4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Ҷаласаҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ
Ҷаласаҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ метавонанд аз тарафи ҳокимҳои шаҳрҳо, ноҳияҳои аҳамияти шаҳридошта, деҳотҳо, шаҳракҳо ва ҳавзаҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ ҷамъ карда шавад ё бо ташаббуси на кам аз даҳ фоизи миқдори намояндагони ҷаласаи вохӯриҳои ҷамомадҳои маҳаллӣ. Ташаббускорони гузаронандаи маҳаллҳои ҷамъиятӣ бояд бо ариза барои гузаронидани ҷаласаи ҷамъиятҳои маҳҳалӣ ба ҳокимҳои ноҳияҳои мувофиқ (ноҳияҳои аҳамияти вилоятидошта) муроҷиат намоянд. Гузаронидани ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ ҳангоми гирифтани қарори натиҷаи мусбии ҳокими ноҳияи мувофиқ (ноҳияҳои аҳамияти вилоятидошта) иҷозат дода мешавад.
Ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ он вақт гузаронида ҳисобида мешавад, агар дар он на кам аз нисфи намояндагони вохӯриҳои ҷамъиятҳои маҳҳалӣ иштирок намояд. Вохӯриҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ ё чаласаҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ аз тарафи ҳокимҳои шаҳрҳои ахамияти ноҳиявидошта, дехаҳо, шаҳракҳо ва ҳавзаҳои ҷамъиятии ӯҳдадор кушода мешавад.
Барои бурдани вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё чаласаи чамъияти маҳаллӣ ба тариқи кушод ва овоздиқи раис ва котиби вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ интихоб мегардад. Рӯзномаи масъала дар ҷараёни вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ тасдиқ мегардад. Дар вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ протокол бурда мешавад, ки аз тарафи раис ва котиби вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ имзо карда мешавад ва ба ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад.
Қарори вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ қабулгардида ҳисобида мешавад, агар ба он зиёда аз нисфи иштирокдорони вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ овоз дода бошанд. Ҳокимони мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад, ки норозигии худро ба қарори қабулнамудаи вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ иброз намояд, ки тавассути такроран муҳокимаронии масъала чунин нобовариро ба миён овардааст.
Дар сурати ғайриимкон доштани бартараф накардани масъала, ки нобовариро аз тарафи ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ иброз шудааст, ҳалли масъалаи мазкур метавонад аз тарафи ҳокимҳои воломақом баъд аз муҳокимаронии такрорӣ дар ҷаласаи маслиҳати ноҳияи мувофиқ бартараф карда шавад. Қабули қарор дар вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ ба дида баромадани ҳатмии ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ вогузор шудааст.
Мақомотҳои маҳаллии идоракунандаи давлатӣ ва худидоракунанда, шахсони масъул дар доираи салоҳияташон таъмини иҷроиши қарорҳоро, ки дар ҷараёни вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ қабул гардидаанд аз тарафи ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ эътироф мегарданд. Қарорҳое, ки дар ҷараёни вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ қабул мешавад тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар усулҳо паҳн гардонида мешавад. Дар ҳолати зарури аз рӯи натиҷаи вохӯрии ҷамъияти маҳаллӣ ё ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ ҳокимҳо мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ қарорҳои мувофиқ қабул менамоянд.
Яке аз механизми умумии иштирок дар сатҳи маҳаллӣ ин гузаронидани вохӯриҳои ҷамъияти бо ҷомеа мебошад. Дар моддаи 133 Қонуни ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи худидоракунии маҳаллӣ муайян шудааст, ки комиссияҳои доимии маслихат бо ташаббуси худии ё аз рӯи қарори маслиҳатҳо метавонанд дар вохӯриҳои ҷамъиятӣ бо ҷомеа гузаронида мешавад. Вохӯриҳои ҷамъияти бо ҷомеа бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои мӯҳим ва масъалаи мӯҳими ҷамъият, ки ба фаъолияти кории доимии комиссия бо иштироки депутатҳо, намояндагони мақомотҳои иҷроия, мақомотҳои маҳаллҳои худидоракунанда, ташкилотҳо, васитаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон ба роҳ мондааст, гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани вохӯриҳои ҷамъияти бо ҷомеа дар комиссияҳои домӣ аз рӯи вақти муайянкунандаи маслиҳат гузаронида мешавад.
