4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ

Шакли демократии идоракунӣ дар назар дорад:

  • хизматрасониҳои заминавии аввалия тибқи афзалиятҳои аҳолӣ;

  • таҳтулҳисоботӣ будан дар назди аҳолӣ доир ба хароҷоти андозӣ ва тарифҳо;

  • таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷоти аҳолӣ;

  • иттилоотонии аҳолӣ оид ба проблемаҳо;

  • ба роҳ мондани фаъолияти кушода ва шаффофи ҳукумат.

Амалисозии тадбирҳои мазкур иштироки шаҳрвандонро дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи давлатӣ таъмин менамояд, ки бевосита бо ҳаёти аҳолӣ алоқаманд мебошанд.

Шаклҳо ва роҳҳои мухталифи ҷалби шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мавҷуд мебошанд.

1) Таъмини дастрасӣ ба иттилоот

    1. Нусхаи буҷет;

    2. Нусхаи қонунҳои нав;

2) Мубодилаи иттилоот

    • Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;

    • Вохӯрӣ бо ҷомеа;

3) Ҳамкории муштарак бо ҳукумат

    • Кумитаҳои машваратии шаҳрвандон;

    • Вохӯрии коршиносон.

Барои ташкил ва баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама зарур аст:

Дақиқ муайян намудан зарур аст, ки аз баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ чӣ мехоҳед!


    • ба аҳолӣ оид ба нақшаҳои буҷетӣ иттилоот диҳед;

    • сабаби ҷорисозии тарифи навро фаҳмонед;

    • эътирози онҳоро доир ба партовгоҳи нав гӯш кунед;

    • пешниҳодотро доир ба беҳсозии вазъи мактабҳо ҷамъ кунед.

Тавассусти почта ё дигар роҳҳо оид ба баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ имаълумот додан лозим аст. Ба аҳолӣ баҳри шиносоӣ бо иттилоот оид ба вохӯрӣ вақт ҷудо намудан лозим аст. Маълумотро якчанд рӯз қабл аз оғози вохӯрӣ ирсол намудан лозим аст. Мактуби иттилоотӣ бояд маълумоти асосии зеринро дар бар гирад:

  1. Мавзӯи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ

  2. Мақсади гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ

      • Пешниҳод намудани иттилоот;

      • Гӯш намудани фикру андеша;

      • Иттилоот оид ба тағйирдиҳии тарифҳо ва ғайраҳо.

Ҳангоми гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фазои дӯстонаро баҳри баландбардории самаранокии чорабинии мазкур фароҳам намудан лозим аст. Дар муҳокимаҳо фазои дӯстонаи мулоҳизарониро дар он ҳолате фароҳам намудан имконпазир аст, ки агар роҳбарикунанда ва тамоми шахсони вазифавии иштирокдошта худро ҳамчун меҳмондӯст нишон медиҳанд ва бо хушнудӣ аҳолиро пешвоз гиранд. Албатта, фароҳамсозии чунин фазо, қабл аз ҳама, аз қобилияти ташкилотчии чорабиниҳо вобастагӣ дорад. Нақши ташкилотчии муҳокимаҳо/машваратҳо дар таъмини фазои орому дӯстона аҳамият ва нақши ҳалкунанда дорад.