4.4 Таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ
Таҷрибаи Қазоқистон
Имрӯзҳо дар таҷрибаи Қазоқистон аз панҷ сатҳ, ду сатҳи аввали иштироки ҷамъиятӣ – ахборотдиҳӣ ва машвараткунонӣ бо ҷамъият паҳнгардида мебошад. Ҳамзамон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин ду сатҳи иштирок ҳамчун минималӣ ва расмӣ эътироф гардидаанд, чунки ба тағйирёбии қабули қарорҳои пештара оварда намерасонанд ва таҷрибаю ақидаҳои ҷамъиятро ба ҳисоб намегиранд.
Боқимонда се намуди иштирок – ҷалбкунӣ, ҳамкорӣ ва намояндагӣ, ҳамчун иштироки воқеи эътироф гардидаанд, чунки ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба лоиҳаи қабулгардида бо назардошти хоҳишу дархостҳои пешниҳодгардида аз тарафи ҷамъият ё шахси қабулкунандаи қарор эътироф менамояд. Ҷамъият ё шахс нисбати ин амалҳо чораҳои муайян қабул менамоянд ва манфиатдории пурраи худро дар ғункунӣ ва ҳисоби ақидаҳои ҷамъият нишон медиҳанд.
Ислоҳоти гузаронидаи маҳаллҳои худидоракунӣ доираи иштироки қонунииҷамъиятро дар қабули қарорҳо васеъ намудаанд. Ҳангоми муайянкунии нақш ва имкониятҳои иштироки ҷамъиятӣ дар маҳаллҳои худидоракунӣ асос ин Қисми 3-1 дар бораи иштироки шаҳрвандон дар маҳаллҳои худидоракунандаи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи маҳаллҳои худидоракунанда», ки дар он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни ҷамъияти маҳаллӣ, ҷаласаҳои ҷамъияти маҳаллӣ, ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии мақомотҳои маҳаллии худидоракунанда муайян карда мешавад.
Олотҳои ҷалби шаҳрвандон бо мақсади қабули қарорҳое, ки дар сатҳи маҳаллӣ дар Қазоқистон истифода мегарданд.
Усулҳои дар поён пешниҳодгардида ба усулҳои ҳатмӣ дохил мегардад ва механизми онҳо бо қонунҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ба танзим дароварда мешавад:
1. Вохӯриҳои аъзоёни ҷамъияти маҳаллӣ;
2. Ҷамъомадҳои аъзоёни ҷамъияти маҳаллӣ;
3. Гузаронидани ҷаласаҳои ҷамъиятӣ;
4. Овоздиҳӣ;
5. Ҷаласаҳои аъзоёни комиссия оид ба истифодабарии воситаҳои пулиимаҳаллҳои худидоракунунда.
Гузаронидани воҳуриҳои маҳаллҳои худидоракунанда бо истиқоматкунандагони деҳаю шаҳракҳо, кучаҳо, хонаҳои бисёрошиёна дар назар дошта мешавад. Дар вохӯриҳои алоҳидаи маҳаллҳои худидоракунанда бо истиқоматкунандагони деҳаю шаҳракҳо, кучаҳо ва хонаҳои бисёрошиёна намояндагон барои иштирок дар маҳаллҳои худидоракунанда интихоб мегарданд.
Тартиби гузаронидани маҷлисҳои алоҳидаи маҳаллҳои худидоракунанда ва муайянкунии миқдори намояндагони деҳаю шаҳракҳо, кучаҳо ва хонаҳои бисёрошиёна барои иштирок дар маҷлисҳои маҳаллии худидоракунанда аз тарафи ҳокимҳо1 барои шаҳрҳои аҳамияти ноҳиявидошта, ҷамоатҳо, шаҳракҳо, ва ҳавзаҳои ҷамъиятӣ аз тарафи маслиҳатҳо2 тасдиқ карда мешаванд.
Тартиби намунавии гузаронидани вохӯриҳои алоҳидаи маҳаллҳои ҷамъиятӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон тасдиқ мегардад, ба хусус, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз 18 октябри соли 2013, № 1106 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани вохӯриҳои алоҳидаи маҳаллҳои ҷамъиятӣ».
Миқдори намояндагони деҳаю шаҳракҳо, кучаҳо, хонаҳои бисёрошиёна барои иштирок дар вохӯриҳои маҳаллии худидоракунанда дар асоси баробарии намояндагони деҳаю шаҳракҳо, кучаҳо ва хонаҳои бисёрошиёна муаян карда мешавад.
1 Сардорони шаҳрҳо ва вилоятҳои маъмурӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
2 Намояндаи маҳаллии мақомот дар ҷумҳурии Қазоқистон; мақомоти интихобгардида, ки аз тарафи аҳолии вилоят ё ноҳия интихоб мегарданд ва мақсади аҳолиро дар мувофиқа бо қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Қазоқистон муаррифӣ менамоянд.