Дигар олоти ҳамбастагии алакунандаи ҷамъият бо мақомотҳои давлатӣ дар бештари мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ ин гузаронидани мониторинги ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз тарафи коршиносони мустақим ва баҳодиҳии онҳо ба фаъолияти самаранокии мақомотҳои давлатӣ ва барномаҳо мебошад. Мониторинг ва баҳодиҳӣ ҳамчун олот бо мақсади муайян қабули қарор ва муайянкунии ноилшави ба мақсаду вазифаҳои гузошташуда хизмат мерасонад. Нуқтаи 4, моддаи 39-3-и Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи худидоракунии маҳаллӣ тартиби гузарнидани мониторинг бо мақсади ҷамъкунӣ, банизомдаороӣ, таҳлил ва гирдкунии ахборот дар бораи истифодабарии воситаҳои буҷетӣ, қарори масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва сарчашмаи даромади маҳаллҳои худидоракунандаро муайян менамояд.
Мониторинг як маротиба дар ним сол аз тарафи аъзоёни комиссияи ҷамъияти маҳаллӣ тавассути натиҷаҳои истифодабарии воситаҳои буҷетии ба нақшагирифташуда ва ба созишомада, ки барои қарори масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва сарчашмаи даромади маҳаллҳои худидоракунанда гузаронида мешавад. Дар ҳолати зарури аз рӯи қарори ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ метавонад мониторинги ғайринавбатӣ гузаронида шавад. Комиссияи ҷамъияти маҳаллӣ ҳуқуқ дорад, ки мутахассисонро барои мониторинги воситаҳои бучетии истифодашуда, қарори масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва сарчашмаи даромади маҳаллҳои худидоракунанда даъват намояд.
Дастурамали методологӣ ва методӣ аз рӯи гузаронидани мониторинг таъмини марказии ӯҳдадориҳои ӯҳдадориҳои мақомот оид ба иҷроиши буҷет, ба хусус, Фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 26-уми августи соли 2013, № 405 «Дар бораи тасдиқи методикаи гузаронидани мониторинг барои истифодабарии воситаҳои буҷетӣ, қарори масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва сарчашмаи даромади маҳаллҳои худидоракунанда» пешбини шудааст. Дар мувофиқа бо ин Фармоиш, ҳисобот дар бораи натиҷаи мониторинг, ки аз тарафи аъзоёни комиссияи ҷамъияти маҳаллӣ ба имзо расидааст, барои муҳокимарони ба ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ то таърихи 20-уми моҳ дар ҳисоботи даври пешниҳод мегардад. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаронии ҳисобот дар бораи натиҷаи мониторинги ҷаласаи чамъияти маҳаллӣ тавсифҳо оид ба самаранокии истифодабарии воситаҳои буҷетӣ қарори масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва сарчашмаи даромади маҳаллҳои худидоракунанда гузаронида қабул карда мешавад ва дар протоколи махсус расман қайд карда мешавад.
Протокл аз тарафи раис ва котиби ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ ба имзо расонида мешавад ва ба ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ супорида мешавад. Тавсифҳо оид ба самаранок истифодабарии воситаҳои буҷетӣ, қарори масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва сарчашмаи даромади маҳаллҳои худидоракунанда аз тарафи ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ дида баромада мешавад ва дар рӯзномаи ҷаласаи ҷамъияти маҳаллии минбаъда бо асосноккунии хулосабарори то таърихи 25-уми моҳ барои ҳисоботи давраи муайян пешниҳод карда мешавад.
Натиҷаи ниҳои аз рӯи хулосабарории дидабаромадашудаи пешниҳодшуда ҳокими мувофиқи шаҳри аҳамияти ноҳиявидошта, деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ ва тавсифҳои ин ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ хангоми ташкил ва аниқкунии андозаи мувофиқи воситаҳои буҷетӣ ва нақшагирии сметаи хароҷоти он ба назар гирифта мешавад.
Дар мувофиқа бо моддаи 39-3 Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи худидоракунии маҳаллӣ, дар қаламравӣ шаҳрҳои аҳамияти ноҳиявидошта деҳа, шаҳрак ва ҳавзаи ҷамъиятӣ барои қарори масъалаи аҳамияти маҳаллидошта вохӯриҳои ҷамъияти бо ҷомеа ва ҷаласаи ҷамъияти маҳаллӣ гузаронида мешавад.