4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Таҷрибаи шаҳри Уст-Каменогорск, вилояти Шарқӣ-Қазоқистон.
Соли 2009 Уст-Каменогорск амалинамудани лоихаро аз рӯи рушди низоми шурои худидоракунанда дар шаҳр шурӯъ намуд. Ташаббускори амаликунандаи лоиҳа Фонди ҷамъиятии «Маркази рушди маҳаллии худидоракунанда» баромад намуд. Ташаббусро котибҳои маслиҳат ва ҳокими шаҳри Уст-Каменогорс дастгирӣ намуд. Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин рушди қаламрави ҷамъияти худидоракунанда дар шакли шурои худидоракунанда ба ҳисоб мерафт.
Қаламрави ҷамъияти худидоракунандаи шаҳри Уст-Каменагорс чунин вазифаҳоро иҷро менамуд:
- таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни қабули қарор;
- амалинамоии назорати ҷамъиятӣ;
- санҷиши ҷамъиятии барномаҳои давлатӣ;
- таъмини коммуникатсия миёни шаҳрвандон ва ҳукумати қудратӣ;
- иштироки бевосита дар бавуҷудоварӣ ва ҳалли муаммоҳои қаламравӣ;
- камкунии сарбории иҷроиши мақомотҳои қудратӣ. Ҳалли бештари муаммоҳо ноҳияҳои хӯрд нисбатан конструктивӣ пайдо мегарданд, чунки шикоятҳо ба таври алоҳида пешниҳод намегарданд – аввал муамморо дар шурои худидоракунанда меомӯзанд ва баъдан вариантҳои ҳалли онро пешниҳод менамоянд;
- камкунии муаммоҳои иҷтимоӣ дар ноҳияҳои хӯрди алоҳида;
- сифати ахборотдиҳи ба аҳолӣ дар бораи иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагони мақомоти қудратӣ беҳтар мегардад, ки ин раванд обрӯй ва боварии онро аз тарафи аҳоли баланд мебардорад;
- шаҳрвандон нисбатан фаъолтар дар ҳалли муаммоҳои ноҳияҳои хӯрд ҷалб мегарданд;
- мақомотҳои ҷамъиятии худидоракунандаи қаламрав метавонанд фаъолона назорати ҷамъиятиро ҳангоми амалинамоии барномаҳои нукуаҳволии қаламрав амалӣ намоянд;
- мақомотҳои қудрати ахборотҳои бештарро дар бораи муаммоҳои мавҷудбуда дастрас менамоянд.