидоракунанда;
- сохтори маъмурияти ш. Иркутск (ҳамбастагӣ бо мақомотҳои қудратӣ);
- тартибдиҳии қартаи муаммоҳо ва қартаи захираҳо юарои қаламравӣ маҳаллӣ;
- усулҳои банақшагирӣ;
- саводнокии лоиҳавӣ;
- тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ ва мундариҷавӣ оид ба лоиҳа;
- коркарди лоиҳаҳои иҷтимоӣ (дарсҳои амалӣ);
- дарси «Коммуникатсияи самарабахш» (умумӣ барои ҳамаи гурӯҳ);
- дарси «Технологияи бурдани гуфтушунидҳо» (умумӣ барои ҳамаи гурӯҳ).
Дар мактабҳои алоҳидаи маҳаллӣ дарсҳои иловагӣ бо ҷалби коршиносон ва намояндагони сохторҳои гуногуни маъмурии ш. Иркутск гузаронида мешуд. Мизҳои мудаввар бахшида ба масъалаҳои коммуналӣ ва қаламрави ҷомеаи худидоракунанда гузаронида мешуд. Инҷо нисбатан муаммоҳои актуалии маъмурияти ҳавзаи ш. Иркутск бо иштироки ҳалли муаммоҳои аҳолӣ, инчунин муаммоҳои ҳамбастагии аҳоли бо роҳбарони ширкатҳо муҳокимарони мешуданд.
Ҳамин тавр, мактаби шаҳрвандони фаъол майдони маъмулӣ барои муҳокимарониҳо миёни иштирокчиён ва намояндагони маъмурияти ш. Иркутск ва механизми гирифтани ахбороти фоидабахш гардидааст.
Институти манзили маърифатпарварӣ. Аз соли 2008 шуъбаи оид ба алоқа бо ҷомеа ва шуъбаи рушди соҳаи коммуналии таҳсилот барои аҳолӣ аз тарафи лоиҳаи «Институти манзили маърифатпарварӣ» амалӣ мегардад. Мақсадилоиҳа ин ахборотикунонии аҳолӣ оид ба масъалаи коммунали мебошад. Дар ҷараёни амалинамоии ислоҳоти коммуналӣ як катор муаммоҳо пайдо гардиданд:
- ғайриомодагии мутлақои аҳолӣ барои гирифтани ӯҳдадориҳои фонди манзилии худӣ;
- кам ахборотии аҳолӣ дар бораи моҳияти ислоҳот, дар бораи усулҳои идоракунии хонаҳои бисёрошиёна;
- тақрибан надонистани қонунҳо аз тарафи аҳолӣ.
Бо назардошти баён намудани муаммоҳо, чунин вазифаҳои лоиҳа муайян карда шуд:
- бунёди шарту шароит барои маърифатнокии миқдорӣ ва сифатии аҳолӣ оид ба масъалаи бунёд ва фаъолияти манзилии худӣ;
- ташкили намунаи мусбии моликиятдорони мустақим ва ӯҳдадор, ки усули идоракунии хонаҳои бисёрошиёнаи манзилии худиро интихоб намудаанд;
- мусоидат расонидан ба:
а) барпокунии муносибати аҳоли бо роҳбарони ширкатҳо;
б) дарёфти нуқтаи созиши ҳамбастагӣ миёни соҳибони манзил.
«Институти манзили маърифатпарварӣ» дар давраҳои тобистона, ҳангоми омодагии хоҷагиҳои манзилӣ ба фасли оптималӣ гузаронида мешавад. Ҳамагӣ дар давоми як фасл дар амалишавии лоиҳа дар лексия, семинар, вохӯри ва мизҳои мудаввар зиёда аз 100 нафар иштирок менамояд. Ин лоиҳаи аз «Мактаби шаҳрвандони фаъол» бо самьи мушаххаси мақсадноки айдитория – намояндагони маҳаллӣ худидоракунанда, истиқоматкунандагон, ҳавасмандони ислоҳоти коммуналӣ ва масъалаҳои нигоҳдории манзили хонаҳои бисёрошинёна фарқ мекунад.
Анҷумани «Иштироки шаҳрвандӣ». Дар Анҷуман аввалин маротиба соли 2005 зарурияти коркарди консепсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамроҳсозии он ба барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Иркутск ва каламрави он бунёд гардид. Гурӯҳи кори махсус оид ба омодасозии консепсия ташкил карда шуда буд, ки дар фаъолияти кориаш дар намуди анҷуман, конференсия ва мизи мудаввар гузаронида мешуд. Дар натиҷаи корӣ дар конференсия ва анҷуманҳо зиёда аз 1000 иштирокчи аз қаламравҳои гуногуни вилояти Иркутск дар ташкили консепсия иштирок намуданд, ки ба барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар солҳои 2006-2010 ворид гардид.
