4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Иштироки шаҳрвандон дар коркард ва амалисозии буҷет дар сатҳи маҳаллӣ дар Қирғизистон
Дар сатҳи маҳаллӣ, дар шароити ғайримутамарказонишавӣ, нақши шаҳрванд дар ҷараёни буҷетӣ баланд мегардад. Тасдиқи ин гуфтаҳо дар пештар гузаронидани қурултой дар ҳамаи мақомотҳои маҳаллии худидоракунанда (ММХ) мебошад, ки роҳбарон дар бораи фаъолияти кории кардаи худ дар ду соли аз рӯзи интихоб гардидаашон дар ММХ муддати ду солаи худ хабар доданд.
Ҷалби шаҳрвандон дар ҷараёни буҷет дар сатҳи маҳаллӣ инчунин тавассути амалигардии лоиҳаҳои гуногуни ташкилотҳо дар қаламрав баланд мегардад. Бо дастгирии Фонди «Сорос – Қирғизистон» лоиҳаи «Рушди ҷомеаи маҳалли» амали шуда истодааст, ки дар доираи он шаҳрвандон дар коркарди нақшаи Стратегии рушди қаламрав иштирок менамоянд. Лоиҳаи чунин нақшаҳо барои муҳокимаи вохӯриҳо, иҷлосияи канеши ва буҷети ҷамъияти маҳаллиро ба ҳисоб мегирад. Нақшаҳои стратегӣ доираи махсусро доро мебошанд, ки сиёсати молиявии ҷамъияти маҳаллиро пеш мебаранд.
Кумитаҳои чамъиятӣ аз рӯи мониторгини буҷети шаҳрӣ дар шаҳрҳои Нарин, Чуй-Токмок, Узген сохта шудааст. Дар натиҷа шаҳрвандон имконияти иштирок кардан дар маҷлисҳои буҷети маҳаллиро доранд.
Солҳои охир ҷумҳурӣ кӯшиш шаффофияти самти баландбардории буҷет ва ҷалби аҳолӣ ба ҷараёни буҷетиро ба роҳ монда истодааст. Ҳар кадом шаҳрванд имконияти дидани буҷети шаҳри худ, мактаб ва дигар сохторҳоро аз рӯи гурӯҳбандии вазифави ва иқтисоди дар сомонаи www.budget.okmot.kg/ru/ дорад. Қуллай будани сомона аслан дар он аст, ки матнро метавон дар намуди диаграмма баҳо дод, ки ин усули хуб дар сатҳи зарури қабул намудани маълумотҳоро дорад. Бо назардошти сатҳи пасти маълумотнокии молиявии аҳоли, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дастурамал ва васоити таълимӣ барои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ нашр менамоянд. Мисол, Иттиҳодияи ташкилоти ҷамъиятӣ «Барои шаффофияти буҷет» васоити таълимиро бо номи «Равшанкунии мавзӯҳои буҷетӣ дар ВАО» ба нашр расонид, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон тавсия гардидааст. Идораҳои молияви бар он ақидаанд, ки ин меъёрҳо дар беҳтарсозии конструктивии муҳокимаҳои буҷетӣ кӯмак мерасонанд. Дигар мисоли муваффақ метавонад фаъолияти Фонди ҷамъиятии энергетикии «Юнисон» баромад намояд, ки ба пешбарии рушди устувор ва шаффофияти сектори энергетикӣ банд мебошад, инчунин мониторинги буҷети корхонаи сектори мазку рва тарифҳо. Бо дастгирии Фонди ҷамъиятӣ дар соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи устувории энергетикӣ» қабул гардида буд.
Инчунин ҳамаи маҳсулот ва хизматрасониҳои харидории давлатӣ дар намуди формати электронӣ дар сомонаи http://www.zakupki.okmot.kg/etender/ main.action оварда шудааст, ки ҳар кадоме метавонад муайян намояд, ки кадоме аз сохторҳои давлатӣ нақшаи харидани кадом намуди молу хизматрасониро дорад ё аллакай харидори намудааст. Дар сомона натиҷаи тендерҳои гузаронидашуда ва рӯйхати молтаҳвилгарони ноустувор овардашудааст.
Дар портали қартаи иқтисодии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон http://www.map.okmot.kg/ru/ метавон аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии шаҳр, ноҳия ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ шинос шуд. Дар умум, портали захираи ахборотии давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон (http://www.okmot.kg/) хело қуллай барои истифодабарӣ ва гирифтани ахборот ба ҳисобмеравад.