Корҳои амалӣ доир ба мавзуъ
Ҳолати идоракунӣ №1.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои харидории автобусҳо баҳри эҳтиёҷоти шаҳр озмун гузаронид. Қабули қарор оид ба харидории шумораи зиёди абтобусҳое, ки барои мусофирон мувофиқ ва сифати баланд дошта бошанд, зарур буд. Дар баробари ин, нархи хариди автобусҳо бояд ҳадди ақал бошад. Табиатан чунин қарори муҳими идоракунӣ бояд ба таври коллегиалӣ қабул карда шавад ва бо ин мақсад озмун гузаронида шуд.
Баргузории озмун ба муассисае вогузор гардида буд, ки дар гузаронидани озмунҳо таҷриба дошт. Аммо доир ба нақлиёти шаҳрӣ таҷриба надошт.
Дар комиссияи озмуние, ки барои қабули қарор оид ба хариди автобусҳо таъсис дода шуда буд, шумораи мансабдорон назар ба мутахассисоне, ки ба нақлиёти шаҳрӣ бевосита сару кор доранд, зиёд буд.
Проблема: Шумо ба қарори маъмурияти шаҳр оид ба гузаронидани озмун барои хариди шумораи зиёди автобусҳо баҳри эҳтиёҷоти шаҳр чӣ андеша доред? Оё комиссияи озмунӣ дуруст таъсис дода шудааст? Шумо ба ташкилотчиҳои озмун чӣ тавсияҳо пешниҳод менамоед?