Аксияи «Қаламрави эҷодиёт». Ин аксия ба маълумотнокии мушаххаси мунитсипиалии аҳолии вилояти Иркутск равона шудааст. Зарурияти таҳлили ҷомеаи маҳаллӣ ва ташкили рафтани он ба қаламрав, ташкилоти ғайритиҷорат, ки қобилияти кӯмаки касби дар ҳалл ва пайдо намудани муаммоҳоро дорад, гузаронида мешавад. Талаботи бештар ба мастер-класси махсусгардонидашуда барои омӯзгорони мактаб ва талабагон аз рӯи самтҳои гуногуни хоҷагидорӣ, дарсҳо оид ба омӯзонидани малакаҳои иҷтимоии банақшагирӣ, мастер-класс оид ба устодии муйисартарошӣ ва дизайнери либоса ва дигарон. Дар охиринаш овардани китобҳо ба китобхона, либоса барои боғчаҳои кудакона ва дигарон дар назар мебошад. Устоҳои халқии санъаткорони иттиҳодияи ОНИКС на танҳо мастер-классҳо бо муайянкунии талаботи иштирокчиёни дарсомӯзро мегузаронад, балки барои омодагии лоиҳа ва ба самти таъмни либосҳои мактабӣ ва таҷҳизотҳои зарурӣ равона менамояд. Талабагони литсейи касбии 38, на танҳо кудаконро аз боғчаи бачагона нигоҳ медоранд, балки мастер-класс бо оянда хатмкунандагон бо омӯзонидани онҳо оид ба муйисаргирӣ, макияж дар шабҳои хатмкунӣ, нишон додани муди либосҳо ва дигаронро мегузаронанд.
Технологияи «буҷети шаффоф» омодагии ҷиддиро аз тарафи ташкилкунандагон талаб менамояд. Шакли иштироки ҷамъияти дар ҷараёни буҷет чунин аст:
- Ташкили ҷамъиятии маҷлиси буҷетӣ;
- Иштирок дар ҷаласаҳои кушоди депутатӣ;
- Иштироки намояндагон дар шурои мақомоти қудратии машваратӣ (коршиносӣ, «ҷамъиятӣ»), «гурӯҳи корӣ», «ёрдамчиёни ҷамъиятӣ» ва иштироки онҳо дар дида баромадани муаммобуҷетӣ ва ҷараёни буҷетӣ;
- Таҳлили мустақили буҷктӣ (бо нашриёт) аз рӯи муаммоҳои алоҳидаи буҷетӣ ва ҷараёни буҷетӣ;
- Комплекси доимии мустақили таҳлили буҷетӣ;
- Нашрҳои алоҳида дар ВАО оид ба муаммоҳои буҷетӣ ва ҷараёни буҷетӣ;
- Маърака дар ВАО оид ба муаммоҳои буҷетӣ;
- Пешниҳодҳо ба мақомотҳои қудратии лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба мукаммалнамоии ҷараёни буҷети;
- Мактуб ба депутатҳо ва намояндагони қудратии иҷроия ба муносибати муаммоҳои буҷетӣ ва ҷараёни буҷетӣ;
- Ғункунии имзоҳо оид ба даъваткунӣ ба депутатҳо ва намояндагони иҷроияи қудратӣ аз рӯи муаммоҳои буҷетӣ ва ҷараёни буҷетӣ;
- Даъват ба депутатҳо ва намояндагони иҷроияи қудратӣ оид ба муаммоҳои буҷетӣ ва ҷараёни буҷетӣ дар вохӯриҳо, ҷаласаҳо ва ҳангоми қабулкунӣ;
- Даъват ба намояндагони қудратии воломақом;
- Даъват ба мақомотҳои қонунбарори назораткунанда;
- Ташаббускорӣ ва иштирок дар парвандаҳои судӣ;
- Иштироки ташкилотҳои ғаридавлатӣ дар озмунҳо оид ба фармоишҳои ҷамъиятӣ, грантҳои ҷамъиятӣ;
- Иштирои ташкилотҳои ғаридавлатӣ дар амалинамоии фармоиш ва грантҳои иҷтимоӣ;
- Истифодаи маърака дар интихоботи ва раъйпурсӣ барои таъсири ғайримустақим ба буҷет ва чараёни бучҷет;
- Мусоидатрасони ба баландбардории такмили депутатҳо ва намояндагони иҷроияи қудратӣ дар соҳаи буҷет ва чараёни буҷетӣ.
