Кейсҳо
«Қабули қарор дар низоми худидоракунии маҳаллӣ
(дар мисоли маъмурияти ноҳия)»
Боре аз кӯчаҳои шаҳр гузар намуда, ба ҳолати бади кӯчаҳо ва роҳҳо аҳамият додам. Партовҳои зиёде дар гӯшаи хонаҳо ҷамъ шуда буданд, обҳо аз маҷрои обрав берун шуда, роҳҳои пиёдагардро фаро гирифта буданд. Ҳар як инсони роҳгузар борҳо бо чунин ҳолат дучор мегардад, аммо на ҳар кас ба худ чунин суол мекунад: «Барои чӣ чунин аст?», «Хадамоти коммуналӣ чӣ кор мекунанд?», «Пардохтҳои мо барои партов ва хизматрасониҳои дигари коммуналӣ ба куҷо мераванд?» ва «Самаранокии кори хоҷагиҳои манзилӣ-коммуналӣ чи гуна аст?». Чунин саволҳоро андеша намуда, марди калонсолеро вохурдам ва ӯ бо ман ҳамфикр буд. Вай қадам зада, норозигии хешро ба суроғаи хоҷагии манзилию коммуналии маҳалла иброз мекард. «Ана бубинед, чӣ шуда истодааст, ин чӣ бетартибӣ аст? Ин танҳо барои ман зарур аст, гуфта ба ман суол кард. Суоли ӯ маро дар ташвиш гузошт ва ӯро муфассалтар пурсидам. Дар назди ман як муйсафеде аз хонаҳои наздиктарини маҳалла истода буд. Ӯ бобои Шамсиддин ном дошт. Вай ба ман таърихи худро нақл кард.
Аллакай як моҳ мешавад, ки бобои Шамсиддин ҳар рӯзи душанбе аз хона баромада, ба ХМК маҳаллӣ роҳсипор мегардад. Аллакай аз муроҷиати ӯ ба хадамоти коммуналӣ оид ба ҳалли проблемаҳои канализатсия, ҷӯйборҳо, партовҳо дар таҳхонаҳои хонанаҳо як моҳ сипарӣ мешавад. Аммо, мутаасифона муроҷиатҳои ӯ беҷавоб мемонанд. Ҳар бор танзимгари хадамоти коммуналӣ дархости ӯро қабул намуда, ваъда медиҳад, ки хадамоти навбатдорро равон мекунад. Ҳар бор нафақахӯр бобои Шамсиддин бо умеде, ки навбатдор омада партовҳо ва ҷӯйборҳоро тоза менамояд, ба хона бармегардад. Аз рӯи суханони бобои Шамсиддин бошандагони маҳаллаи мазкур барои ҳалли мушкилоти хонаҳои хеш мароқ зоҳир намекунанд. «Ана, агар мо ҳама бошандагон ҷамъ шавем ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ муроҷиат намоем, бовар дорам, ки худи ҳамон рӯз мушкилоти моро ҳал мекунанд”. Агар шумораи мо зиёд бошад, қувваи бузургем, аммо банда дар танҳои коре карда наметавонам гуфта, бобои Шамсиддин суханони худро ба итмом расонид.
Ба ин проблема мароқ зоҳир намуда, қарор додам, ки худи ҳамон рӯз ба ХМК муроҷиат менамоям ва бо кормандони идора вомехурам. Бобои Шамсиддин бо ҳамроҳ шуда, роҳи наздикро нишон дод.
Дар идора мо раисро дурудароз ҷустуҷӯ намудем. Фикр мекунем, ки бо сабаби банд будан, моро зуд қабул карда натавонест. Пас аз гузаштани вақти зиёде моро оқибат қабул намуд. Раис ба мушкилоти мо гӯш кард ва ҳамон лаҳза ба хадамоти дахлдор баҳри ҳалли қазия супориш дод. Ман дар тааҷҷуб будам, ки масъала хеле тез роҳи ҳалли худро ёфт. Ба саволи банда, ки «Чаро як моҳ боз бобои Шамсиддин бо проблемаҳо ба идора муроҷиат менамояд ва онҳо то ҳол ҳалли худро наёфтаанд?», Раис бо проблемаҳои худ - сатҳи пасти музди кор, норасоии кадрҳо, нархи баланди сӯзишворӣ, ки дар натиҷа мошин моҳҳо дар идора меистад, норасоии таъминоти моддӣ-техникӣ ва ғайраҳо ҷавоб дод. Бо сабаби норасоии кадрҳо идора таҳлили ҳолати маҳалларо гузаронида наметавонад ва бинобар ин, раис ҳолати ҷории хоҷагии манзилию коммуналиро намедонад. Аз суханони раис бармеомад, ки дар ин масъала худи бошандагони маҳалла низ бояд фаъол бошанд. Дар интиҳои суҳбати хеш ман дар мизи кории раис компютерро дидам. Раис эътироф намуд, ки онро самаранок истифода карда наметавонад.