Саволҳои санҷишӣ (боби 6)

1. Генератори ҷараёни дойимӣ чист?
2. Чанд намуди пайвасткунии ГҶД-ро медонед?
3. Моменти гашти холии ГҶД чист?
4. Моменти амалкунанда дар ГҶД чист?
5. Дар генератори ҷараёни дойимӣ кадом намуд талафотҳо мавҷуданд?
6. Генератори ангезиши мустақил чӣ беҳбудӣ ва чӣ камбудиҳо дорад?
7. Ҷадвали борбасти генератор гуфта чиро мефаҳмем?
8. Характеристикаи берунаи генератор чӣ намудро доро аст?
9. Характеристикаи танзими ҳаракати генератор чӣ намудро доро аст7
10. Характеристикаи расиши кӯтоҳ чӣ намудро доро аст ва барои чӣ7
11. Ҷадвали берунаи ГҶД гуфта чиро мефаҳмем?
12. Ҷадвали танзими ҳаракати ГҶД гуфта чиро дар назар дорем?
13. Тарҳи васли генератори ангезиши мувозиро тасвир намоед?
14. Характеристикаи худангезиши ГҶД-ро тасвир куне два онро фаҳмонида диҳед?
15. Характеристикаи берунаи генератори ангезиши мувозӣ чӣ намудро доро аст?
16. Генераторҳои ангезиши ҳаммаслак дар истеҳсолот истифода меёбанд ё ки не?
17. Барои чӣ генераторҳои ангезиши омехта дар истеҳсолот бештар истифода меёбанд?
18. Генераторҳои ҷараёни дойимиро параллел пайваст намудан мумкин аст ё ки не?
19. Шартҳои параллел пайваст намудани ГҶД-ро фаҳмонед?
20. Ноқили баробаркунанда дар мавриди васли параллели генератор чӣ вазифаро иҷро мекунанд?
21. Барои чӣ генераторҳои ҷараёни дойимиро параллел пайваст мекунанд?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:06