4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Таҷрибаи Қирғизистон
Механизми институтсионалии машваратӣ дар ҷараёни коркарди сиёсӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ
Аз соли 2000 таҷрибаи гузаронидани «мизи мудаввар»-и ҷумҳуриявӣ бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ мавҷуд аст.
Таҷрибаи гузаронидани чунин чорабиниҳо аз тарафи ҷамъиятҳои гуногун дастгири ёфтааст, ки баъди ин чорабиниҳо мизҳои мудаввар оид ба муаммоҳои гуногун гузаронида мешавад. Соли 2002 се марказ ташкил гардид, ки чорабиниҳои мақсадноки худро дар самти мувофиқакунонии мавқеи созишҳои манфиатҳои тарафҳои гуногун муносиб ба ислоҳотҳои Конститутсионӣ барпо гардида буд:
1. Мизи мудаввра, ҷаласа оид ба ташаббуси Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон;
2. Қурултой, ки аз тарафи қувваҳои мухолифин бунёд гардидааст;
3. Анҷумани пешвоёни шаҳрвандӣ.
Ин ҷудокунӣ бо меъёрҳои пуррагӣ ҳолати қувваҳои сиёсиро дар мамлакат инъикос менамояд ва ақидаи мувофиқакардашудаи манфиати қувваҳои гуногуни гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҷамъиятиро тасдиқ менамояд.
Соли 2001 бо ташаббуси сектори ҷамъияти ҳангоми маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон шурои ҷамъияти оид ба ҳамбастагии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва қувваҳои қудратии иҷроия барои рияо намудани манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташкил гардида буд. Фаъолияти он пеш аз ҳама ба самти ҳамохангсозии амалҳои муштараки Ҷумҳурии Қирғизистон ва иттиҳодияи ҷамъияти оид ба рушди ҷомеаи шаҳрванди равона гардидааст.
Соли 2001 шурои ҷамъияти оид ба худидоракунии маҳаллӣ назди Оҷонсии оид ба рушди худидоракунии маҳаллии шаҳрии Бишкек ташкил гардида буд. Ба таркиби он депутатҳои шаҳрии кенеша, роҳбарони кумитаҳои маҳаллҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ шомил мебошанд. Дар сохтори Оҷонсии мазкур як қатор чорабиниҳо бо мақсади ҷӯстуҷӯи шаклҳои оптималӣ ва усулҳои иштироки шаҳрвандон дар идоракунии шаҳрӣ гузаронида шудааст.
Чунин шаклҳои ҳамкорӣ ба мисли ишитироки намояндагони ҷамъияти шаҳрванди дар кори коллегияи вазирон, ба хусус, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон пайдо гардид. Муқаррароти бештари вазоратҳо ва дигар мақомотҳои иҷроияи қудратӣ инчунин бунёди чунин гурӯҳҳои корӣ, шурои ҷамъияти бо иштироки ҷомеаи олимон, таҳлилгарон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, истифодаи имкониятҳои ахборотии шабакаи интернет барои ҳисоби фаъолияти худи ба назар мегиранд.
Барои бештар самаранок ба ҳисоб гирифтани ақидаи ҷомеаи шаҳрвандии намояндагони сектори сеюм инчунин ҳамроҳсозии шурои ҷамъиятии миллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ахборотикунонӣ, ислоҳоти тандурустӣ, рушди илм ва маориф, кор бо инвалидон, мукофотонидани ҷоизаҳои давталӣ, инчунин шурои байниҳукуматии назди ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон якҷоя карда шуда, Шурои миллӣ оид ба оила, занҳо ва рушди гендерӣ бо ҷалби доираи васеъи ҷамъиятӣ Стратегияи гендерии миллӣ Ҷумҳурии Қирғизистон муштарак бо иштироки ташкилотҳои ғаридавлатии занона бунёд гардид.
Дар сатҳи маҳаллӣ шавқро инчунин таҷрибаи ташкилоти ғайридавлатии «Умут-Баликчӣ» ба худ мекашад, ки дар муддати 12 сол модели самаранокии ҳамбастагии сектор ҳангоми қабули карорҳои дар сатҳи шаҳрӣ нишон додааст. Қабулҳои ҷамъиятӣ, к ибо ташаббусҳои ин ташкилоти ғайридавлатӣ гузаронида мешавад, имконият доданд, ки самаранокии кории шаҳрро бо ахолӣ баланд бардоштанд ва ҷиддан ба кам намудани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар шаҳр мусоидат расониданд. Коллегияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ин таҷрибаро ба тамоми ҷумҳури барои паҳнгарди тавсия намуд.
Мисоли дигари самаранокии ҳамкорӣ ин гурӯҳи кории лоиҳаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки аллакай барвақт намояндагони манфиатбахши гурӯҳҳои гуногун ҳамроҳ гардидаанд. Чунин гурӯҳҳо дар тамоми сатҳи ин сохторамал менамояд ва имконият медиҳад, ки нисбатан самаранок истифодаи он захираҳое, ки зери вазорат қарор дорад, бурда шавад.
Қадами ҷиддӣ дар баланд бардории нақши қабули қарори ҷамъияти дар сатҳи маҳаллӣ ин талаботи Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи худидоракунандаи маҳаллӣ ва маъмурияти давлатии маъмурӣ» дар бораи ҳисоботҳои ҳатмии ҳамаи мақомотҳои худидоракунандаи маҳаллӣ назди ҷомеа баъд аз ду соли интихоб гардидан, гардид. Таҷрибаи аввали чунин ҳисоботҳо нишон дод, ки ҷомеа ба таври ҷиддӣ самаранокии фаъолияти кории мақомотҳои худидоракунандаи маҳаллиро пайгирӣ менамояд ва қобилияти зуд таъсиркунандаро ба ҳолати дар қаламрав доро мебошад.
Яке аз шакли дигари чунин иштирок, шояд ин институти санҷиши шаҳрвандӣ мебошад, ки бунёди он фаъолона дар сектори сеюм ва баъзе аз мақомотҳои худидоракунанда муҳокима мегардад. Муайянкунии мавқе ва муносибат ба ин ё он масъала дар сатҳи маҳаллӣ метавонад ӯҳдадориҳои шаҳрвандиро баланд бардорад ва ба иҷрои қарорҳои қабулнамуда мусоидат расонад.