Фонди ҷамъияти маҳаллӣ (ФҶМ) айни замон яке аз шакли зуд инкишофёбандаи сатҳи поёни ба ҳисоб меравад. Соли 1998 аввалин маротиба чунин намуди фонд бунёд гардида буд ва соли 2010 зиёда аз 40 ташкилот технологияи фонди ҷамъияти маҳаллиро истифода менамояд. 24 фонд айни замон ба таркиби ҷамъиятӣ касбӣ – Фонди шарикии чамъияти маҳаллӣ шомиланд, ки бо мақсади баланд бардоштани модел дар сатҳи миллӣ равона гардидааст. Ҳангоми аввалин маротиба ташкилёбии ФҶМ дар аввали асрҳои ХХ имрӯзҳо дар зиёда аз сад мамлакат амал менамояд. Фонди ҷамъиятҳои маҳаллӣ ҳамчун шакли иштироки шаҳрвандӣ бояд яке аз объектҳои стратегии рушди қаламрав дар Русия, ба хусус дар шаҳрҳо бошад.
Вилояти Иркутск – аввалин минтақаи Русия мебошад, ки дар қаламрави он шаш ФҶМ ба қайд гирифта шудааст. Фондҳои иркутскигӣ дар шаҳрҳо на он қадар калонҳаҷм бунёд гардидааст, аз ин рӯ, нақши онҳо дар ҷамъиятҳои маҳаллӣ на он қадар бузург аст. Далелан онҳо институтҳои воқеии маҳаллҳои худидоракунанда гардидаанд.
Вазифаҳои асоси барои иттиҳодгардонии ФҶМ ба алянс инҳо мебошанд:
- ташкили ҳамбастагии манфиатбахши тарафҳои ФҶМ дар қаламрави вилояти Иркутск амалкунанда, мубодилаи таҷриба ва амалияи фонди ҷамъиятҳои маҳаллӣ, ҷамъкунии натиҷаҳои соҳаи кории ФҶМ;
- бунёди фазои ягонаи ахборотии ФҶМ вилояти Иркутск;
- мусоидати пешбарии модели ФҶМ дар қаламрави вилоят, кӯмак ба бунёди ФҶМ-ҳои нав, ҷорикунии институтҳои нави модели ҳамбастагии ФҶМ бо ҷамъиятҳои маҳаллӣ;
- пешниҳод ва ҳимояи манфиатҳои умумии ФҶМ дар сатҳи минтақавӣ, мусоидат расонидан ба бунёди шарту шароитҳои муфид барои фаъолияти ФҶм дар қаламрави вилояти Иркутск (иштирок дар ташкили барнома ва лоиҳаҳои самти рушди ФҶМ). Намояндагони иттиҳодияҳои фаъолона дар ин самт кор мебаранд. Мисол, дар доираи анҷумани шаҳрвандии Байкал тавсияҳо оид ба ҳамроҳсозии ФҶ ба низоми маҳалли худидоракунанда ҳамчун механизми иштироки шаҳрвандон дар бартарафкунии муаммоҳои ҷамъиятӣ коркард карда шудааст.
Бунёди иттиҳодия тақрибан ин шакли иттиҳодия ва ҷалби захираҳо барои рушд ва мустаҳкамнамоии модели фонди ҷамъияти маҳаллӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки ин бахусус бо назардошти масофа ва гуногуниҳо дар шарту шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии қаламраве, ки онҷо ФҶМ кор мекунанд ҷудо гардида, актуалӣ мебошад.
Нигоришоти лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта бунёд гардидаанд ва барои ҳалли муаммоҳои мӯҳим ва рушди муаммоҳои сектори ташкилотҳои ғайридавлатӣ ташкил гардидаанд:
- таъмини ахборотии аҳолӣ ва мақомотҳои қудрати дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ;
- шиносоии сектори ташкилотҳои ғайридавлатӣ бо кори ташкилот;
- ҷалбкунии сохторҳои тиҷоратӣ ба маблағгузории лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоӣ;
- пайдокунии чорабиниҳо, ки метавон ҳангоми иттиҳодия ва захираҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ гузаронид.
Ҳамчун технологияи рушди сектори ташкилотҳои ғайридавлатӣ, он бештар дар минтақаҳои Русия истифода мегардад, аз ҷумла дар ҳавзаи Федеративии Сибир ва вилояти Иркутск.