4.2 Иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ – вохӯрии ҷамъиятӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ барои мубодилаи иттилоот ва/ ё ба даст овардани шарҳи шаҳрвандон доир ба фаъолияти ҷорӣ ва ояндаи ҳукумат гузаронида мешавад.
Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо ҳадафҳои зерин гузаронида мешаванд :
барои ба даст овардани пешниҳодоти ҷомеа баҳри қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ;
барои ба даст овардани нуқтаи назари ҷомеа дар самти хароҷоти буҷети давлатӣ;
аҳолие, ки бо иттилоот таъмин аст, бештар қарорҳои аз тарафи ҳукумат қабулшавандаро дастгирӣ менамояд;
аҳолӣ ҳалли самараноки ин ва ё он масъалаҳоро пешниҳод карда метавонад;
дастрасӣ ба иттилоот таъмин мегардад;
шаффофияти раванди қабули қарорҳои ҳукуматиро зиёд менамояд;
шаҳрвандон ба фаъолияти ҳукумат ҷалб карда мешаванд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе маълумотҳои ҳукуматӣ бояд халқӣ гардонида шаванд (ба ҳалқ расонида шаванд):
Буҷет;
Нақшаҳои инкишофи шаҳр;
Масоили ҳифзи муҳити зист.
Дар Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти байналмилалии Шарикии буҷетии байналмилалӣ тадқиқоти Шохиси шаффофияти буҷети давлатии Тоҷикистон гузаронида шуд. Пурсишҳо аввалин маротиба соли 2006 (59 мамлакат), баъдан солҳои 2008 (85 мамлакат), 2010 (94 мамлакат), 2012 (100 мамлакат), 2014 (101 мамлакат) гузаронида шуданд. Раванди пурраи таҳқиқот бештар аз 18 моҳро дар бар мегирад. Таҳқиқот дар асоси пурсишнома гузаронида мешавад, ки барои ҳар як мамлакат аз ҷониби коршиносони мустақил доир ба буҷет пур карда мешавад. Коршиносони мазкур бо ҳукуматҳои миллӣ робита надоранд. Баъдан пурсишнома аз ҷониби ду нафар коршиноси мустақили ниҳонӣ баррасӣ мегарданд, ки онҳо низ бо ҳукумат робита надоранд. Ғайр аз ин, Шарикии буҷетии байналмилалӣ ба ҳукумат муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки доир ба натиҷаҳои пурсиш фикру андешаи хешро иброз намоянд ва то тасдиқ намудани натиҷаи таҳқиқот эродҳои пешниҳодшударо баррасӣ менамояд.
Пурсишномаи таҳқиқоти мазкур аз 5 фасл иборат буда, дар соли 2012 аз 125 савол, соли 2014 аз 133 савол ва дар соли 2016 аз 142 савол иборат буд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти соли 2012.
Шохиси шаффофияти буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2012 аз 100 холи имконпазир 17 холро ташкил дод. Дар муқоиса бо мамолики ҳамсоя мавқеи Тоҷикистон нисбатан паст буд.
Дар Тоҷикистон баҳри татбиқи тавсияҳои Шарикии буҷетии байналмилалӣ (июни 2013-феврали 2014) корҳои муайяне ба сомон расинида шуданд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои давлатӣ чунин ҳуҷҷатҳоро таҳия намуданд, ки қаблан дастрас набуданд:
Лоиҳаи пешакии буҷет
Лоиҳаи буҷети ҳокимияти иҷроия
Буҷети шаҳрвандӣ
Натиҷа нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо баҳодиҳиҳои қаблӣ шохиси мазкур 8 зина боло рафтааст, аммо он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон паст аст ва қаноатмандкунанда нест.
Мушкилоти асосӣ дар ин самт:
баъзе ҳуҷҷатҳо доир ба буҷет, яъне раванди иҷроиш ва назорати буҷет то ҳол нашр нагардидаанд ва ба ҷомеа дастрас нестанд;
мавҷуд набудани ҳисоботи солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ, варианти ҳисоботҳои семоҳа ва аудиторӣ барои шаҳрвандон;
санаи интишори баъзе ҳуҷҷатҳои буҷетӣ ба таҷрибаи пешқадам мувофиқ нестанд: ҳисоботи солонаи оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ;
дар сатҳи қонунгузорӣ механизми ҳуқуқии таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ ва ҳавасмандгардонии иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ ба таври комил таҳия карда нашудааст: зарур аст, ки Қонун «Дар бораи шаффофият», Қонун «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ»;
сифати ҳуҷҷатҳои буҷетии нашршуда, ки ба ҷомеа дастрас аст, ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мувофиқат намекунад.
Гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ шаффофиятро дар низоми идоракунии давлатӣ таъмин менамояд ва майдон барои муколама байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ мебошад. Тавассути баргузории муҳокимаҳои шаҳрвандӣ механизмҳои мухталифи шаклҳои демократии идоракуниро фарохам сохтан мумкин аст.