Супоришҳои тестӣ

1. Таҳти қарори идоракунӣ ба маънои васеъ фаҳмида мешавад:
    1. ифодаи марказонидашудаи раванди идоракунӣ дар марҳилаи ниҳоии он, ҳамчун иҷроиши фармоне, ки аз низоми идоракунанда ба идорашаванд омадааст;
    2. таҳияи вариантҳои амал, интихоби вариант, қабул (тасдиқ) ва амалисозии он.
    3. қарори идоракунӣ бо фаъолияти инсон алоқаманд аст, ки аз тарафи дигар одамон идора карда мешавад ва дар ин маврид тамоми қобилият, маҳорат, дониш ва малака истифода мегардад;
    4. ҷавобҳои а) ва б)дуруст мебошанд.
2. Кадоме аз ҷавобҳои зер ба шартҳои асосии таъсини сифати баланд ва самаранокии қарори идоракунӣ таалуқ надорад?
    1. дар таҳияи қарорҳои идоракунӣ истифода намудани усулҳои илмии менеҷмент;
    2. татбиқи усулҳои таҳлил функсионалӣ-арзишӣ, пешгӯикунӣ, моделсозӣ ва асосноккунии иқтисодии ҳар як қарор;
    3. асоснокии ҳуқуқии қарори қабулшаванда;
    4. ҷавоби дуруст нест.
3. Таҳти қарори давлатӣ-идоракунӣ фаҳмида мешавад:
    1. интихоби таъсиррасонии бошуурона ба воқеияти иҷтимоӣ, ки аз тарафи субъекти идоракунии давлатӣ дар шакли расмӣ ифода карда шудааст;
    2. навъҳои махсуси қарорҳои идоракунӣ, ки функсияи ҳокимияти давлатиро ташкил менамоянд;
    3. мақомоти қонқнбарор ва иҷроия, ки таъсиррасониҳои мустақим ва ғайримустақимро тибқи салоҳиятҳои хеш амалӣ менамоянд;
    4. ҷавоби дуруст нест.
4. Омилҳое, ки ба қабули қарорҳои алтернативӣ (интихобӣ) таъсир мерасонанд:
    1. омили вақт
    2. омили муваффақият
    3. омили таваррум
    4. ҳамаи ҷавобҳо дуруст мебошанд.
5. Кадоме аз ҷавобҳои зер ҷанбаи иқтисодии қабули қарорҳоро тавсиф менамояд?
    1. мароқи моддии кормандон;
    2. сифати фаъолияти меҳнатӣ;
    3. тақсимоти уҳдадориҳо барои иҷроиши қарори қабулшуда;
    4. сифатҳои касбии роҳбар;
6. Қароре, ки дар сатҳи давлатӣ қабул карда мешавад, бо чӣ тавсиф мегардад?
    1. доираи фарогирӣ
    2. нафароне, ки барои иҷроиши қарор ҷалб гардидаанд;
    3. фарогирии проблемаҳои ҳалшаванда;
    4. ҳамаи ҷавобҳо дуст мебошанд.
7. Мувофиқатро муайян намоед. Қарорҳои давлатиро ба таври зайл тасниф намудан мумкин аст:  (Вобаста ба рақам (мафҳум)-ҳои сутуни тарафи чап ҳарф (ҷавоб)-ҳои мувофиқро аз тарафи рост интихоб намоед)


8. Мувофиқатро муайян намоед. (Вобаста ба рақам (мафҳум)-ҳои сутуни тарафи чап ҳарф (ҷавоб)-ҳои мувофиқро аз тарафи рост интихоб намоед)


9. Марҳилаҳои асосии қабули қарорҳоро дар идоракунии давлатӣ номбар намоед.
10.  Моҳият ва мундариҷаи қабули қарор дар чӣ ифода меёбад?

Last modified: Thursday, 16 November 2017, 4:49 PM